Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 13:08

Муҳассилини мактаб-интернати сӯхта шабҳоро дар куҷо рӯз мекунанд?

10 май 2013, 18:16

Мудирияти мактаб-интернати №13-и ноҳияи Шӯрообод, ки хобгаҳаш шаби гузашта ба коми оташ рафт, қарор кардаанд, муваққатан хонандагонро дар синфхонаҳо ва маҷлисгоҳи интернат ҷой кунанд.

Абдураҳмонов Суҳроб, ҷонишини директори мактаб-интернати мазкур ба «Озодагон» гуфт, ҳудуди 100 хонанда, ки дар хобгоҳ ба сар мебурданд, то таъмир гардидани хобгоҳ дар синфхонаву толори консертии мактаб хоб мераванд.

Манбаъ илова намуд, ки ҳоло сабаби сар задани сухтор маълум нашудааст ва барои муайян кардани он мутахассисон аз шаҳри Душанбе ташриф овардаанд. Бояд зикр намуд, шаби 9 ба 10-уми май, тақрибан соатҳои 2 бар 3 дар ин мактаб-интернат, ки аз калонтаринҳо дар Хатлон арзёбӣ мешавад, сӯхтор ба амал омад. Бино ба маълумоти манбаъ, талафоти ҷонӣ дар сӯхтор ба қайд гирифта нашудааст, чун хонандагонро саривақт берун кардаанд.

Ин мактаб-интернат яке маъруфтарин таълимгоҳҳои Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, хобгоҳи он соли 1938 сохта шудааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!