Бахшҳо

«Облава, облава бар падарот лаънат» (ВИДЕО)

Абдулазизи ВОСЕЪ

Ҳар рӯз ҳадди аққал як хабар дар мавриди «облава» мешунавем. Мақомот чун ҳамешагӣ исрор меварзанд, ки «облава» нест. Тасмим гирифтем, чанд далели мавҷудияти «облава»-ро, ки ҳамкасбони мо дар расонаҳои дигар мушоҳида кардаанд ё бевосита шоҳид будаанд, бинависем.

«Облава»-шудаҳо сина сипар мекунанд?

Бадтарин чиз он аст, ки фосилаи миёни мардум ва мақомот торафт васеътар мешавад. Боварӣ ва эътимод, ки бояд аслитарин ҳадаф байни сокинони оддӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ бошад, ба оҳистагӣ аз миён меравад. Аввалиҳо дар шахсияти дувумиҳо пуштибон ва ҳимоятгари ҳуқуқҳояшонро намебинанд. Дувумиҳо дар бештари ҳолат ба аввалиҳо ҳамчун муттаҳам муносибат мекунанд. Агар масъулин сари вақт чораи дурусти корро наандешанд ва ин тарқиш ба ғори бузург табдил шавад, на давлат манфиат мебинад ва на мардум суд.

Мушкили даъват ба артиш ва «облава» яке аз проблемаҳои аслии миёни мақомот ва мардум шудааст. Дар рӯзи равшан дар кӯчаҳо маҷбурӣ боздошт ва ба сафи артиш сафарбар кардани ҷавонон ба ҳеч ваҷҳ наметавонад оқибати хубе дошта бошад. Кї кафолат медиҳад, ки дар сурати таҳдиди ҷанг ин афрод сина сипар мекунанд? Борҳо гуфтаанд, ки ҳукуматро зарур аст, шеваҳои ҷалби ҷавонон ба қувваҳои мусаллаҳро тағйир диҳад ва роҳҳои муфид ба манфиати ду ҷонибро биҷӯяд.

Фикр мекунам, аввалин коре, ки дар ин самт бояд анҷом дод, тағири лаҳни кормандони мақомоти дахлдор бояд бошад. Ба назар мерасад, баъзе аз масъулин оддитарин одоби муоширатро бо мардум намедонанд. Кормандони қаторӣ як ҷиҳати масъала, аммо раҳбарон ба қавле «мегузаронанд».



Вақте комисари комисариати ҳарбӣ таҳдид мекунад, ки «агар писари калонатро кофта наёрӣ, бачаи студентатро аз мактабаш мебарем, дигар як умр ному нишонашро намеёбӣ» чӣ гуна ба ояндаи хизмати ҳарбӣ бояд дилгарм шавем?

Журналисти 42 сола «облава» шуд

Чанде пеш як ҳамкасбамонро, ки дар рӯзномаи «ИмрӯзNews» кор мекунад, облава карданд. Гап сари ин ки, Ҷалолиддини Аҳмад 42 сола аст. Анна ҳамин мардаки 42 соларо аз роҳ доштаву ба зурӣ дохили мусофиркаш карданд, то нақшаи даъватро каме «ҷунбонанд». Ҷалолиддин «облава» шуданашро дар «ИмрӯзNews» чунин қиса кардааст: «29-уми апрели соли 2013 тахминан соати 12:10 ҳамроҳи хабарнигори рӯзномаи «ИмрӯзNews» Фурӯзони Аъзамзод аз корхона баромада, ба сӯи масҷиди марказӣ барои адои фариза рафтем. Дар роҳ мошини «Мерседес»-и рангаш сафед, рақами давлатиаш тахминан 22-43 истоду ду нафар аз он фаромаданд ва пеши роҳи моро гирифтанд. Онҳо дар тан либоси низомӣ надоштанд, аммо нафаре, ки пеши ман ботаъҷил омад, худро лейтенанти калони милиса муаррифӣ намуд. Вай аз дастам дошт ва ба сӯйи «Мерседес» кашонданӣ шуд. Аз дохили мошин чанд нафари дигар фаромаданд ва …ман худро дар дохили мошин дидам. Дар дохили мошин гуфтанд, ки ин «облава» аст ва мо бояд хизмат кунем. Ҳеч шарме надоштанд, ки дар рӯзи равшан, пеши чашми мардум одамрабоӣ ва моро таҳқир мекунанд. Аз ҳама аҷиб ин аст, ки ҳамроҳи ман-Фурӯзони Аъзамзодро фароварданд, гуфтанд, ки ӯ намешавад. Ин айнан ҳамон хабарнигорест, ки қаблан ҳам ду маротиба «облава» шуда, ҳарду маротиба ҳам аз «облава» шуданаш дар рӯзнома навишта буд».

