Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 17 август 2022, 00:21

Сӯҳроб Шарифов: “Бояд ҳамапурсӣ шуда, сохтори давлатдорӣ иваз гардад”

4 март 2014, 17:37

Гуфтугӯи Ҳумайрои Бахтиёр, хабарнигори “Озодагон” бо Сӯҳроб Шарифов -- вакили Маҷлиси Намояндагон дар бораи ҳаводиси Украина, мавқеъгирии Русия ва муносибати Маскав бо Душанбе.


Озодагон: Ин шабу рӯз кишварҳои ғарбӣ ба шиддат аз амалкарди Русия дар ҳодисаҳои Украина, бахусус, Қрим нигаронӣ доранд. Ҳатто Амрико аз эҳтимоли ироаи таҳримҳо зидди Маскав мегӯяд. Шумо ҳам дар пайиин ҳаводис дар саҳифаи Фейсбуки худ Владимир Путинро сиёсатмадори заиф номидед...

Шарифов: “Бале. Русия аз замони пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Қримро ҳамчун диёри худ дар назар дошт. Баъзе аз сиёсатмадоронаш, барои мисол, Юрий Лужков -- собиқ раиси шаҳри Маскав низ чанд бор гуфта буд, “Қрим аз мост ва мо онро дер ё зуд хоҳем гирифт.” Аслан Русия дар қиболи давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳеч дурнамое надошт. Инро ҳама медонистанд. Аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил миллатгароён, скинхедҳо ва шовинистони худро дастгирӣ мекард. Бо сари қудрат омадани Владимир Путин пуштибонӣ аз онҳо боз ҳам қавитар гардид. Путин худ миллатгароёнро пуштибонӣ мекунад, аммо вақте миллатгароҳои Украина садо бароварданд, тамом, барояш фоҷиа буд. Путин “Наполеони хурд” аст. Барои ҳамин, вақте ҳаводиси Украина рух дод, Русия якбора иродаашро аз даст дод. Вале ин барои давлатҳои Ғарб сенарияи ошно буд. Русия ноогоҳона ба коре рафт, ки акнун роҳи бозгашт нест. Тавре мегӯянд, “дар қапқон панири хушкшуда ҳаст ва он аз гулӯ намегузарад”. Ҳамакнун тамоми давлатҳои ҷаҳонӣ бар зидди Русия баромад мекунанд. Ҳарчанд Русия мегӯяд, ки барои мавқеъгирӣ ва баҳогузории дигарон ҳеч парвое надорад, аммо ин тавр нест. Русия дар сиёсат дили пок надорад. Русия мисли дигар давлатҳои Ғарб сиёсати аҳмақона, дурӯяву серӯягӣ дорад. Қаблан бо вуҷуди ҳама қудраташ ба Ғарб сар “хам” мекард. Даъво мекард, ки моро қабул кунед, мо ҷузъе аз Осиё нестем, мо ҳам кишвари ғарбӣ. Аммо дар натиҷа исбот кард, ки аз Осиё берун нарафтаааст. Русия бо он амале, ки кард, дар сиёсат дигар бо Ғарб баробар намешавад. Тоҷикистон сиёсати Русияро дар Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазистон дар ёд дорад. Аз ин хотир, дар муносибат бо Русия мо набояд беэҳтиётӣ кунем.”

Озодагон: Агар Русия, ба гуфтаи Шумо, воқеан сиёсати зараровар дошта бошад, пас, фурсате нарасидааст, ки Тоҷикистон аз ин шарики стратегии худ даст бикашад?

