Бахшҳо
11 май 2013 08:43Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Бонкҳои Тoҷикистон ба фоидаи кӣ кор мекунанд?

Сиёвуш Қосимзода

Аз оғози сол фоизҳои миёна барои депозитҳо бо арзи хориҷӣ дар кулли низоми бонкии Тоҷикистон 4 фоиз коҳиш ёфтааст. Тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон дар моҳи январ-марти 2013 фоизи миёнаи депозитҳо бо арзи миллӣ 15,12 фоиз ва бо арзи хориҷӣ 9,88 фоизи солонаро ташкил додааст.


Депозит зиёд мешавад фоизаш кам

Дар давоми соли 2012 фоизи миёнаи депозитҳо дар низоми бонкии кишвар раванди коҳиши худро идома дода дар декабри порсол фоизи депозит бо арзи миллӣ 15,73 фоиз ва бо арзи хориҷӣ 12,94 фоизро ташкил дода буд ва раванди коҳиши худро имсол низ идома дод. Тибқи гуфтаи Изатулло Лаълбеков раиси асосиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, коҳиши фоизи депозитҳо афзоиши ҳаҷми онҳоро нишон медиҳад. Фоизҳо тибқи талаботи бозор танзим мешавад. Раванди рӯ ба рушди базаи депозитӣ мунҷар ба поин рафтани фоизи миёна шудааст.

Баҳром Шарипов коршиноси умури бонкӣ мегӯяд, фоизи қарзҳое, ки бо асъори хориҷӣ дода мешавад ва фоизи депозитҳое, ки бо пули хориҷӣ гирифта мешавад, муқаррарист. Ҳоло дар Тоҷикистон эҳтиёҷот ба қарзҳое, ки бо пули хориҷӣ дода мешавад камтар шудааст. Пеш бонкҳо барои кам кардани хавфҳои худ депозитҳои аҳолиро бо асъори хориҷӣ гирифта бо ҳамин асъор боз ба мизоҷони худ ба тариқи қарз медоданд. Ба гуфтаи Баҳром Шарипов дар ҳолате, ки қурби расмӣ нисбатан доимист вале қурбе, ки дар бозор ҳаст дигар шуда меистад, хароҷоти истифодабарандагони қарз, ки бо асъори хориҷӣ қарз гирифтаанд, меафзояд. Зеро барои пардохт кардани ҳам фоиз ва ҳам худи қарз онҳо асъори хориҷиро аз бозор мехаранд, ки хавфи ин нисбат ба қарзҳои дода шуда ба сомонӣ бештар аст.

"Аз дигар сӯ, таъсири таварруми дохилӣ ба пасандозҳое, ки бо пули миллӣ гирифта мешаванд, бештар зоҳир мегарданд. Агар таваррум 8 фоизи солона бошаду депозит 15 фоиз, онгоҳ даромади муштарӣ ҳамагӣ 7 дарсад мешавад. Вале пасандозҳои хориҷӣ аз ин дидгоҳ даромади бештаре ба мизоҷон медоданд. Чун ба онҳо таваррум камтар таъсир мерасонад ва он 15 фоизи гирифтагиашон даромади софи мизоҷ мешуд. Аз ин дидгоҳ баъд аз инки бонкҳо бозори дохилиро мувофиқи талаботи мизоҷон тез-тез омӯхтанд, талабот ба пасандозро пешниҳод менамоянд",- изҳор дошт Баҳром Шарипов.
Ба андешаи ин коршиноси умури бонкӣ, ин як раванди дуруст аст. Зеро дар ҷаҳон фарқияти байни пасандоз ва қарздиҳӣ 2 то 3 фоиз аст, дар мо бошад то 8 фоиз аст. Њарчанд аз 15 то 8 дарсад кам шудаст, вале боз ҳам барои соҳибкорон дорад гарон меафтад. Барои он маблағҳо бо асъори хориҷӣ кам гирифта мешаванд, ки соҳибкорон назар ба солҳои пеш соҳиби маблағи худ гаштаанд ва хоҳиш доранд бештар бо маблағи худ кор кунанд. Ин ҳам яке аз омилҳоест, ки дарёфти қарз бо асъори хориҷиро коҳиш додаст.

