Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 17 август 2022, 00:18

Сӯҳроб Шарифов: “Бояд ҳамапурсӣ шуда, сохтори давлатдорӣ иваз гардад”

4 март 2014, 17:37

Гуфтугӯи Ҳумайрои Бахтиёр, хабарнигори “Озодагон” бо Сӯҳроб Шарифов -- вакили Маҷлиси Намояндагон дар бораи ҳаводиси Украина, мавқеъгирии Русия ва муносибати Маскав бо Душанбе.


Озодагон: Ин шабу рӯз кишварҳои ғарбӣ ба шиддат аз амалкарди Русия дар ҳодисаҳои Украина, бахусус, Қрим нигаронӣ доранд. Ҳатто Амрико аз эҳтимоли ироаи таҳримҳо зидди Маскав мегӯяд. Шумо ҳам дар пайиин ҳаводис дар саҳифаи Фейсбуки худ Владимир Путинро сиёсатмадори заиф номидед...

Шарифов: “Бале. Русия аз замони пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Қримро ҳамчун диёри худ дар назар дошт. Баъзе аз сиёсатмадоронаш, барои мисол, Юрий Лужков -- собиқ раиси шаҳри Маскав низ чанд бор гуфта буд, “Қрим аз мост ва мо онро дер ё зуд хоҳем гирифт.” Аслан Русия дар қиболи давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳеч дурнамое надошт. Инро ҳама медонистанд. Аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил миллатгароён, скинхедҳо ва шовинистони худро дастгирӣ мекард. Бо сари қудрат омадани Владимир Путин пуштибонӣ аз онҳо боз ҳам қавитар гардид. Путин худ миллатгароёнро пуштибонӣ мекунад, аммо вақте миллатгароҳои Украина садо бароварданд, тамом, барояш фоҷиа буд. Путин “Наполеони хурд” аст. Барои ҳамин, вақте ҳаводиси Украина рух дод, Русия якбора иродаашро аз даст дод. Вале ин барои давлатҳои Ғарб сенарияи ошно буд. Русия ноогоҳона ба коре рафт, ки акнун роҳи бозгашт нест. Тавре мегӯянд, “дар қапқон панири хушкшуда ҳаст ва он аз гулӯ намегузарад”. Ҳамакнун тамоми давлатҳои ҷаҳонӣ бар зидди Русия баромад мекунанд. Ҳарчанд Русия мегӯяд, ки барои мавқеъгирӣ ва баҳогузории дигарон ҳеч парвое надорад, аммо ин тавр нест. Русия дар сиёсат дили пок надорад. Русия мисли дигар давлатҳои Ғарб сиёсати аҳмақона, дурӯяву серӯягӣ дорад. Қаблан бо вуҷуди ҳама қудраташ ба Ғарб сар “хам” мекард. Даъво мекард, ки моро қабул кунед, мо ҷузъе аз Осиё нестем, мо ҳам кишвари ғарбӣ. Аммо дар натиҷа исбот кард, ки аз Осиё берун нарафтаааст. Русия бо он амале, ки кард, дар сиёсат дигар бо Ғарб баробар намешавад. Тоҷикистон сиёсати Русияро дар Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазистон дар ёд дорад. Аз ин хотир, дар муносибат бо Русия мо набояд беэҳтиётӣ кунем.”

Озодагон: Агар Русия, ба гуфтаи Шумо, воқеан сиёсати зараровар дошта бошад, пас, фурсате нарасидааст, ки Тоҷикистон аз ин шарики стратегии худ даст бикашад?

Шарифов: “Дуруст аст, ки мо шарики стратегӣ ҳастем. Барои Русия шуда, мо худро барои дигар давлатҳои ҷаҳон зери хавфу зарбаи туфангу бомб гузоштаем. Бо ин ҳама меҳрубониҳое, ки мо дорем, Русия боз ҳам муносибати дуруст надорад. Русия ва раҳбари сиёсати ӯ шароитро чунон сохтаанд, ки муҳоҷирони кории Осиёи Марказӣ ҳамоно номи “Ҷамшуд”-ро доранд. Ин ҳама хидмате, ки шаҳрвандони Осиёи Марказӣ барои Русия мекунанд, ҳанӯз ҳам барои ҷонашон душман доранд. Сочиро муҳоҷирони осиёӣ сохтанд, аммо бар ивази заҳматашон миннатдорие нашуниданд. Ин нописандӣ аст. Русия як абарқудрати нописанд аст.”

