Бахшҳо
11 май 2013 08:26Тоҷикистон / Сиёсат

Пурсиши “Озодагон: ”Ба кадоме аз се шохаи ҳокимияти Тоҷикистон бештар бовар доред?

Маҳдии Собир, корманди МТС

-Ман фақат ба ҳокимияти судӣ эътимод надорам, чун аксарашон порагиранд. Қонунҳои ҳокимияти қонунбарори мо ҳам тарҷумаи қонунҳои Русия ҳастанд ҳарчанд ин қонунҳо мувофиқ ҳастанд. Ҳокимияти иҷроия ҳам то андозае корашро мекунад. Вале ҳокимияти судӣ тамоман кор намекунад. Чандин сол мешавад, ки бисёр ҳуқуқҳоро доданд ба судяҳо, вале якбора корро расво карданд. Миллати тоҷик судяҳояшро бояд дуруст таёр мекард. Чанд пул пора гирифтаву дар кучаҳо гашта истодааст.

Ҳикматуллоҳи Сайфуллозода, сухангӯи ҲНИТ

-Раванди фаъолияти ин се ниҳод нишон медиҳад, ки боварӣ ба ҳеч кадомаш нест. Вақте ду ниҳоди аслии ҳокимияти давлатӣ ба ҳокимияти иҷроия тобеъияти комилу мустақим доранду муносибатҳои давлатии мо чунин шакле пайдо кардаанд, чигуна боварӣ ба инҳо мемонад дар ҳоле, ки худи ҳокимияти иҷроия эътимоди худро аз даст додааст. Дар тамоми расонаҳо мактубу паём ба як даъвати матбуотӣ ба ҳокимияти иҷроия табдил шудааст. Вақте кор чунин шакл гирифта ва посухе барои ҳалли масъала аз ҷониби ҳокимияти иҷроия намебинем, албатта эҳтироми ҳокимияти иҷроия поин рафтааст ва дар канори ин ҳокимият, эътибори ду ҳокимияти дигар низ коҳиш ёфтааст. Аз ҷониби ягон шаҳрванде мо нашунидаем, ки бигӯянд ин тасмим тасмими Маҷлиси намояндагон аст ҷуз худи масъулини парлумон. Вале дар асл ҳама чиз бо дастури ҳокимияти иҷроия сурат мегирад. Барои ҳамин ман ба ҳеч кадоме аз ин шохаҳо боварӣ надорам.

Рамзия Мирзобекова, хабарнигори "Asia-Plus"

-Ман ба ягонтоаш боварӣ надорам. Чун то имрӯз надидаем он вазифаҳои муҳиме, ки ба душашон буд, иҷро шаванд. Дар он лаҳазоти ҳассосе, ки бояд се шохаи ҳокимият ҳимояи худро аз манофеи миллӣ нишон медоданд, ҳузурашон эҳсос нашуд. Дар муқобил онҳо корҳое карданд, ки бар зарари худашон буд. Ба унвони мисол ҳокимияти иҷроия заминро доду парлумон онро тасвиб кард. Ба вазъияти Ворух ҳам касе машғул намешавад. Вакилон намефаҳманд ва ҳокимияти иҷроия ба онҷо рафту аҳолиро ором карда ва бо ин мисле, ки ҳамачӣ поён ёфт. Дар мавриди судҳо ҳам бисёр чизҳо гуфта мешавад, вале то имрӯз иттифоқе наафтодаст, ки гӯем судҳои мо мустақил шудаанд. Мустақилияташонро метавон дар мавриди қазияи Низомхон Ҷураев қазоват кард. Акнун ҳам ин раванд дар бораи Димон Ашуров рафта истодааст. Ингуна мавориди зиёде ҳастанд, ки метавон дар хусуси мустақил будани судҳо суҳбат кард.