Шарифов: “Дуруст аст, ки мо шарики стратегӣ ҳастем. Барои Русия шуда, мо худро барои дигар давлатҳои ҷаҳон зери хавфу зарбаи туфангу бомб гузоштаем. Бо ин ҳама меҳрубониҳое, ки мо дорем, Русия боз ҳам муносибати дуруст надорад. Русия ва раҳбари сиёсати ӯ шароитро чунон сохтаанд, ки муҳоҷирони кории Осиёи Марказӣ ҳамоно номи “Ҷамшуд”-ро доранд. Ин ҳама хидмате, ки шаҳрвандони Осиёи Марказӣ барои Русия мекунанд, ҳанӯз ҳам барои ҷонашон душман доранд. Сочиро муҳоҷирони осиёӣ сохтанд, аммо бар ивази заҳматашон миннатдорие нашуниданд. Ин нописандӣ аст. Русия як абарқудрати нописанд аст.”

Озодагон: Мегӯед, Тоҷикистон барои Русия худро зери хатар гузошт ва мисле, ки Маскав нисбат ба Душанбе нописандӣ дорад. Оё ин маънои онро надорад, ки дар сиёсат мо заъф дорем ва аз ин сабаб дар хостаҳои худ бо Русия муваффақ намешавем?

Шарифов: “Мо истифода карда натавонистем ва муваффақ нашудем. Ба назари ман, Русия дар маҷмуъ муносибати худро бо Тоҷикистон бояд аз сар бигирад. Арзишҳо дар муносибат бояд дигар шаванд.”

Озодагон: Ишора кардед, ки Русия сиёсати аҳмақона ва дурӯя дорад. Гуфта метавонед, ки Тоҷикистон дар сиёсат чанд “рӯ” дорад?

Шарифов: “Ман қаблан ҳам гуфта будам, ки мо ба ислоҳот ниёз дорем. Мо бояд бар зидди он ҳама таҳдиду хатарҳое, ки ба мо аз собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мерос гузоштаанд, берун бароем. Ман бар ин назар ҳастам, ки Тоҷикистон дар системаи унитарӣ ва автономӣ бояд ислоҳот бигзаронад. Дар Тоҷикистон бигзор танҳо ноҳияву марказ вуҷуд дошта бошад. Мақоми ноҳияҳо бояд баланд бардошта шавад. Ҳамин гуна як системаи давлатӣ бояд бисозем. Ҳамаи он сохторе, ки мо дорем, ин мероси замони Шӯравист. Ҳамаи ин бо мақсади дур кардани минтақаҳо аз ҳам ва тақсим кардани Тоҷикистон сохта шудааст. Ба назари ман дар Тоҷикистон бояд як ҳамапурсӣ баргузор карду сохтори давлатдориро иваз намуд.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дороб,
Рост гуфтед лекин бародар гапхои хакикатат кати дигар гап надорам ин сухроб шарифов як агенти гарб аст
Посух додан
  • pomiri

  • 5 март 2014 04:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Albata maxsus in reklamayu dodu faryodho ruze in mintaqaro vodor xohad kard,ki kadomero dar pushti xud guzorandu az muxtoriyat istifoda kunand.
Maxsusan ”ogoxon” dar oyandai nazdik laxchai otashe dar gului davlati tojik xohad shud. Na tanho rusho,balki ba in mintaqa chashmi Iran,ki juzi shiai xud medonad anduxta shudaast.in mintaqaro harchi zudtar az muxtoriyat girift.
Посух додан
  • Точик

  • 5 март 2014 07:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаноби Шарипов! Шумо мегуед, ки Точикистон шарики стратеги бо Россия аст. Яъне муттахид. Бубинед, тамоми кишвархои Аврупо ва Япония дар хама холат аз сиесати Амрико пуштибони мекунанд. Дар мавзуи Украина низ. Пештар дар ишголи Афгонистону Ирок ва бомбарон кунии Либия низ аз Америко натанхо пуштибони карданд балки дар ин чангхо иштирок карданд. Ана инро шарикии стратеги мегуянд. Дар хама холат аз шарики стратегии худ химоят ва тарафдори мекунанд. Аммо хукуматдорони Точикистон чи? Бо ном худро шарики стратегии Россия мегуянд вале дар амал дар ягон масъалаи мухими ки Русия ба пуштибонии сиеси эхтиеч дорад, тарафдорияшро эълон намекунад. Дар чанги Россия бо Гурузия дар бораи Абхазия ва Осетия низ Точикистон сукутро ихтиер кард. Дар масъалаи Украина низ. Баъди чунин мавкеъгири боз мансабдорони точик шарм надошта аз Россия гила мекунанд ки Россия дар хамкори бо мо чидди нест, моро кумак намекунад, сармоягузории чидди намекунад ва гайра. Хулоса шумо мансабдорони точик якруя, як пагона шавед шояд Россия низ бо шумо чидди муносибат кунад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
маладес С.Шарифов хайрият як одами баномусхам будаст дар ин хукумати точикистон
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Боракалло! Браво! Ана дурнамои рушд!
Посух додан
  • Чамшед

