Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 24 март 2019, 00:00

"Озодагон" ва ҷонибдорону мухолифони Шабнаму Фарзона

10 декабр 2013, 12:30

Нашри хабари вориди бозор шудани клипи нави хоҳарон -- Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед дар “Озодагон” корбарони торнамои моро, ки онро хондаанд, ба ду гуруҳи асосӣ тақсим кард. Аммо онҳое низ ҳастанд, ки аз “Озодагон” интиқод кардаанд.

Ин хабар дар як фурсати кӯтоҳ дар қатори матлабҳои серхонандаи торнамои мо барои худ ҷой дуруст кард ва корбарон ҳам зери онро шарҳборон карданд. Мавзӯи аслии баҳси онҳо пӯшиши либосҳои нимбараҳнаи гуруҳе аз раққосон аст, ки дар ин клип мерақсанд. Баъзеҳо одоби баҳсро сарфи назар намуда, ба таҳқиру дашном гузаштанд, аммо масъулини нашри матлабҳои “Озодагон” чунин комментҳоро иҷозаи нашр надоданд.

Ҳоло як чашмандозе ба ин шарҳҳо хоҳем дошт. Тавре болотар ишора рафт, шарҳнависон аслан ба ду гуруҳ ҷудо шудаанд: онҳое, ки иддао мекунанд, дар ҷомеае, ки мақоми демократиро дорад, ҳар нафар дар интихоби либос озод аст ва онҳое, ки мегӯянд, дар ҷомеае, ки бахши аъзамаш мусалмон аст, набояд нимурёнҳо намоиш дода шаванд. Нахустин шарҳи омада интиқод аз “Озодагон” аст, ки онро корбаре бо номи “Сорбон” навишта: “Хай Озодагон рафта онҳоро дар суд деҳ! Шумо ба либоси онҳо чӣ кор доред охир?” Шояд, ба Сорбон ҷумлаи “...аммо ба назар мерасад, дар баробари ҳаводорон, мунақиддони ин клип ҳам кам нахоҳанд буд. Дар ин клип гурӯҳи духтарон бо либосҳои нимурён рақс мекунанд ва чунин наворҳо дар ҷомеаи суннатии кишвар ҳамеша бо вокунишҳои тезутунд рӯбарӯ мешавад”,-и ин хабар писанд наомадааст. Ва як шарҳнависи дигар низ моро дар паҳн намудани ба қавли ӯ навори фаҳшо муттаҳам кардаву гуфта, мо ҳам дар “гуноҳ”-и Шабнаму Фарзона шарикем.

Нафароне ҳам ба пуштибонӣ аз мо шарҳ коштаанд. Аммо ин ҷо бояд зикр кард, ки ҳадафи хабаргузории мо танҳо пешниҳоди хабар аст ва ҳеч мавқееро пуштибонӣ намекунем. Агар аз ин шарҳ бигзарем, бо комментҳои зиёди мунаққидону тарафдорони клип рӯбарӯ мешавем.

“А” менависад, ки “AЛЛОҲ безор аст аз чунин мусалмонӣ”. Аввалин вокуниши манфӣ дар нисбати ин клипро ҷонибдорони он зуд бо як коммент мусовӣ кардаанд. “Сомон” дар шарҳи худ гуфта: “Ееее Мулоҳо ай паи кори хутон шен кортон чияй? Мон касе да чӣ хеле мефора пуша. Ба шумо боша ами духтарора ҳамаша мекушен меген духтар дар ҷомеаи мо даркор нест”.

“Руслан” мегӯяд: “Озодагон” шумо бо ин мақолаҳоятон якхел "муллоҳо"-и чашмгуруснаи тангфикро аз хоб мехезонед-да”. “А Шабнам басай охи. Бо сар каден”,-навиштааст “Иброҳим”, аммо нагуфта ки чиро дар назар дорад ва ба чӣ ишора мекунад. Корбари дигар ба ин аст, ки “чун ҷои ин ду нафарро дар саҳнаҳои "ҳукуматӣ" танг карданд, бо ин роҳ мехоҳанд гӯянд, ки "Агар маҳдуд ҳам кунед, ҳаводоронамонро аз даст намедиҳем".

“Салим” бошад, ба Фарзона аз “тоату ибодатҳояш” ёдрас кардааст: “Он тоату ибодатҳои дар маҳбас мекардӣ чӣ шуд? Бо Холиқи якто ваъдаҳоят баъди озод шудан ҳамин буд?” Аммо “Алӣ” ба қазияи пурсарусадои соҳибкори маъруф Зайд Саидов ишора кардааст: “Хайрат ин килип аз тарафи Зайд Саидов ба навор набаромадааст агане кормандони Агентии коррупсия боз як делаи нав мекушодан барои вайрон кардани тартиботи миллӣ ё сунатии миллати тоҷик гуфта. Худованд раҳмта хурдай Акаи Зайд”.

