Бахшҳо
10 май 2013 17:30Тоҷикистон / Тема дня

Мақомот таҳдидгарони З.Саидовро миёни шариконаш меҷӯянд

Ҳумайрои БАХТИЁР

Мақомоти амният ва умури дохилии Тоҷикистон ба кофтукови таъқибгарони Зайд Саидов, раҳбари гуруҳи ташаббускори ҳизби "Тоҷикистони нав" оғоз кардаанд.

Зайд Саидов, ки ҳамчунин аз муваффақтарин соҳибкорони тоҷик аст, дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, мақомот ӯро имрӯз, 10-уми май, барои гирифтани баёнот даъват карданд: “Мақомот аз ҷумла пурсиданд, ки оё аз шахс ё гуруҳе гумонбар ҳастам ё на. Ҷавоб додам, ки то имрӯз тамоми фаъолияти худро дар доираи қонун ба роҳ мондаам ва ҳамаи уҳдадориҳое, ки дар доираи шартномаҳо назди шарикони ҳамкорам дорам, иҷро кардаам. Бино ба ин фикр мекунам, таъқибгарони аз миёни ҳамкорону шарикони тиҷориям нестанд.”

Саидов афзуд, ки баъди қарораш дар мавриди таъсиси “Тоҷикистони нав” атрофиёнаш ба ӯ ҳушдор дода буданд, ки гуруҳҳои алоҳида метавонанд аз ин тасмимаш сӯиистифода бикунанд ва тавассути шиорпартоиҳо вазъи кишварро ноором кунанд: “Вале ман мутмаин месозам, ки ҳеч вақт ҷонибдори иғвою нооромӣ набудам. Табиати ман ором буда, беҳбудии ҷомеа ва кишварро мехоҳад. Ҳадафи ман танҳо рушди босуботи кишвар аст.”

Саидов ҳамчунин аз ҳамкоронаш, ки алайҳи ӯ ҳамчун раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии асоссиатсияҳои соҳибкорон изҳорот имзо кардаанд, интиқод намуд: “Ба ман занг зада гуфтанд, ки таҳти фишор як изҳоротеро имзо кардаанд, ки дар он истеъфои ман аз симмати раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ талаб карда мешавад. Аз як тараф онҳоро дарк мекунам, аммо муътақидам, ки ҳар як шахс ва соҳибкор бояд фикри мустақили худро дошта бошад. Ҳар яки онҳое, ки алайҳи ман изҳорот имзо кардаанд, пештар худашон пофишорӣ карданд, то ман роҳбарии Шӯроро ба уҳда гирам.”

Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии ассотсиaтсияҳои соҳибкорон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон, рӯзи 6-уми апрел аз таъсиси ҳизби наве бо номи "Тоҷикистон нав" хабар дода, афзуд, ки талошҳояшон барои ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоии кишвар равона хоҳанд шуд.

Аммо имрӯз, 10-уми май ташаббускорони ин ҳизби то ҳол сабтиномнашуда, як ҷаласаи изтирориро баргузор намуда, аз таъқибу таҳдид ба ҷону моликияти роҳбарашон Зайд Саидов хабар доданд. Маҳмудҷон Қосимов, як аз ташаббускорони “Тоҷикистони нав” гуфт, ки баъди эълони таъсиси ҳизби нав ба унвонии Зайд Саидов пайёмакҳое расидаанд, ки дар онҳо аз ҷумла таъкид шудааст, “агар ӯ аз таъсиси ҳизб даст накашад, ба ҳалокат хоҳад расид.” Дар матни паёмак инчунин баъзе таҳқирҳое омадаанд, ки Қосимов аз ифшои онҳо худдорӣ кард.