  • 5 март 2014 09:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Точик хуб беакл будаи!Хайфи номат!Ягона-амали-дурусти-хукумти-кишвар ин харфе-нагуфтан-ба-корхои-гурчихо-ва-украинх
ои-бародар-аст!Акл-надори-русхо-ба-да
влатхои-мустаъкили-аъзои-ООН-интервенция-к
Посух додан
  • Дилёб

  • 5 март 2014 09:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бехтарин мусохиба! Бародар Сухроб дар умраш як назари озоду мантики баён намудааст, аммо афсус, сад афсус, ки инро хам дар муносибаити беруна. Дар масъалахои дохила бошад бисёр кушиш мекунад, аммо кушишаш танхо барои гурез аз суоли журналист ва халос шудан аз вазъият аст. Ба хар хол дар ин кор ба кавле "устугон надорад" ба хама суол чавоб пайдо мекунад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам Шарифов Шумо сиесатро аз ки омухтаед?Аз кадом кори хайри сиесатмандони гарб Шумо рози хастед?Магар такдири Украина пас аз дохил шуданаш ба аъзогии "ЕС"ба мисли БОЛГАРИЯ ВА ЮГОСЛАВИЯ намешавад?
Посух додан
  • Дороб

  • 5 март 2014 10:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Комрон мебахши бародари азиз аввалан ман шуморо саг нагуфтаам ва барои ин на хукуки маънави ва на хукуки дигаре дорам.Хосатан,ки агар точик боши эхтиром мегузорам!Вилояти мухтор бо хуссуятхои этники-фарханги ва забони ба ин мардум дода шудааст,касе онхоро аз ин территорияи маъмури-миллияшон мархум карда наметавонад,чуноне,ки точиконро касе аз чумхурияшон махрум карда наметавонад!Сониян имруз на танхо точикони,балки хазорон нафар точикони дигар ва хатто русзабонхои Точикистон низ дар Руссия худро аз точику зодаи Точикистон будан кафо мекашанд.Чи ичол миллати бузургро дар 1000 соли бедавлати ба чунин бесаводи ва ночури бо номи "Чамшуд"кашиданд ва cоли 92 бародарони сунимазхаби туркамон чун вахоби точикро куштанд ва иктисодашро поён карданд! Бале мардуми Бадахшон аксаран исмоилиямазхаб астанд!Ин факти таърихи аст!Мазхабе,ки аксари кулли шохони Сомони,устодон Рудаки,Фирдавси,Сино,Беруни,Носири Хусрав,Закарийи Рози,Насарридини Туси,Мавлои Рум,Мухамма Икбол,Абулкосим Лохути(аз тарафи модарияш,тарафи падарияш 12-имома)ва гайрахо доштанд ва миллати мо бо онхо ифтихори чахони дорад ва дар пойтахту шахрхои кишвар аксари ин бузургон хайкал доранд!Чи илоч ягона факти факти таърихиест,ки точикони исмоилии Бадахшони-афгонистон мехостанд,ки бо миллати точики худ ва давлати Точикистон пайванданд.Ё нодуруст карданд,ки худро точик гирифтанд ё бояд узбак мегуфтанд худро!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Фаромуш накунед,ки агар собик ИТТИХОДИ ШУРАВИ намебуд, давлати Точикистон дар руи замин вучуд дошта наметавонист.Шумо метавонед алокаатонро аз ФР,ки сиесаташ ба Шумобаринхо маъкул нест барканед.Ягон садде вучуд надорад.
Посух додан
  • said

