Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 23:04

Далели баргузор нагардидани паради ҳарбӣ чист?

8 май 2013, 17:55

Имсол таҷлили Иди Ғалаба дар пойтахти Тоҷикистон бе паради ҳарбӣ мегузарад. "Озодагон" аз масъулин далели ин иқдомро пурсон шуд.

Валӣ Сайёрабеков, раҳбари шўрои интернатсионалистон

Барои он, ки соли ҷорӣ баргузории паради ҳарбӣ ба нақша гирифта нашудааст. Аммо барои 70 солагӣ омодагиҳо аз ҳоло идома доранд. Азбаски дар соли ҷорӣ 68 солагии Ҷанги ҷаҳонӣ аст, тасмим гирифта шуд, ки паради ҳарбӣ баргузор нагардад. Вале маросими гулгузорӣ дар нақша ҳаст. Онҳо фаромўш нашудаанд ва намешаванд. Ҳамчунин ба иштирокчиёни ин ҷанг 700 сомонӣ, ақибгоҳ ва маъюбон 500 сомонӣ кумак карда шуд. Дар умум дар ҳоли ҳозир дар ҳудуди кишвар 1406 собиқадори ҷанг ба қайд гирифта шуда, давоми соли охир наздик ба ҳазор нафари онҳо реҳлат карданд.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангўи вазорати мудофиа

Аслан сабаби баргузор гардидан ва ё нагардидани паради ҳарбиро мо намедонем. Ин қарор дар ҳукумати шаҳр гирифта мешавад. Агар ба мо дастур медоданд дар мавриди баргузории паради ҳарбӣ, ман метавонистам маълумот бидиҳам, ки чанд нафар дар ин маросим ширкат мекунанд. Вале новобаста аз парад дар майдон маъаркаи гулгузорӣ анҷом ёфта, ҳамчунин ҳазор наваскари дигар савганд ёд хоҳанд кард.

Ҳикматёри Ҳикматзод, рўзноманигор

Гумон мекунам баргузор накардани паради ҳарбӣ. дар бузургшаҳрҳои кишвар пеш аз ҳама посу гиромӣ надоштани хотири падарону бобоёнамон аст, ки чӣ дар майдони набард ва чӣ дар ақибгоҳ муборизаи беамон мебурданд.
Дар ин ҷанги хонумонсӯз бештар азобу уқубат бар сари кӯдакону занони ақибгоҳ афтода буд , ки хирмани гандумро ҷамъоварӣ намуда , ба фронт мефиристонданду худ ба як мушт гандум зор буданд. Бидуни шак қаҳрамонони ин муҳорибаи сангину хунин ҳаминҳо буданду ҳаминҳоянд. Аз ин рӯ ин амалкарди дастандаркорони имрӯзаро қадрношиносии онҳо метавон баҳогузорӣ намуд. Сониян баргузор кардани ин парад бештар дар баланд бардоштани рӯҳияи ватанпарварии ҷавонон мусоидат мекунад, ки мутаассифона имрӯзҳо хеле коҳиш ёфта, танҳо дар сухан дида мешавад! Ватандӯстиву садоқатро ин ҷавонон аз киҳо бояд омӯзанд?


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!