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲУСДТ

-Аслан дар шароити Тоҷикистон низоми ҳокимияти давлатӣ номукаммал аст. Бо вуҷуди онки моддаи 9-и конститутсияи Тоҷикистон усули таҷзияи ҳокимияти давлатиро муқаррар намудааст, аммо дигар моддаҳои марбутаи ҳамин қонуни асосӣ ба ҳамдигар мухолифат намуда заминаи татбиқи самарабахши тақсим шудани ҳокимияти давлатиро ба қонунгузории иҷроия ва судӣ халалдор менамоянд. Бинобарин дар чунин шароит ман ба ҳокимияти давлатӣ камтар боварӣ дорам. Зеро, ки вобаста ба тарзу усули интихоб, ташаккул, таъсис, ташкил ва таъини шахсони мансабдор ба самарабахшии ҳокимияти давлатӣ зимни амалӣ намудани ваколат ва салоҳиятҳои онҳо самарабахш нест. Мувозинат ва назорати парлумонӣ вуҷуд надорад ва аз ҳама мушкили асосӣ дар он зоҳир мешавад, ки дар татбиқи сиёсати кадрӣ ба шохаҳои мухталифи ҳокимияти давлатӣ на истеъдод, қобилияти ташкилотчигӣ, ҷаҳонбинӣ, дониш, масъулият ва дарки ватандории воқеӣ ва ҳисси миллӣ ба инобат гирифта мешавад. Балки тавре, ки таҷрибаи давлатдории муосир гувоҳӣ медиҳад, робитаҳои авлодӣ, коррупсионӣ, мансубияти маҳалливу ҳизбӣ ва дигар падидаву зуҳуротҳои номатлуб асоси сиёсати кадрӣ дар Тоҷикистон шудааст, ки боиси таассуф мебошад. Чунин ба назар мерасад, ки шахсони маҳдуд ва заминаи иҷтимоии қавӣ надошта соҳиби мансаб мешаванд ва бар хилофи рақобати солим тадриҷан кўшиш мекунанд, ки барои кор ва ишғоли вазифаҳои гуногун шахсони тасодуфии аз сатҳи худашон пасттарро бар хилофи манфиъатҳои миллӣ ба кори давлатӣ ҷалб мекунанд. Бо чунин тарзи муносибат дар солҳои наздик интизор шудани бунёди як давлати мутамаддинро дар кишвари мо интизор шудан мумкин нест.

Шӯҳрат Қудратов, ҳуқуқшинос

-Ман ба ягон шохаи ҳокимияти боварӣ надорам. Сиёсати Тоҷикистонро ҳамин тавре сохтаанд, ки дар зери таъсир ва ба манфиати як шахсу гурўњ фаъолият мекунанд. Бинобарин ҳокимияти судӣ ягон ҳукми боадолатона намебарорад. Ҳамашон пурра аз мақомоти иҷроия вобаста мебошанд. Қонунҳое, ки парламенти Тоҷикистон қабул мекунад, ягонтоаш ба манфиати мардум нест ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро поймол мекунаду бештар ба манфиати як гурўњ мебошад. Ягона ҷое, ки бояд шаффофу озоду демократӣ бошад, ин парламент аст. Зеро қонунҳо пас аз баҳсҳо бояд қабул шаванд. Вале мо инро намебинем, парламенти мо қонунеро, ки ба онҷо ворид мешавад, бо як овоз қабул мекунад. Дар ҳокимияти иҷроия ҳам вазирону ҷонишинонашон низ аз як қавму гурўњ мебошанд ва фаъолияти онҳо фақат ба манфиати як нафар аст. Ҳеч кадом аз шохаҳои ҳокимият дар фикри мардум, демократикунонии ҷомеа, беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии мардум ва берун овардан аз бӯҳрони системавие, ки 20 сол шуд Тоҷикистонро фаро гирифтааст, нестанд.