Ба навиштаи Ҷалолиддин ҳарфҳояш дар мавриди ғайриқонунӣ будани облава ба ҳеч яке аз ҳафт милисаи дохили мошин таъсир намекард: «Чун аз ҳуқуқи шаҳрвандиам сухан мегуфтам, таҳқир мешунидам (аз корманди ҳифзи ҳуқуқ, аз нафаре, ки бояд номус, мол, шаъну шарафи моро бояд ҳимоят кунад). Гуфтам, маро ба пеши роҳбаратон баред. Боз ҳам тамасхуру таҳқир шунидам».
Хулоса баъди раду бадалҳои зиёд ва баъди аз назар гузарондани телефони ҳамроҳ Ҷалолиддинро раҳо мекунанд.

Падари ду фарзанд ҳам аз «облава» халосӣ надорад

Ҳолати дигарро чанд рӯз қабл Гули Зард, рӯзноманигори шинохта навишт. “Субҳи душанбеи 28-уми апрел писарам Ҷорӣ ба ман занг задаву гуфт, ки очаҷон, маро облава дошта ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мебарад. Ба онҳо мефаҳмонам, ки ду фарзанд дорам, аммо бовар намекунанд».

Бино ба қавли Гули Зард вақте «облавачиҳо» дар телефон натанҳо ба ҳарфҳояш гўш накардаанд, балки таҳдид низ кардаанд, маҷбур шудааст аз ноҳияи Хуросон ба пойтахт биёяд. «Шиносномаи писарам, саҳфаи ақди никоҳ, ҳуҷҷатҳои набераҳоям Ангубин ва Ясминаро нишон додам. Зани навбатдор чашмонашро калон кушода, илова намуд: “Хайр чӣ? Рафта аз "домуправление справка" биёред, ки дар ҳақиқат писаратон падари ду фарзанд аст. Ростӣ, ҳайрон шудам, наход қайдҳои дар шиноснома шудаву шаҳодатномаҳои фарзандон ва мӯҳри ақди никоҳи давлатӣ ҳуҷҷат набошанд?»
ба қавли вай танҳо баъди худро муаррифӣ кардан писарашро раҳо кардаанд.

Гули Зард мегӯяд, назди комисариати ҳарбӣ мардеро дидаст, ки ба қавли вай писари донишҷӯяшро «облава» кардаанд. “Ман Раҷабов Ҷумъахон, истиқоматкунандаи ноҳияи Ховалинг. Писари донишҷӯям Раҷабов Баҳриддинро чор рӯз пеш облава дошта зӯран ба аскарӣ фиристодаанд. Кормандони ҳамин комиссариат ӯро доштаанд. Очаи бечорааш аз тарс гурдакаф шудааст, охир бачаи мо бемор асту мо бо азобе рӯз гузаронем ҳам, камбизоативу гуруснагиро ба гардан гирифта, писарамонро маълумоти олӣ доданием. Ӯ дар шӯъбаи рӯзона таҳсил мекард»,-шиква кардааст он мард.

Хизматкардаҳо низ «облава» мешаванд

Хабаргузории «Тоҷнюс» имрӯз аз қавли Фаррухҷон Ҳасанов, як сокини ноҳияи Ҳисор навишт, ки 30-юми апрел кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳия бо ҳамроҳи Маҳмудов Баёнқул, раиси ҷамоати Мирзо Ризо ба хонаашон омадаанд, то бародараш Фаррух Ҳасановро ба хизмат бифиристанд. Ин дар ҳоле, ки ба қавли Фаррухҷон бародараш 13-уми апрел аз хизмати ҳарбӣ баргаштааст. «Вақте ки бародарам ба онҳо фаҳмонидан хост, ки се рӯз қабл аз хизмати ҳарбӣ омадааст, онҳо бовар намекарданд ва ӯро барои дурӯғ гуфтанаш ба сару рӯяш шаппотӣ заданд. Танҳо вақте ки бародарам қисми ҳарбӣ ва дар куҷо хизмат карданашро хабар дод, онҳо ниҳоят бовар карда, ӯро раҳо карданд»,-гуфтааст Фаррухҷон Ҳасанов.

«Облава» ба муаллимон ҳам раҳм надорад

Аввали моҳи апрел «Озодагон» хабар дод, ки ягона мутахассиси фанни информатикаи Гимназияи тоҷикӣ-русии ба номи Пушкин дар ноҳияи Рӯдакиро дар ҳоле ба хизмат бурданд, ки мақомот ваъдаи муваққатан ба қувваҳои мусаллаҳ набурданашро додаанд. Ба қавли Ҷамшед Маҷидов, муовини директори гимназия, “Фаридун барои пешниҳоди ҳуҷҷатҳое, ки дар мавриди омӯзгори ҷавон ва ягона фарзанди қобили меҳнат дар хонаводаашонро собит мекард, ба комиссариати ҳарбии ноҳия рафт. Ба ҷои он ки тавре қаблан ваъда карданд, ӯро муваққатан аз рафтан ба сафи қувваҳои мусаллаҳ озод созанд, ӯро ба аскарӣ бурдаанд.” Ба қавли ҷаноби Маҷидов, Фаридуни 24-сола ягона мутахассиси ҷавони фанни информатика буд ва ҳоло хонандаҳо аз хондани ин дарс маҳруманд: “Гузашта аз ин, дар оилаашон вай ягона писари қобили меҳнат ба ҳисоб меравад. Падараш чанд сол қабл вафот кард. Як бародар дорад, ки бемории рӯҳист. Модараш ҳам муаллима шуда кор мекунад.”

