Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 24 феврал 2017, 08:42

Харрозӣ, ки гуфт, Тоҷикистонро ба Эрон бармегардонад, номзад шуд

10 май 2013, 10:41

Оятуллоҳ Саид Муҳаммад Боқири Харрозӣ дар ёздаҳумин давраи интихоботи президентии Эрон номи худро расман сабт кардааст.

Оятуллоҳ Саид Муҳаммад Боқири Харрозӣ, раҳбари ҳизби "Ансори Ҳизбуллоҳ"-и Эрон ва яке аз наздикони Алӣ Хоманеӣ, роҳбари руҳонии Эрон, қаблан гуфта буд, агар раисиҷумҳур шавад, Тоҷикистон, Арманистон ва Озарбойҷонро ба ин кишвар бармегардонад.

Харрозӣ, ки акнун расман довталаби курсии раёсати Эрон мебошад, зимни шарҳи барномаҳои интихоботии худ авоили моҳи феврал гуфта буд, "тамоми сарзаминҳои ҷудошуда аз Эронро бидуни як қатра хунрезӣ, ба кишвар бармегардонам."

Ин рӯҳонии эронӣ баъд аз сабти номи худ дар интихобот, зимни як гуфтугӯяш бо хабарнигорон дубора ба масоили марзии Эрону Форси бузурги исломӣ дахл карда, гуфтааст: “Сарзамини Форси бузурги исломиро подшоҳони гузаштагони мо таъсис дода буданд ва умедворам, марзҳои Эронро дубора ба он манотиқ расонам.”

Ёдрас менамоем, сабти номи номзадҳои ёздаҳумин давраи интихоботи президентии Эрон, аз рӯзи 7-уми май оғоз гардида, то рӯзи 11 идома хоҳад ёфт. Бино ба иттилои Вазорати умури дохилии ин кишвар то кунун 243 нафар номзадии худро сабт намудаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!