Бо қабул кардани кодекси нави андоз бештари соҳибкороне, ки моҳияти кодексро нафаҳмидаанд, фаъолияти худро кам карда маблағҳои дар гардиш будаашонро ба пасандоз гузошта истодаанд. Онҳо аз ин ҷиҳат даромади миёна гирифта истодаанд, бинобарин омилҳои таъсирбахш дар инҷо зиёданд.

Нозим Ишанкулов директори иҷроияи Маркази бозори озоди Тоҷикистон ин гуфтаҳоро тақвият бахшида мегӯяд, ин омор нишон медиҳад, ки талабот ба депозитҳо кам шудааст ва бонкҳои тиҷоратӣ дигар онқадар ҳавасманд нестанд, ки пасандозҳоро ҷалб кунанд. Вақте фоизи депозитҳоро кам кардаанд, пас барои пасандозҳо дигар онқадар талабот вуҷуд надорад. Наметавон гуфт, халқи Тоҷикистон онқадар пулдор шудааст, ки ҳама рафта дар бонки депозит кушоянд.

"Дар шароити ҳозира фаъолияти соҳибкорӣ онқадар фоиданок нест. Агар шароит фароҳам бошад, метавонед аз коратон 10 фоиз фоида гиреду фоизи пасандози бонк ҳам агар 10 дарсад бошад, дар бонк пасандоз кушода метавон он 10 фоизи гузоштаро кор карду фоида гирифт. Соҳибкорӣ хавфи зиёд дорад, бинобарин пасандози бонкӣ метавонад аҳволи онҳоро беҳбуд бахшад", иброз дошт Нозим Ишанкулов.

Фоизи шахсон аҳаммият надорад, муҳим пул гузоштан аст!

Тибқи омор ҳаҷми депозитҳои шахсони ҳуқуқӣ 35,5 фоиз ё 1 миллиарду 769,7 миллион сомонӣ ва депозити шахсони воқеӣ 64,4 фоиз ва ё 3 миллираду 205,6 миллион сомониро ташкил додааст. Нозим Ишанкулов мӯътақид аст, ки ин оморҳо нишон аз алоқаманд набудани мардуми Тоҷикистон барои пасандоз дар бонкҳоро нишон медиҳад. Ба далели номуаян ва хуб набудани вазъияти иқтисодии кишвар иддае аз муштариён пулро сармоягузорӣ мекунанд, иддаи дигар бошанд, онро дар бонк мегузоранд. Яъне муайян нест, ки пулҳои гузоштаи онҳо дар бонк барояшон фоида меорад ё на ва ё дар ҳамон бахши сармоягузорикардаашон даромади лозимиро ба даст меоранд ё намеоранд.

Дар ҳамин ҳол Баҳром Шарипов коршиноси умури бонкӣ мегӯяд, он ҳиссае, ки ба пасандозҳои аҳолӣ ва пасандозҳои соҳаи иқтисодиёт вобастааст, аз дидгоҳи ҳаҷми пул, ки берун аз бонкҳо дар чархиш аст, ин таносуб чандон муҳим нест. Чун маблағҳои аҳолӣ берун аз бонк дар ҳоли гардиш аст. Чунончи дар як сол ба Тоҷикистон 3,2 миллирад доллар ворид мешавад, ҳамагӣ дар депозитҳои бонк 1,5 миллиард сомонӣ ворид шудааст. Аз ним бештари ташкилотҳо низ дар бонк ҳисоби бонкӣ доранд. Бояд тарзи фаъолияти молиявие пеш бурда шавад, ки бештари маблағҳо ба бонк ворид шуда ба тариқи ғайринақдӣ гардиш намоянд, чун дар ин ҳолат пешниҳоди қарзҳо зиёд мешаваду фоизашон аз оне, ки ҳаст пасттар мегардад.

Фоизи қарзҳо кам мешавад?

