Бахшҳо

Хонандаҳои синфи як ҳам пайёми президентро тамошо карданд

Дилошӯб Орифзода

Ҳамасола пайёми президент Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии кишвар дар охирҳои моҳи апрел ироа мегардад. Ин чорабинии муҳими сиёсӣ тариқи тамоми шабакаҳои ҷумҳурӣ навобаста аз шакли моликияташон (имсол ҳатто дар кӯча, яъне дар экрани таблиғотие, ки дар маркази шаҳри Хуҷанд воқеъ аст) мустақиман намоиш дода мешавад.

Рӯзе, ки пайёми президент тариқи шабакаҳои телевизионӣ намоиш дода мешавад, хонандаҳо ва донишҷӯёни муассисаҳои олии касбӣ онро дар синфхонаҳо, толорҳо ҷамъ шуда тамошо мекунанд. Соли ҷорӣ низ ин «суннат» давом кард. Дар тамошои пайёми имсола баъзе муассисаҳои таълимӣ «тағироте» дароварданд. Яъне суханронии сарвари давлатро ба хонандаҳои синфҳои ибтидоӣ низ намоиш додаанд. Ин хабар хандаовар менамояд, аммо ҳақиқат аст. Масалан дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-и шаҳри Хуҷанд ин ҳолат шудааст. Шояд дар дигар манотиқ низ ин қишрӣ ҷомеаро ба тамошои пайём ҷалб карда бошанд, аммо ба мо торик аст.

Барои рӯшанӣ андохтан, ки дар кадом асос хонандаҳои макотиби миёна бояд пайёмро тамошо кунанд, бо котиби матбуотии Вазорати маориф Маҳмудхон Шоев ҳамсӯҳбат шудем. Ӯ ба «Озодагон» гуфт: "мувофиқи телефонограммае, ки ба унвони тамоми муассисаҳои таълимӣ равона шуда буд, бояд дар ҳамаи муасссисаҳои таълимӣ намоиши мустақими паём ташкил мешуд. Ростӣ ман эътибор надодам, ки дар телефонограма синну сол навишта шуда буд ё на». Ба суоли барои чӣ ба хонадаҳои синфи якум ҳам пайёмро намоиш доданд, чунин посух дод, ки “барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ набояд ин кор шуда бошад, чунки онҳо хӯрд ҳастанд. Мардумро медонед-ку, мардуми мо аз рӯи ҳамон мақоле, ки «Салла биёр, гӯӣ калла меоранд» кор мекунанд. Дар баъзе ҷо мумкин ҳамин хел ҳолатҳо рӯй дода бошад”.

Директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-и шаҳри Хуҷанд Файзуллоҷон Файзиев мегӯяд, дар мактаби онҳо паёми президентро танҳо хонандаҳои синфҳои болоӣ тамошо карданд: "Бо фармоиш ва супориши ҳукуматдорони маҳал, дар муасисаҳои таълимӣ, дар муассисаҳои истеҳсолӣ, умуман беморхонаҳо бо таври оммавӣ мардум дар толорҳо нишаста аз телевизиони ягона паёми президентро тамошо карданд. Дар мактаби мо низ ҳар сол хонандаҳои синфҳои 9, 10, 11 дар маҷлисгоҳ паёми президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро гӯш мекунанд. Дар соли ҷорӣ низ мо шароит фароҳам сохтем ва хонандаҳо аз ҳисоби дарс, яъне аз соати 9 то 12 паёмро тамошо карданд”.

Дар макотиб тамошо кардани паёмро бархе аз сиёсатшиносон хуб арзёбӣ мекунанд. Далелашон ин аст, ки аз овони мактабхонӣ ҷавон алакай аз сиёсат бохабар мегардад. «Ба сиёсат ҳамроҳ кардани кӯдакон хуб аст, чун кӯдак донистанаш зарур аст, ки кӣ сардори ҳукумат, кӣ президент аст? Чи қадаре ки одамон бо сиёсат шинос шаванд, сиёсатмадоронро донанд ва моҳияти кори онҳоро нағз дарк кунад, дар оянда аз ҷиҳати сиёсӣ ин гуна одамон, одамони босавод мешаванд»- мегӯяд сиёсатшинос Очилбой Зоҳидов.