“Зафар” бошад, гуфта, ки “ба ҳамааш демократия гунаҳкор”. “Суруш” аз тарафдорони Шабнаму Фарзона ба назар мерасад: “Охир шумоён, ки худ даъвои демократия доред, монед онҳо ҳам озодона фаъолият намоянд. Як кас мегӯяд, ки шумо чӣ кор мекунед? Мо ки ҳоло дар кишвари исломӣ нестем-ку? Дигар ин ки онҳо биҳишт мераванд ё дузах ин кори шумо не. Ин кори Худо. Мисссияи Худоро шумо иҷро накунед. Ба ҷои эрод гирифтан рафта китоб хонед!!!”

“Фирӯз” навишта: “Инҳо боз пеши Ҳоҷӣ Мирзо мераванду дуъо металабанд”.

“Модари тоҷик”: “Ба Шабнаму Фарзона!!! Ба хонандагони ин расона! Рости гап дилам сахт андуҳгин шуд аз хабари клипи нави ин ду санъаткори тоҷик, наход Фарзона ва Шабнам шарм надошта баъди ду моҳ аз даргузаштани падарашон сурудхонӣ ва рақсиданро сар карданд. Куҷост он меҳри фарзандӣ? Ақлу фаросат, нангу номус,муҳаббат ба падару модар, қадрдонӣ нисбаташон... Эй кошки Худованд агар фарзанд атоят намояд танҳо банангу номусдоштаашро... бехтар мебуд агар чунинҳоро насиб нагардонад. Фарзона! Кори нағз накардӣ наход дилат ба падари ғурамаргат насухт ва кайфу сафои ҷавонии худро аз пос доштани хотири падар боло донистӣ... Санъат ин фарҳанг аст, аммо агар дарки он кардан хоҳӣ ақлу фаросат, одаму одамгарӣ, шарму ҳаё дохили онанд ва агар дар ҳақиқат ҳамаи ин шумурдаҳоро санъаткор фаҳмад дар ҳақиқат ҳам санъаткори асил аст...”
“Ростгӯ”: “Аслан ҳамин ду хоҳар хуб медонанд, ки ҳунаре чуз нимурён баромад кардан дигар коре наметавонан ва бо ин роҳ диққати мардуми ба худашон монандро ҷалб мекунанд на овоз доранду на дигараш бо краскаи бисёр рӯи саҳна мебароянд ман бисёр мехостам ки инҳо рафта дар назди Манижа як даҳ сол шогирд мешуданд, аққалан тарзи дуруст хонданро ёд мегирифтанд. Ҳамаи сурудҳои ҳофизони номиро расво кардиян вақте суруди инҳоро мешунавам дилхарош ва бисёр нороҳат мешавам”.

“Сафӣ” танҳо ба гуфтани “шармовар аст” иктифо кардааст.

“Ҳитлер”: “Шабнаму Фарзонаро, ки Худо ҳидоят накунад, касе коре карда наметавонад. Наход ҳамон ҳодисаи бо Фарзона рухдода (аз панҷара мекард нигоҳ, бо ду то чашмони сиёҳ) барояш дарси ибрат нашуда бошад?” Баҳсҳо ҳамоно идома дорад. Муҳаррирон мисли ҳамешагӣ шарҳҳои олудаи таҳқиру тавҳинро иҷозаи нашр намедиҳанд. Зимнан, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш мешавад, ки агар мехоҳед шарҳе бинависед, пас, марзи одобу ахлоқро убур накунед.

PS: Имлои комментнависон бе тағйир гузошта шудааст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ашхосе, ки мулло гуфта танкид карда гуфтаанд, ки кордор набошанд ба мо ва ба шабнам. Оё хамин ашхосе, ки муллохоро танкид мекунанд ва аз онхо дури ва безори мечуянд метавонанд мардонавор дар вакти марги падар ё модар ва ё дигар наздиконашон онхоро бе иштироки мулло чаноза бихонан ё дафн бикунанд. Наметавонад! Дар вакти марги онхо мисли муш намедонанд худро дар кадом сурохи дароранд. Хайфи бар шумо, ки ин гуна ду доги точикро, химоят ва пуштибони мекунед. Хайфо хайф. Кучо шуд он номуси мардонаги, фарханг, маданияти волои точикиву мусалмони. Дигарон аз дидани бадани нимурёни точикдухтар ла3зат мебаранд ва баъзехо инро фахр медонанд. Ох...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Садкаи одам шавад ин ..
Посух додан
  • Рахим

  • 11 декабр 2013 02:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ба Сорбон-бародар ту нангу номуси точикию мусулмони дори е на?
Посух додан
  • Точик

  • 11 декабр 2013 07:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Озодагон ва дигар расонахо ин клипи сустакро хуб реклама карданд. Рекламаи бепули Шабнам ва Фарзона.