Мутобиқи маълумоти бонкҳои аъзои асосиатсияи бонкҳои Тоҷикистон фоизи миёнаи қарзҳо ба оромӣ коҳиш меёбад. Фоизи миёна бо арзи миллӣ 22,4 фоизи солона ва бо арзи хориҷӣ 24, 5 фоиз шудааст. Тибқи омори БМТ фоизи миёнаи қарзҳо бо арзи миллӣ дар қиёс бо декабри 2012- 6 фоиз афзоиш ёфта 25,99 фоизро ташкил додааст ва бо арзи хориҷӣ 1,5 фоиз афзуда ба 25,50 фоизи солона баробар шудааст.

Нозим Ишанкулов мегӯяд, ки боло бурдани фоизи қарзҳо аз тарафи бонкҳо нишон медиҳад,ки пул ба андозаи кофӣ дар дасти аҳолӣ вуҷуд дорад. Баҳром Шарипов низ чунин бовар дорад, ки ба хотири боло будани таваррум фарқияти байни фоизи қарзу фоизи депозит дар Тоҷикистон зиёд аст ва ҳаргуна хавфҳои тиҷорат кам нестанд. Агар фаъолияти бонкӣ таҳлил гардад, 7 фоизи қарзҳо бознагашта истодаанд, ки ин хатарнок аст. Зеро маблағҳое, ки барнагшта истодаанд, ба фоизи қарзҳо зам мешаванд ва ба дигар мизоҷон ҳамчун андоз бор мешаванд.

Фаолияти низоми бонкии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки дар семоњаи аввали соли 2013 ҳаҷми умумии қарзҳо дар қиёс бо ҳамин давраи порсол 19,3 фоиз афзоиш ёфтааст. Таҳлили фоизи қарзҳо низ ҳокист, ки қарзҳои кутоҳмуддат 64,5 фоиз ё 3,7 миллиард сомонӣ ва қарзҳои дарозмуддат 35, 5 фоиз ва ё 2,4 миллиард сомониро ташкил додааст.

Иқтисоддонон чунин мешуморанд, ки бештари пасандозҳои қабулкардаи бонкҳо аз аҳолӣ ба муддати 1 сол аст, фақат аз ҳисоби маблағҳое, ки аз хориҷи кишвар ба тариқи шартномаи байнибонкиву дигар намудҳои ҷалби захираҳо ба даст меояд, додани қарз дар бонкҳо вобаста ба он қарзҳое, ки онҳо ҷалб мекунанду чигуна мӯҳлат доранд дода мешавад. Ҳаминҳо хавфҳои фаъолияти бонкиро зиёд кардааст. Ислоҳоти молиявӣ беҳтар аст гузаронида шаваду қарзҳое дода шавад, ки мӯҳлати дароз доранд.

Бо таваҷҷуҳ ба афзоиши тақозои қарзҳо, дар семоњаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми қарзҳои хурди дода шуда 49,9 фоиз афзудааст. Аз ҷумла дар манотиқи куҳистони кишвар 205,2 миллион сомонӣ қарзи хурд дода шуда, ки дар қиёс бо ҳамин давраи порсол 46,4 фоиз бештар шудааст.
Иқтисоддонон мӯътақиданд, ки талабот ба қарзҳои калон аз тарафи ками мизоҷон ба миён меояд аз ҷумла аз тарафи корхонаҳои калон. Дар шароити ҳозир бештари самараи фаъолияти бонкҳо бо додани қарзҳои хурд ба даст меояд, ки хавфи кам ҳам дорад. Додани қарзҳои хурд дар тамоми манотиқи Тоҷикистон аҳолиро ба фаъолиятҳои иқтисодӣ бештар ҷалб кардааст. Албатта ҳарчанд додани қарзҳои хурд хуб аст, вале додани қарзҳои миёнаву калон ҳам бояд роҳандозӣ гардад. Зеро бе дастгирии ташкилотҳои калони саноативу молиявӣ Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонӣ рақобат карда наметавонад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)