Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 18 феврал 2019, 13:54

Чиниҳо меоянд... Аммо ин Ватан бояд бимонад, соҳибмансабон!

18 декабр 2013, 11:40

Каюмарси АТО

Аз ҷӯроб то кӯлоҳамон маҳсулоти хитоӣ (чинӣ) аст. Аз қанду шакар то биринҷу равған, бодирингу шалғам ва аз масолеҳи сохтмонӣ то техникаи маишӣ ҳам Made in China-анд. Бар иловаи ин, дар чанд соли охир омадани теъдоди зиёди шаҳрвандони ин кишвари ҳамҷавор ба Тоҷикистони кӯчак низ ба мушоҳида мерасад.

Тақрибан як сол пеш дар маҳаллаи мо ҳамагӣ як хитоӣ ё чинӣ мезист. Ҳоло теъдоди онҳо тақрибан ба 30 расидааст. Тасаввур кардан душвор аст, ки баъд аз як сол ин рақам ба чанд баробар хоҳад шуд.

Агар дар як маҳаллаи мо беш аз сӣ хитоӣ зиндагӣ дорад, пас, дар тамоми қаламрави кишвар онҳо чӣ қадаранд? Оё мақомот фикр кардаанд, ки ҳузури чиниҳо дар кишвар чӣ паёмаде дар оянда дошта метавонад? Дар ҳоле ки аксари мардони тоҷик барои дарёфти қути лоямуте муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд ва занҳо муҳтоҷи як бурида нону пули бештаранд.

Дар мавриди даҳҳо зани фиребхӯрдаи тоҷик матбуот борҳо навишта буд. Бо яку ду кӯдак зани тоҷикро партофта рафтани шаҳрванди Хитой дар қиёс ба сару садоҳое, ки шунида мешавад, дарди бахайр менамояд. Чанд вақт пештар хабари дастдарозии як хитоӣ ба номуси духтарчаи ноболиғ ҳам паҳн шуд. Оё ин ягона чунин ҳолат аст?

Ба наздикӣ яке аз дӯстон гуфт, аз рӯи шунидаш дар пойтахт баъзе фоҳишахонаҳое ҳаст, ки махсус ба хитоиҳо хидмат мерасонад. Агар ин хабар ҳақиқат дошта бошад, пас, хеле риққатовар аст.

Медонам, ки Чин моро мехӯронаду мепӯшонад. Чин ба мо арзонтарин чизҳоро пешниҳод мекунад, чун медонад камбағалем. Медонам, Чин ба мо қарз додаасту агар хоҳад ба ивазаш як пораи дигар замини кишварро мегирад ва ё шояд бо фоизҳояш ними Тоҷикистонро. Вале намедонам, шаҳрвандонаш дар ин ҷо чӣ меҷӯянд? Мегӯед, мутахассисанд? Пас, кадрҳои мо куҷоянд? Магар ҷавонони мо қобили кор нестанд? Чаро ба коргарони хориҷӣ, аз ҷумла хитоиҳо, пули зиёд дода мешаваду барои кадрҳои ҷавони тоҷик ҳамагӣ чандсад сомонӣ?

Чанд муддат аз баҳри навиштан гузашта будам. Вале ин бор менависам ва ба ҳукуматдорон мегӯям, имрӯз курсиҳоро ба Шумо бовар кардаанд, на барои он ки ҳарчи бихоҳед бикунед. Лутфан, як бор ба дарди ин мардуми афгору рӯҳшикаста ҳам гӯш кунед. Курсии Шумо имрӯз ҳаст, фардо нест. Вале ин Ватан, ин замину кӯҳҳо бояд барои мо бимонад, барои ояндаи мо, барои наслҳои мо. Шояд Шумо хеле ба осонӣ онро соҳиб шудаед, вале гузаштагони мо барои ин сарзамини кӯҳсор хеле ҷон бохта ва хеле бойигариҳояшонро аз даст додаанд. Мефаҳмед?

Ҳоло ин ҳама оғози як хоби даҳшатангез аст. Намедонам, аз ин хоб, ки “аждаҳои сурх” ба он ворид шудааст, бармехезем, ё на.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Абдуллох,
Пеш аз-хоб рафтан 10 шаб саратро 3 бори сахт ба деволи андовапуш куб. Худо хохад шифо меёби
Посух додан
  • Мирзо

  • 22 октябр 2016 21:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Окои Каюмарс тули чанд соле ки мешиносам шуморо мавзухоятро мехонам хамин мколаат аз хама дида бехтару хуб омадааст.Ахсан.Акнун дарди моро фахмиди вакте ба хохару бародари мо аз чониби масъулин фишору зулм мешавад вакте хукукхои мо аз чониби "мухофизони хукук" поймол мешавад дар Ватани худамон бисёр аламовар аст.Акнун чун хабарнигор дарди дили мардуми точика гуфти ва донисти.Ахсан.Доги рузро баён карди ва нигарон бояд буд аз ояндаи ин "чинихо" Худо накунад замину обу хоки моро гасб кунанд ва ё хукуматдорону курсинишинон ин замини ачдодиии точикро фурушанду ба хорича гурехта раванд ана баъд мусибат.Чораи инро имруз мебояд дид агар масъулини кишвари мо дар рагхои худ хуни механдусти дошта бошанд
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!