Озодагон: Мегӯед, Тоҷикистон барои Русия худро зери хатар гузошт ва мисле, ки Маскав нисбат ба Душанбе нописандӣ дорад. Оё ин маънои онро надорад, ки дар сиёсат мо заъф дорем ва аз ин сабаб дар хостаҳои худ бо Русия муваффақ намешавем?

Шарифов: “Мо истифода карда натавонистем ва муваффақ нашудем. Ба назари ман, Русия дар маҷмуъ муносибати худро бо Тоҷикистон бояд аз сар бигирад. Арзишҳо дар муносибат бояд дигар шаванд.”

Озодагон: Ишора кардед, ки Русия сиёсати аҳмақона ва дурӯя дорад. Гуфта метавонед, ки Тоҷикистон дар сиёсат чанд “рӯ” дорад?

Шарифов: “Ман қаблан ҳам гуфта будам, ки мо ба ислоҳот ниёз дорем. Мо бояд бар зидди он ҳама таҳдиду хатарҳое, ки ба мо аз собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мерос гузоштаанд, берун бароем. Ман бар ин назар ҳастам, ки Тоҷикистон дар системаи унитарӣ ва автономӣ бояд ислоҳот бигзаронад. Дар Тоҷикистон бигзор танҳо ноҳияву марказ вуҷуд дошта бошад. Мақоми ноҳияҳо бояд баланд бардошта шавад. Ҳамин гуна як системаи давлатӣ бояд бисозем. Ҳамаи он сохторе, ки мо дорем, ин мероси замони Шӯравист. Ҳамаи ин бо мақсади дур кардани минтақаҳо аз ҳам ва тақсим кардани Тоҷикистон сохта шудааст. Ба назари ман дар Тоҷикистон бояд як ҳамапурсӣ баргузор карду сохтори давлатдориро иваз намуд.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Tojik

  • 5 март 2014 20:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Man Ba suhanoni guftai Sharifov rozi astam, va yak chizro mehoham kaid kunam, ki mo hatmat boyat viloyatho va avtonomiro az bain bibarem. Baroi chi ? Baroi on ki Vahte intihobori presidenti oyanda meoyad va vahte Emomali az bain meravar shoyad ki davlatdoroni hozira yane heshu tabori prezident kursiro az dast nadihand gufta bo apazicionerhoe ki oyanda naksha dorand baroi davlatdoriro ivaz kardan jangu janjol shuda in viloyathoro yo in ki HORUG hohishi judo shudan az Tojikiston talab bikunad. Chihele ki imruz dar Ukraina didaistodaem. Va man ehsos mekunam ki Davlati Emomali ba osoni az dast nameravad va albata zadu hurde meshavad, Va hudo Nigahbon boshad az in zaduhurd.
Посух додан
  • Точикак

  • 5 март 2014 21:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"Як гап аз ашату якташ аз машат". буз гусфандро хандидааст, ки сиёсати дуруяву серуя дори, о худат ку аккалан якруяшро надори, як киргизи сад сол пеш хамчун миллат шинохта шударо ба гап дароварда наметавонед, боз чор мезанед, путин ин тавр путин ун тавр, путин бачаи очаи мо магар. ки барои мо коре кунад? Барои чи худи шумо хич кор накардед. Зидди IRS овоз додед? не...Вилоятхо гум шаванд, нохиябози сар мешавад, ман дангарагиву ман Айниги, барои нест кардани махалбози адолатро пеша кардан даркор на ин ки прокурору начальники милисаву раиси нохия як таго дошта бошанд адолат дар мазор мешавад.... ЭЭЭ это же элементарно Сухроб Шарифов
Посух додан
  • помири

  • 5 март 2014 22:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
памирцы вам просто завидуют.вас мало а гордость целый мир.а жумшуд и румшут пускай лають все равно их никто не слышит.