  • 5 март 2014 11:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Молодес.....ҳамин корро ҳатман амали кардан даркор.....обод бошед..
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сухроб! Ин акидае, ки Шумо доред, оё дар Парлумон тарафдоре доред?. На, Шумо чони гапро мегуед. Сиёсатмадорон ва давлатсозони мо ба номанд. Чахонбинии Шумо васеъ аст ва дурро андеша мекунед. Вале, афсус, ки ин акидахои Шуморо ба Президент дигар хел трактовка мекунанд ва мегуянд, ки балои сари мо мешавад...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сухроб Шариф барои Шумо як суол ??? Барои чи Шоира Гулрухсор дар як нишаст дар сари Шумо бо бутилка зад?
Посух додан
  • Рустам

  • 5 март 2014 12:30
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
акаи Сухроб фикри мусбатро иброз доштед, агар мо начоти миллатро бидуни мунокиша тарики референдум рохандози намуда бо назардошти афкори олимонаи шумо шакли президентиро аз ЧТ дафъ карда низоми парлумониро бо ширкати фарзандони асили миллат аз тамоми гушаи ватанамон ташкил намоем ватан дар кутохтарин муддат пешрафт мекунад ва аз масхараи оламиён рахо мешавем, ин чоплусиву пойбусии як тудаи тасодуфи ва чехрахои дур аз тамаддун дили моро сахт гирифтааст.
Посух додан
  • Масчохи

  • 5 март 2014 12:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дороб
Дирӯз, 18:49 Он сафсатае,ки ту гуфти умуман вокеият надорад!Харчанд мегуи,ки махалчи нестиву ва гайраву хоказо,лекин аз суханхоят буи чудоиандози меояд.Харчанд ман ба суханхои С Шарифов мукобилам,лекин суханхои ту низ на маъно доранду на мантик.Ман намедонам он статистикае,ки ту оварди аз кучо гирифта шудааст.Дар бораи шоирон низ гуфти русхо ПЕРЕГНУЛ палку!Аз кучо ту гирифти,ки Рудаки исмоили буд?ё Фирдавси?Синову Беруни?Якумаш ин ки ту бо ин фикри ифоси худ аллакай дар байни мусалмонон тафрика андохта истодаи,дуюмаш,ин ки ин суханхои ту ЯК ДУРУГУ САФСАТАИ одами бемор аст!Ачоиб мардумед шумо помирихо.Вакте лозим шавад худро точик намешуморед,харчанд ними калимахои забони шумо точики буда номхои шумо за номхои точикии меваву сабзавот иборат аст.Вакте сухан дарбораи бузургон меравад,ки СОФ БА ЗАБОНИ хозираи точикони Точикистон эчод кардаанд худро пайвандони он шахсони бузург мехисобед!Дар Руссия ба гайр аз шумо дгар касе аз точик буданаш ор намекунад.Бас кун сафсатахониро.Дар Помир хамаги 70-80 хазор ахолие хаст,ки исмоили мазхаб асту бо забони помири харф мезаад,дигар бокимонда хама сунимазхаб буда бо забони точики-дари харф мезананд.Агар хукумати Точикистон чунин кореро анчом дихад,ки вилоятхоро бархам дихад,аз чумла помирро бисёр кори хуб хохад шуд.Вагарна замоне Руссия ана хамин тавр метавонад помирро азони худ кунад.Ва хамаи мо медонем,ки помирихо бо ду даст ба ин рози хоханд шуд.Зеро камбагалтарин мардуми Точикистон дар помир зиндаги мекунанд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!