Алӣ Мастов, коршиноси масоили сиёсӣ

-Асли тафкики қудрат дар се қувва ё ниҳод (қувваҳои қонунгузорӣ, иҷроӣ ва қазоӣ) дар кишвари мо мафҳуме надорад, зеро қудрат дар дасти як шахс қабз шудааст ва он раисҷумҳур аст. Ёдовар мешавам ки раиси љумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон раиси ниҳоди иҷроӣ, яъне њукумати љумҳурии Тоҷикистон низ ҳаст. Дар бораи ниҳоди қонунгузор бояд гуфт ки бино бар Қонуни асосӣ раисҷумҳур ҳақ дорад чаҳоряки аъзои Маҷлиси миллиро худ таъйин кунад ва дар Маҷлиси намояндагон низ камобеш 80 дарсади сандалиҳоро ҳизби раисҷумҳур дар даст дорад. Дар бораи қувваи қазоӣ низ бояд гуфт ки зимоми умур куллан дар дасти раисчумҳур аст, зеро ӯст ки номзадҳоро барои раёсат дар Додгоҳи Қонуни асосӣ, Додгоҳи олӣ, Додгоҳи олии иқтисодӣ ва ҳатто муъовинонашонро ба Маҷлиси Миллӣ пешниҳод мекунад ва онҳоро аз симат барканор мекунад. Дар чунин ҳолате аслан наметавон аз тафкики қувањо сухане гуфт.

Дуруст он бояд бошад ки суъол аз эътимод ё беэътимодӣ ба раисҷумҳур дар миён оварем. Ин ки шаҳрвандони Тоҷикистон ҳазор ҳазор дар ҷустуҷӯи кору зистгоҳе беҳтар кишварро тарк мекунанд ва дар аввалин фурсат шаҳрванди дигар кишварҳо мешаванд, худ баёнгари он аст ки мардум камтарин эътимодро ба қувваҳои сегонаи кишвардории Тоҷикистон надоранд. Далелаш низ рӯшану ошкор аст – сатҳи пасти зиндагӣ ва набуди ояндае хушбинкунанда дар Тоҷикистон.

Сергей Романов, Директори маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон

-Боварӣ вақте дар яке аз ҳокимияти давлатӣ ба вуҷуд меояд, ки он ба фаъолияти дигар ҳокимиятҳо халал нарасонад. Агар ин дахолат сурат гирад, боварӣ нисбат ба яке аз ҳокимиятҳои давлатӣ аз даст меравад ва ҳардуи ин ҳокимиятҳо эътимодашон салб мешавад. Боварӣ вақте ба даст меояд, ки ҳар сеи ин ҳокимиятҳо бозу дар дастрасанд, метавон ҳар қонуну иттилоот дар бораи фаъолияти вакилон минҷумла дар хусуси даромади онҳо ва ибтикороти қонунияшонро дарёфт кард. Ба унвони мисол дар кишварҳои ғарбӣ эъломияи ошкори даромади вазирону дигар мақомоти расмӣ мунташир мешавад. Шаҳрвандон мебинанд, ки ину он мақомдор чи қадар даромад ба даст овардааст. Аз ҳамаи ин лаҳзаҳо боварӣ ҳосил мешавад. Бо таваҷҷуҳ ба кишвари мо ҳар се ҳокимияти иҷроияи мо талош мекунанд, то эътимоди мардумро ба даст биёранд. Бе гузаронидани ислоҳоти муносиб дар сатҳи боло бовариро ба даст овардан хеле душвор хоҳад буд.
Мӯҳр
Фира
Барои ба сари курси мансаби нишастан пули калон мегиранд бад аз кучо он мансабдор ба фоидаи халку миллат кор мекунад...Коре мекунад,ки пулхои барои вазифа гирифтар супорида буд ба даст орад...

Бобои Салмони Кулоби
Мо ба ягон шохаи хукумати Точикистон боваари надорем.Хамаи шохахои хукумати фасодзада хастанду дар пешравии Ватан ягон кор намекунанд,факат барои худашон ва хешу таборашон ба таври ришвагири пул чамъ мекунанд.Онхо хамаашон ба кайфу сафо машгул хастанду парвои халки бечораи точик надоранд.Пул мети вазифа мехари ,агар пул надошта боши ,Гарвардро хам хатм карда бошиау дипломи сурх хам ба ягон кас ту дар кор нести.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)