Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:14

Теъдоди телефонҳо аз шумораи сокинон бештар мешавад

10 май 2013, 15:05

Ба гузориши Иттиҳодияи байналмилалии мухобирот, то авохири соли оянда теъдоди телефонҳои мобилӣ дар дунё аз шумораи одамон зиёд хоҳад шуд.

Иттиҳодияи байналмилалии мухобирот, идораи вобаста ба СММ бо интишори як гузориш хабар додааст, ки то охирҳои соли 2014 теъдоди телефонҳои мобилӣ дар дунё зиёда аз 7 миллиард хоҳад шуд. Ба гуфтаи ин ниҳод айни ҳол шумораи аҳолии рӯйи замин 7,1 миллиард нафарро ташкил медиҳад ва теъдоди рақамҳои телефони дастӣ ба 6,8 миллиард расидаст.

Ин иттиҳодия гуфтааст, беш аз сеяки аҳолии рӯйи замин дастрасӣ ба телефонии мобилӣ дошта, ба сари ҳар як сокини кишварҳои пасошӯравӣ 1,7 симкорт рост меояд, ки ин нишондод нисбат ба дигар минтақаҳо зиёд мебошад.

Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон ба гуфтаи Хадамоти алоқа теъдоди симкортҳо аз ҳадди шумораи аҳолӣ гузашта, ба беш аз 8 миллион расидааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман фикр мекунам, ки аз хисоби телефонхои мобилии истехсоли Хитои ин чиз шудааст чун хамаи телефонхои истехсоли Хитой 2 симкорти дорад. Ва хамзамон одамон барои аз як ширкат ба ширкати дигар занг задан пули бисёр сарф менамоянд аз хамин хотир симкортхои як сентаро мегиранд.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!