Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 18 феврал 2019, 15:02

Ситоди Бобоназарова 202 ҳазор имзои ҷамъшударо месӯзонад

22 октябр 2013, 12:01

Ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова тасмим гирифтааст, рӯйхати 202 ҳазор имзоеро, ки ба тарафдории номзади ислоҳотхоҳон ҷамъоварӣ шуда, вале ба Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ пешниҳод нашудааст, бисӯзонад.

Дар ин бора Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси Ҳизби Наҳзати Исломӣ ва раҳбари ситоди интихоботии Бобоназарова, хабар дод ва гуфт, дар сурати ба дасти мақомот расидани ин феҳрист эҳтимоли мавриди таъқиб қарор гирифтани тарафдоронашон вуҷуд дорад. “Айни замон мо ин имзоҳоро дар ҷое маҳфуз нигоҳ медорем. Баъдан, ҳайатеро барои сӯзондани ин имзоҳо ташкил карда, ҳамаи ин имзоҳоро месӯзонем. Ба касе онҳоро нахоҳем дод”,-афзуд оқои Ҳайит.

Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, ки Ҳизби Наҳзати Исломӣ ва Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон шомили онанд, дар моҳи сентябр Ойниҳол Бобоназароваро номзади ягонаи худ дар интихоботи президентии 6 ноябр эълон карданд. Қарор буд, хонум Бобоназарова бо ҷамъоварии 210 ҳазор имзо расман вориди сабқат шуда, барои дарёфти курсии раёсати ҷумҳурӣ мубориза барад. Вале ситоди интихоботии ӯ рӯзи 11 октябр эълон кард, 210 ҳазор имзое, ки Кумисюни марказии интихобот таъин кардааст, натавонист ҷамъоврӣ намояд ва аз ин рӯ аз сабқат берун шудааст. Онҳо гуфтанд, ба тарафдории Бобоназарова 202 ҳазор имзо ҷамъ шудааст.

Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ, мегӯяд, аксари онҳое, ки ба тарафдории Бобоназарова имзо гузоштаанд, аз онҳо хостаанд то рӯйхати имзоҳо ба дасти мақомот нарасад. Ба гуфтаи ӯ, "тибқи Протоколи 32-20, ки натиҷаи як ҷаласаи махфии ҳукумати Тоҷикистон аст, то ҳол мақомот дар ҷустуҷӯи рӯйхати нафаронеанд, ки ба тарафдории Ойниҳол Бобоназарова имзо гузоштаанд".

Интихоботи президентии Тоҷикистон рӯзи шашуми ноябри соли ҷорӣ баргузор мешавад. Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон шаш номзад ба мақоми президентиро сабтином кардааст, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунӣ, яке аз онҳост. Ҳоло ин номзадҳо ва афроди боътимодашон машғули тарғибу таблиғи барномаҳои қаблазинтихоботии худ дар минтақаҳои кишваранд. Аммо ахиран Дидбони ҳуқуқи башар ё Ҳюман Райтс Вотч бо нашри гузорише аз фазои пешазинтихоботӣ дар Тоҷикистон интиқод кард. Ин созмон гуфт, номзадҳое, ки ҳоло ба ҳайси рақиби оқои Раҳмон вориди интихоб шудаанд, на рақиб, балки пуштибонҳои сиёсати ӯянд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • 9999999997777

  • 22 октябр 2013 20:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Фуркат,
интихобкунанда,
интихобкунанда,
интихобкунанда,
интихобкунанда,
Хуррам,
шумо хамат К.... ХАСТЕД БАГАЙРАЗ ЛАГАНД БАРДОРИ ДИГАР КОРНАДОРИ
Посух додан
  • Адл

  • 23 октябр 2013 07:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бо хамин коратон гуе мубориза бурда истода бошед. Он нафароне, ки ба тарафдориатон имзо монд, онхо тарсу нестанд. Шумо бо сузондани имзохо боварии тарафдоронатонро ба коми оташ мепартоед. Маьлум аст, ки тарафдор надоред ва аз оламсузии худ хануз пушаймон нестед. Бовар аст, ки баьди ин кор ягон тарафдор намеебед.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин Хаиташ чи гуна одам бошад?! На фахмиш дораду... на намуд! Чй гуна забонат мегардад, ки мегуй имзохои чамъ кардаро месузонй?! Хурматат нисбати он нафароне, ки хизбатро дастгирй карда буданд хамин аст? Бахона накун, ки ин имзохо ба дасти хукумат мерасад. Аниктараш гу, ки ин кадар имзои чамъкардаамон зиёд набуд. Гапи дурустро рохбаратон Кабирй гуфта буд, ки аз сахар то бегох хамагй (!!!!!) 10 овоз чамъ кардааст. Аниктараш мегуфтй, 10 овози Кабириро месузонем!
Посух додан
  • tojik

  • 23 октябр 2013 12:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ana ma'lum shudan.ee kati 10-ovozaton.soli 1992 tu hamai tojikro axmak karda jang doxti boz sar kardi?
Посух додан
  • 100

  • 23 октябр 2013 12:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба 9999999997777
Дар хакикат ман гуфтаи халки ки баъзе одамон 99 хастанд бовар кардам. Инро бо чумлахоят ва бо номи мондагиат исбот карди. Браво
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!