Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 14:51

Аҳолии Тоҷикистон 9,5 миллион мешавад

11 июл 2011, 11:25

Барои боло бурдани сатҳу сифати зиндагии мардум банақшагирии танзими оила ва зери назорат гирифтани рушди аҳолӣ омили асосӣ мебошад.


Ин нуктаро Алишер Ашуров, барномарези нуфузи СММ оид ба шумори аҳолӣ изҳор дошт. Номбурда, ки зимни нишасти вижае зери унвони «Шумори аҳолӣ дар Тоҷкистон» дар Душанбе сухан мекард, афзуд, бо вуҷуди зери назорат қарор доштани танзими оила ҳоло низ зиёдшавии аҳолӣ ба мушоҳида мерасад. Ашуров гуфт: «Аз назорат берун мондани танзими оила метавонад мушкилиҳои зиёдеро ба бор биёрад. Яке аз мушкилиҳои умда дар ин бахш, ки ҷомеаи Тоҷикистонро нигарон кардааст, афзоиши теъдоди бекорон аст».

Барномарези нуфузи СММ оид ба шумори аҳолӣ ҳамчунин афзуд, ки тибқи пешбиниҳои ба қайдгири аҳолӣ интизор меравад, то соли 2020 аҳолии Тоҷикистон ба 9,5 милион нафар бирасад.

Ёдовар мешавем, аз замони соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон ду маротиба барӯихатгирии аҳолӣ анҷом шудааст. Аввалин маротиба моҳи январи соли 2000-ум ва ахиран моҳи сентиябри соли 2010.

Дар нишаст зикр шуд, ки аҳолии Тоҷикистон то рӯзи 21-уми сентябри соли 2010 ҳудуди 7 миллиону 565 ҳазор нафарро ташкил кардааст. Гуфта мешавад, теъдоди аҳолии Тоҷикистон дар қиёс ба соли 2000-ум 1 миллиону 438 ҳазор нафар, ё 23 дар сад афзудааст.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!