Бахшҳо

“Таҳдид ба ҷону моли Зайд Саидов ӯро аз сиёсат бознамедорад”

Ҳизби навтаъсиси “Тоҷикистони нав”, имрӯз, 10-уми май як ҷаласаи изтирориро баргузор намуда, аз таъқибу таҳдид ба ҷону моликияти роҳбарашон Зайд Саидов хабар дод.

Ин нишаст, бе ҳузури Зайд Саидов, раҳбари ҳизби навтаъсиси “Тоҷикистони нав” ва яке соҳибкорони муваффақи тоҷик сурат гирифт. Маҳмудҷон Қосимов, як аз ташаббускорони “Тоҷикистони нав” дар мавриди сабаби ҳузур надоштани Саидов гуфт, ки чанд лаҳза қабл аз оғози ҷаласаи изтирорӣ Зайд Саидовро ба таври оҷилӣ мақомоти умури дохилӣ даъват карданд.

Қосимов афзуд, ки баъди эълони таъсиси ҳизби нав ба унвонии Зайд Саидов пайёмакҳое расидаанд, ки дар онҳо аз ҷумла таъкид шудааст, “агар ӯ аз таъсиси ҳизб даст накашад, ба ҳалокат хоҳад расид.” Дар матни паёмак инчунин баъзе таҳқирҳое омадаанд, ки Қосимов аз ифшои онҳо худдорӣ кард.

Қосимов таъкид намуд, ки ахиран мақомоти тоҷик тафтишоти корхонаю ширкатҳои Зайд Саидовро пурзӯр намудаанд ва ин ҳам ба таъсиси ҳизби сиёсӣ аз ҷониби ӯ марбут дониста шудааст.

Қосимов тавзеҳ дод, ки ҳадафи “Тоҷикистони нав” на иштирок дар интихоботи президентӣ, балки ширкат дар интихоботи парлумонӣ мебошад: “Мо дарк мекунем, ки барои таъсиси ҳизб каме фурсати номуносиб интихоб шудааст, чун дар арафаи интихобот вазъ ҳассос аст. Аммо мо аз ин иқдоми худ даст нахоҳем кашид. Гарчанде то ин андоза пеш омадани мушкилотро интизор набудем.”

Ба гуфтаи Қосимов мақомоти амният ва умури дохилӣ тавассути як мактуб аз муассисони “Тоҷикистони нав” кафолат хостаанд, ки фаъолияташонро тибқи қонунгузории кишвар ба роҳ хоҳанд монд: “Мо тибқи қонунгзорӣ фаъолият мекунем ва он ҳама сару садоро, ки гӯиё “Тоҷикистони нав” бозичаи сиёсии гуруҳе бошад, қотеъона маҳкум мекунем.”

Ӯ инчунин илова намуд, ки бо эҳтимоли зиёд Зайд Саидов аз роҳбарии Шӯрои ҳамоҳангсозии асоссиатсияҳои соҳибкорӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон, ки нав ба ин симмат таъин шуд, базудӣ сабукдӯш хоҳад шуд: “То имрӯз, тавассути телефон наздик ба 30 раҳбари ташкилотҳои узви Шӯро ба мо гуфтанд, ки зери фишори мақомот изҳоротеро ба имзо расондаанд, ки дар он истеъфои Зайд Саидов талаб шудааст.”

Зайд Саидов яке аз соҳибкорони муваффақи Тоҷикистон ахиран аз таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” хабар дода, афзуд, ки самти асосии фаъолияташ беҳбуди вазъи иҷтимою иқтисодии кишвар хоҳад буд.
Мӯҳр
Мухтарам аъзоён ва садорати хизби Точикистони нав, шумо фаромуш накунед, ки майдони сиёсат чои оруму осудагист, балки майдонест фахш ва фасод ва дар ин майдон нафароне голиб меоянд, ки мачоли ин хама беорию шармандаги ва мушкилихоро бар душ карда метавонанд. Агар шумо аз ин таъкиботи хукумат тарсидед, пас холо хам вакт аст, ки даст аз ин амр бардоред. Агар на, пас мардонавор ба майдони сиёсат омада то лахазоти охир дар ин майдон чавлон бизанед ва ба мисли тарсухо икдомхои худро, ки гуё "мо дар интихоботи президенти иштирок намекунем" ва гайраву хоказо маънидод накунед. Мо хамаги медонем, ки вориди сиёсат шудан дар давлатхое, мисли Осиёи Маркази басо хатарнок ва мушкил аст, аммо ба хар хол ба ин икдом, ки даст задед, пас то охири ин кор устувор монед ва дар таърих чун хизби "тарсухо", "шармандахо" унвон нагиред.
Вале рости бо ин хама гуфтанихо дар умки дилам заррачае хаст, ки хамеша мегуяд, ки ин хизб хамон хизби "дастакии хукумат" аст ва ин хама хангомасозихо аз сахначаи тархрезишудае беш нест.

Изхор
Окибат З. Саидов Президент мешавад, натарсида захмат кашад агар!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)