Номбурда дар идома меафзояд, ки “умуман барои моҳияти сиёсатро дурусттар дарк кардан ва пайдо гардидани тафаккури сиёсӣ хоси синни тақрибан аз 17-18 сола боло аст. Лекин умуман вақте сиёсат тамоми ҳаёти имрӯзаи ҷомеаро муайян мекунад, хоҳед нахоҳед бояд кӯдакон ҳам ҳамроҳ шаванд. Чун ки кай ҳамроҳ мешаванд, агар имрӯз ҳамроҳ нашаванд? Онҳо бояд президентро шиносанд, рамзу симоҳои Тоҷикистонро донанд. Суруди давлатиро аз худ кунанд. Ин қадамҳои аввали ба сиёсат ҳамроҳ шудани мардуме, ки дар ҳудуди Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ва ҳуқуқи шаҳрвандӣ доранд, мебошад”.

Аммо бархе аз сиёсатмадорон ва ҳуқуқшиносон ин амалро ғайриқонунӣ арзёбӣ мекунанд ва мегӯянд, ки дар давлати демократӣ ин рафтори мансабдорон шармандагӣ аст. Файзинисо Воҳидова мегӯяд: “Ҳамасола ҷомеа чизи наверо аз паёми президент интизор аст. Мо мехоҳем онро тамошо кунем, гӯш кунем. Лекин бо он тарзе, ки имрӯз дар вилояти Суғд ба роҳ мондаанд, ин ғайриқонунӣ аст. Чун иҷборан ҳатто дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, ки онҳо аз сиёсат дур ҳастанд, майнаи онҳоро бо сиёсат банд кардан аз рӯи мантиқ нест. Дар ҳоле ки онҳо ҳатто намефаҳманд, ки дар бораи чӣ гап меравад. Лекин иҷборан бор кардан ба мардум, ин албатта аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ғайриқонунӣ мебошад”.

Ҳуқуқшинос Файзинисо Воҳидова мегӯяд, тайи чанд соли охир дар вилояти Суғд ин ҳолат давом дорад. "Тамоми мақомоти давлативу ҷамъиятӣ, ташкилоту муасисаҳо, ҳатто донишгоҳҳо ва муассисаҳои таълимии вилояти Суғд дар рӯзи паёми президент ба парлумон, аз фаъолият боз дошта мешаванд, яъне аз фаъолияти касбии худ ва ҳама дар назди телевизор нишаста, пайём тамошо мекунанд",- мегӯяд хонум Воҳидова.

Дар ВАО ҳамасола иттилоте нашр мегардад, ки дар рӯзи паёми президент мактабҳо, донишгоҳҳо, беморхонаҳо ва ғайра фаъолиятии асосии худро монда дар утоқ, маҷлисгоҳ синфхонаҳо паём тамошо мекунанд. Бону Файзинисо Воҳидова дар сӯҳбат ба «Озодагон» гуфт, ки дар ин рӯз судяҳо ҳам «истироҳат» мекунанд: "Чун ман ҳуқуқшинос ҳастам, дар рӯзи паём ягон мурофиаҳои судӣ баргузор намегардад ва ошкоро судяҳо баён мекунанд, ки дар рӯзи паёми президент тамоми судяҳои вилояти Суғд ҷамъ шуда, дар шӯрои адлия паём тамошо мекунанд,- афзуд Воҳидова.

Пас аз анҷоми паём кам муассисаҳое пайдо мегарданд, ки онро шарҳу тавзеҳ диҳанд. Аммо сарвари мактаби рақами 6-и Хуҷанд ба «Озодагон» гуфт, ки ҳамасола пас аз ба охир расидани суханронии президент он масъалаҳое, ки ба мактабу маориф алоқаманд аст, ба хонандаҳо муфасалтар мефаҳмонанд: «Имрӯз буҷаи ҷумҳурӣ воқеан касод аст ва дар натиҷаи касодии ин буҷаи кишвар он маблағе, ки барои хизматрасонии камуналӣ, масалан, барои мактабҳои давлатӣ мебоист 92 ҳазор сомонӣ ҷудо кунад, вале муттассифона аз касодии ҳамин буҷет ҳамагӣ 16 ҳазору 600 сомонӣ ҷудо карда шудааст ва ин маблағи 16 ҳазору 600 сомонӣ барои пардохти маблағҳои истифода бурдаи барқ, об, партов, телефон, молҳои конселярӣ, таъмири мактаб кифоят намекунад. Бинобар ин ба хонанадаҳо муроҷиат намудем, ки ҳамон «хайрия», яъне кӯмакпулие, ки волидайн барои ободии мактаб, барои таъмири мактаб ҳарсол пардохт менамоянд давом диҳанд, чаро ки он маблағи барои хизматрасониҳои комуналӣ ҷудо карда шуда, барои мактаб кифоят намекунад- гуфт Файзуллоҷон Файзиев.