Умуман бояд чомеаи мо бештар дар мавриди бекори, бебарки, нодори ва дигар мушкилот фикр кунад, на ин ки тани нимлучи Шабнам. Мехохад, нишон додан гирад. Ба мардум маъкул аст, ки ин кадар вокуниш нишон медиханд.
Посух додан
  • Сорбон

  • 11 декабр 2013 12:32
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рахим,

Ну нангу номус гуфта чиро мефахми? Моро дар Росияву дигар давлатхои СНГ гамчун гастербайтер ва фундаментал мешиносанд. Хамин аст нангу номуси точики ва мусулмони?. вакте ки, саънаткоре ё олиме назари берунаро оиди точикхо дигар мекунад оё ин бад аст??? аз хоби гарони асри миёна хезед ай Гумрохон!
Посух додан
  • Ян бандаи мусалмон

  • 11 декабр 2013 13:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хама гапи шумо фойда надорад. Агар ин апаю хохар тоба накунанд дар назди Худо чавоб мегуюнд. Худо тауфик шон тияд ОМИН. агар фикр кунанд ки ин дунё факат барои пулу молай аз худо натарсанд вой бар холшон...
Посух додан
  • рахим

  • 11 декабр 2013 13:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ба Сорбон 21-сол шуд хестагиен ай хоби гарон мондаги либосотона брорен баьд бомаданият мешен.Шумо барин бенангу номусо точика багастербайтер табдил доден.манам дар россия хастум лекин шармандагист зани точикро нимбарахна гаштануш
Посух додан
  • Сорбон

  • 11 декабр 2013 13:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
рахим,
Ин кадар "бономус" бошед тамошо накунед. Рафта хамрохи зану хохаратон дар Кандахор зиндаги кунед. Бо асаби ором дар ончо рохат мекунед!
Посух додан
  • Abdu

  • 11 декабр 2013 14:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
кучо шуд шарми занонаи точик ? Шарм аст, ки имруз чунин занхо марди точикро шарманда мекунанду дуХтаронро гумрох. Тавба кунед ва чамияти моро расво накунед. Магар ин мусалмонист ? падару модари инхо ягон тарбияи исломи надода будаянд.

кучо шуд шарми занонаи точик ? Шарм аст, ки имруз чунин занхо марди точикро шарманда мекунанду дуХтаронро гумрох. Тавба кунед ва чамияти моро расво накунед. Магар ин мусалмонист ? падару модари инхо ягон тарбияи исломи надода будаянд.

кучо шуд шарми занонаи точик ? Шарм аст, ки имруз чунин занхо марди точикро шарманда мекунанду дуХтаронро гумрох. Тавба кунед ва чамияти моро расво накунед. Магар ин мусалмонист ? падару модари инхо ягон тарбияи исломи надода будаянд.
Посух додан
  • рахим

  • 11 декабр 2013 16:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба сорбон ба Кадахор ту рав ончоба беришонро "дуст" медоранд.Ту худат ба европа рав гурухи "нудист"-хоба унча хама " голий"мегарданд.Кайф карда гард.
Посух додан
  • Сорбон

  • 11 декабр 2013 17:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
рахим,

нудист будан 1000 маротиб хуб аст аз терорист будан!
Посух додан
  • рахим

  • 11 декабр 2013 18:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ба сорбон.Авгонхо терорист нестанд онхо барои озодии ватанашон мечанганд номусу нанг доранд.барои ту ва дустони амрикогию яхудиенат терористанд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хеч кас хукук надорад онхоро зери бахс мусохиба кунад.Ин конуншикани нест!Чи хел сару либос пушад хак дорад.Агар 30 сол пеш ягон мард шорты мепушид хама механдид имруз ба хама муд шудааст.Имруз Шабнам пушид баъд аз 5-6 сол ин муд мешавад ва аксар чунин пушанд мо хамаи инхоро зери лаънат хонем баъд?
Посух додан
  • нанг

  • 11 декабр 2013 21:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Озодагон навиштахои маро пурра чоп кунед.Нисбати ин миллатфурушон.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
инхо санъаткоронанд худашона хар хел мекунанд ки ба тамошобон маъкул шавад масалан агар клипи боло ба либосхои аврупои суруд хонда бошан мана дар ин тарона назар кунед http://video.yandex.ru/search?text=Шабнами%20Сураё%20ft%20Фарзо
наи%20Хуршед%20-%
20Ёрам%20%28New%20Clip%29&where=all&filmId=hHF__CFjUXIСомон,

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!