Қосимов таъкид намуд, ки ахиран мақомоти тоҷик тафтишоти корхонаю ширкатҳои Зайд Саидовро пурзӯр намудаанд ва ин ҳам ба таъсиси ҳизби сиёсӣ аз ҷониби ӯ марбут дониста шудааст. Ӯ тавзеҳ дод, ки ҳадафи “Тоҷикистони нав” на иштирок дар интихоботи президентӣ, балки ширкат дар интихоботи парлумонӣ мебошад: “Мо дарк мекунем, ки барои таъсиси ҳизб каме фурсати номуносиб интихоб шудааст, чун дар арафаи интихобот вазъ ҳассос аст. Аммо мо аз ин иқдоми худ даст нахоҳем кашид. Гарчанде то ин андоза пеш омадани мушкилотро интизор набудем.”
Мӯҳр
Миша
З. Сайидов ба пеш шайтон ноумед банда ба умед

Хамаш темай Ну-Погодиай

Умед
Ин бозихои худи хукумат ........... ин намешавад ........ вай дигар кас.......

Фикр мекунам ин ход пиарай хизби нав аст ва бо ин рох мехоханд обуруи хизби навташкилро боло баранд.Аз дигар тараф чои шубха нест чунки дар точикистон хар кор шуданаш мумкин хусусан пулдорхо

Рашид
Сохибкорони шинохтаи кишвар Зайд Саидов мехохад ба сиёсат аз дарвозаи дигар ворид шавад. Тариќи худхохиву худнамоишдихи, ташкили нишастхои матбуоти эълон карда истодааст, ки хизби худашро таъсис доданист. Дар он худаш хам раис бошаду, хам шўрои сиёси, хоса ташкилоти сиёсие, ки пурра дар дасти худаш бошад. Бо ваъдапардозихову суханони фиребанда як гурўх точирону иќтисодчиёнро дар атрофаш гирд оварда истодааст. Ваќте ки вазир буду дар деги сиёсат мечўшид, боре хам аз таъсиси хизб наандешида буд. Хизбхои монанди “Точикистони нав”-ро “кисагӣ” меноманд, зеро он аз чониби фарди муайян барои хифзи манфиатхои шахсӣ таъсис дода шуда, ба орўзю ормони мардум, идеалхои сиёсии шахрвандони чумхурӣ ягон робита надоранд.

"Нокобилони давр ба максад намерасанд.Дуньё хамеша дар талаби марди кобил аст".Кани вазирону мансабдорони Точикистон ба шири модаратон касам ёд кунед.ки зани дуюму сеюм надоред?.Ба худо касам,агар хар якеи шумо маъшукаи хушхирому нозуку олуфта ва ё зани дустдоштаи дуюму сеюм надошта бошед,хавсалаи кориатон хеч пеш намеравад.Садхо бор мушохида кардаам,ки агар дар хамон идорахову офисхои мухташаме,ки сарвару сардорон менишинанд,агар зани зебои чавону маъшука надошта бошанду имконияти ишкварзии онхо набошад,аз маъюсиву зикки ва дилгирифтаги ба Сибирь мисли ман мухочир мешаванд.Чи чои пинхонист.Мо мардони шарки хастем.Хассосияту дарки хусни зебоии занхо дар вучуди хар яки мо аст.Агар банкирро як умр касам дех,ки миллиардхо доллар аз худи туву худат танхо бо худат бош,агар марди солиму сихат бошад,хамон доллархову банкро садка ба як чехраи зани дилхохаш мекунад.Дар даврони СССР,коммунистхо хам маъшукабозиву занхои пинхони доштанд.Магар хамин чиноят хисоб мешавад?.Рахматии Лоик гуфта аст:"Хар кучо марди бузургест,гирифтори зан аст".Хайр чи илоч Зайд барин марди зебо сохиби 4-зан будааст.Халолат бод бародари азиз.Занхо хам ба мардони кобилу ухдабаро моиланд.Аз он ки зани хушруву боаклу зебо танхову дастнигар ё бо марди бехунар зиндаги созад,бехтараш,ки зани дуюму сеюми ягон марди кобил гарданд хубтар аст.Ман хам иншооллох ба ин кор кодирам."Зани хубу дурушту порсо,кунад марди дарвешро подшох"

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)