Ҳамчунин, тибқи хабарҳо субҳи 2-уми май муаллимони Донишгоҳи Кӯлоб, ки дар хобгоҳ зиндагӣ мекардаанд, «облава» шуда ва ду тани онҳоро аллакай ба сафи артиш сафарбар кардаанд.

Чунин мисолҳо зиёданд. Аммо масъулин хомӯш. Ҳадди аққал барои «худсафедкунӣ» чизе намегӯянд. Аз ин бигзарем, амри президентро иҷро намекунанд, ки тибқи «фармони 622» муваззафашон карда, то ба матолиби интиқодии нашрияҳо ҷавоб бигӯянд.
Бо ин ҳама бино ба омори расмӣ нақшаи даъват ба артиш 90 дар сад иҷро шудааст. Журналистони 42 сола, падарони ду фарзанд, донишҷӯён ва муаллимон, эҳтиёт бошед, ҳоло ҳам дар кӯчаҳо хавфи «облава» шуданатон мавҷуд аст…

P.S. Чанд рӯз қабл як таронаи рэп шунидам, ки овозхон бо алам “облава, облава бар падарот лаънат” гуён месуруд.
Мӯҳр
фира
Фармони барои облава кардан аз боло мешавад,ки инхо инкадар бепарво дар кучахои шахр шикори одамон мекунанд..Хам вазири мудофиа хам президент аз ин корхо хабардоранд ин корхояшон чанд сол шуд идома дорад ягон кас сади рохи ин намешаванд ,,,, хайр чи гуям, ки нагуфтанам бехтар аст.

Фармони барои облава кардан аз боло мешавад,ки инхо инкадар бепарво дар кучахои шахр шикори одамон мекунанд..Хам вазири мудофиа хам президент аз ин корхо хабардоранд ин корхояшон чанд сол шуд идома дорад ягон кас сади рохи ин намешаванд ,,,, хайр чи гуям, ки нагуфтанам бехтар аст.

Рахмон
Аблава вокеан бар падарот лаънат наход то ин дарачар мо паст рафта бошем Худованд азобатро болои иин золимон фирист!

Бародар агар облава шуморо капид дарав чанг кунед(шапошапи) занед бинию дахонашонро шиканед. агар ба мошин савор кардан оиназои мошинро шиканед. зурутон нарасад дод зада гуед ки инҳо одамдузд ҳастанд маро дуздида гурдаҳоямро мефурушанд. БАЪДАН БАЧАҲО ЧАМЪ МЕШАВАНД АЧАЛИ ЧУНИН ОБЛАВАРО МЕДИҲАНД.

Вой бар холди мардуми точик. О ин хел рафтан ба хизмат чи фоида дорад. Барои халк аламовараш ин аст, ки барои чи ягон фарзанди прокурор, суд, коркуни военкомат, коргари милиса, бойхо, сардорони давлат ба хизмат намераванд. Барои чи бачаи камбагалро пеш пеш карда мебаранд. Як бинед шохзодаи Англия дар Афгонистон адои хизмат кард, дар чое, ки чанг рафта истодааст. Кани гурури марди дар чиновникои мо. Агар мард бошед фарзанди худтона равон кунен баъд аз они бечорагона. Дируз бачаи маро хам, ки як писар аст, гирифта рафтанд ва у соати 2 шаб омад, телефони дастиашро гирифтан. Ману очаш аз бедаракии у кариб гурдакаф шуда будем.

Кормандони хифзи хукук хукуку номуси моро химоят мекунанд? не..... онхо барои мансабу пора шуда номуси худро мефурушанд, мутаассифона ин гуна афрод руз то руз дар чомеа афзуда истодааст.
Агар онхо ба кавле гами химояи марзу буми кишвар ва халкамонро мехурда бошанд, каме хам бошад аз бахри молу пасандозхои гайриконуни бадасовардаашон гузар кунанду ба чои облава кардан, шароити кисмхои харбиро ба тартиб биёранд, писарбачахоро дилгарм созанд, то онхо на ин ки аз хизмати Ватан рохи гурез кобанд, балки бо хохиши худ ба адои хизмат омода шаванд. То ба кай бо ин гуна рафторхои говзуронаи онхо назди мардуми бегона хандахариш мегардем?

TJ
Бар падартон 1000 бор наълат облава. мембрен аввал шароита хуб кнен чавонон хдшон раван. мурен беномусо барои пул кандан хамитари мекнен. хамааш аз бепарвоии давлатдоронн. аниктараш даромад ба кисаи онхор

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)