Дар идомаи суҳбат Файзиев афзуд, ки дар вақти фаҳмондадиҳӣ хонандаҳо суолҳо медоданд. Ӯ мегӯяд, онҳо мегуфтанд, «барои чӣ ҳамасола аз баромадҳои раиси ҷумҳур маълум мешавад, ки Тоҷикистон тараққӣ кардааст, пешравӣ ҳаст, буҷҷа зиёд мегардад ва даромаднокии халқ, даромаднокии пулию молӣ зиёд шудаанд, аммо барои мактаб пул кам ҷудо карда мешвад». Директори мактаб гуфт, “ба онҳо мегӯям, ки ба ин суоли шумо президент худ ҷавоб додааст: - Имрӯз он шароити иқтисодие, ки Тоҷикистон дорад ва илова бар ин шаш моҳ дар кишвар маҳдудияти барқ мавҷуд аст ва бисёр сармоягузорони хориҷӣ аз набудани барқ ба кишвари мо сармоягузорӣ намекунанд. Барои ҳамин мо имрӯз кӯшиш карда истодаем, ки ҳаддалимкон НБО-и «Роғун» сохта ба истифода дода шавад. Баъди сохтани он, агар Тоҷикистон бо барқ ба пуррагӣ таъмин шавад, пас метавонем ба сармояи хориҷӣ умед бандем.

Рӯзи паёми президент ба намози ҷумъа рост омад ва то ҷое, ки иттилоъ дорам дар тамоми масоҷиди ҷомеи вилояти Суғд маърӯзаи муллоҳо ба паём бахшида шуд. Пас аз як ҳафта низ дар аксар масҷидҳо мавзӯи сӯҳбат паёми президент буд. Масалан, дар масҷиди ҷомеи «Нури ислом», ки имомхатиби он ҳоҷи Ибодулло Калонзода мебошад, 3-юми май низ аз суханрониҳои раиси ҷумҳур борҳо ёдовар шуд. Ва дар ин рӯз ба масъалаи саркашии ҷавонон аз хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ нигаронии худро баён кард ва як ҳодисаро нақл намуд. Ӯ гуфт, ки кормандони камисариати ҳарбӣ як ҷавонро хостанд ба хизмат сафарбар намоянд, аммо пас аз он, ки фаҳмиданд навиштан наметавонад, гуфтаанд, ки чи гуна нафаре, ки савод надорад ба дифои ватан бифиристем ва ӯро ҷавоб додаанд.



Мӯҳр
Хучанд
Агар мачбур накунанд ки пайемро гуш кунед ба хости худ хичи ки гуш намекунад

ин чи шармандагист дар тчк бояд хама рахмоновро тамошо кунанд ин дар кадом акли одами чой мегирад оё беаводи аз инхам гузарад? чаро баромади намояндагони дигар хизбхоро дар телевизион нишон намедихад аммо баромади рахмрновро бояд хама тамошо кунад кучост демократия? ба касе маъкул бошад тамошо кунадба касе не ба рохи худ рафтан гирад на инки бо таври мачбури бояд тамошо кард

I’ll complain that you have copied material from yet another supply

RE:Хонанда?ои синфи як ?ам пайёми президентро тамошо карданд »

Лучшие бизнес идеи здесь p-business.ru
бесплатно и без регистрации:

Что есть там и зачем переходить по ссылке:

1. Подробные инструкции как создать своё дело с нуля.
2. Полезные материалы как улучшить своё финансовое состояние.
3. Инструкции как зарабатывать через интернет (Фриланс).
4. Инструкции как заработать в реале.
5. Материалы о том, как создать свой бизнес в Интернете.
6. И многое другое.

Узнай все плюсы и минусы работы вебкам моделью в интернете на сайте https://www.xmodeling.ru

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)