памирцы вам просто завидуют.вас мало а гордость целый мир.а жумшуд и румшут пускай лають все равно их никто не слышит.
Посух додан
  • Масчохи

  • 5 март 2014 23:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
НАСИМ,
Тупойтарин одам худи ту ва хамшахриёни ту хастед,ки ба афсонахои коммунистон бовар карда Бузургони миллати точикро исмоиливу фалону бисмадон мегуед.Коммунистон охоро ХАТТО атеист меомиданд,ба ин хам бовар кунем?Онхо барои миллати точикро аз ДИН дур кардан чи афсонахое намебофтанд.Яго помириеро надидаам,ки худро ТОЧИК гирад.Пас точик,ки худро намегиред,барои чи фарзандони миллати точикро аз худ карданиед?Магар акалан яке аз онхо бо забони шумо эчодиёте дорад?Пас хаминро бидонед,ки РУДАКИВУ СИНО,Фирдавсиву ХАЙЁМ ба ШУМО УМУМАН дахл надоранд!УМУМАН!!!Хатто Носири Хисрави Кубодиёни!Онхо хатто ЯК КАЛИМА ашъоре бо забои шумо надоранд.Караму чувориву шафтолуву,гелосу,олучаву зардолухо: Чамшуд ин як роли армание хаст,ки нисбати точикон кинаву адовате дошт.Дар забони точики калимаи чамшут нест.Дар аввали барномахои наша раша тамоми мардуми осиёи миёнаро(аз чумла шумоён)хачв мекарду механдид.Ва танхо дар барномахои охираш онхоро оварда ба точикон часпонд. Ва мардуми точик ХАРГИЗ чамшут набуд ва нест.Мегуи помирихо точиканд,пас чаро онхо худро точик намешуморанд?Бас КУНЕД мифу афсонаи худро оиди мардуми ПОМИР!Хамин кадар вохима доред,ки гуиё аз мардуми шумо донотар мардуме нест!Ба гайр Мирсаид Миршакар каси дигаре надоред.Сабаби камбагал будани мардуми помир ин "халолхур"будани онхо нест!Сабаби асосии ин минтаки окибмонда ва рельефи ноувофики помир ва сипас ноухдабароии мардуми помир аст.мардуми вилояти Сугд дар хукумат нест,лекин аз хисоби тичорат зиндагии хуб дорад.Ва мисли шумо ба подачкахои Огохон нигарон нест. Карамшои номухтарам АРАБХОИ ПУСИДА ин миллати хазрати ПАЁМБАРИ Аллох Мухаммад СА аст.Миллати сахобахои ислом.Мусулмон аз руи китоби КУРЪОН бояд номи исломи монад на номи сабзавоту мевахову хайвонотро!Ё ки исмоилихо мусалмон нестанд?Шумо чи хел мусалмонед,ки шахс парасти мекунед?Магар парастидани огохон ин щшахспарасти нест?магар дар ислом ин чиз харом нест?
Посух додан
  • Alex

  • 6 март 2014 09:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Господин Шарипов, вижу хотите стать очередным придворным шутом у которого нет мозгов и которого и заставляют говорить вещи о которых нормальные люди, имеются в виду "разумные люди" ни то что намекать, даже думать не станут о таких тупых вещах, не старайтесь походить на Жириновского, вы и близко на него непохоже, даже внешне хотя по родословной возможно.
Поэтому мотайте на свой ус и пусть мотают на свой ус другие тпарилы как и вы, то Бадахшан был автономией когда еще Таджикистан не был полноценной республикой. Поэтому никто вам не позволит ее отнять, только в одном случае это возможно когда там не останется ни одного живого жителя!
Посух додан
  • Муҳаққиқ

  • 6 март 2014 09:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шоирон мурданду ту шоир шудӣ,
Аз кадом кунҷи лаҳад пайдо шудӣ.

Популизм, бесалоҳиятӣ дар дарку фаҳмиши сиёсати воқеӣ (доктори сиёсатшиносӣ ҳам бошад) ва дури аз одоби маъмулии илмӣ тавлидкунандаи андешаҳои болоанд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Муҳоҷирони кории моро Русия "Ҷамшуд”накард - мактаб нахондани бачахо дар вакти чангхо ва таланти Галустян "Чамшуд" кард. Русияро ганда кунам гуфта хар гапи пеши дахон омадаро гуфтан даркор нест, азеро гапи бемантик боварии мардумро ба гуянда кам мекунад.
Посух додан
  • Alex

  • 6 март 2014 10:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Масчохи!
Мебинам ки як дигар дар гирду атрофи Сафаров пайдо шудаст,
ки номи "масчохи" хамчун як сипар барои бекадр кардани мардуми як кухистони дигар, ки мардуми бузург ва бо нангу номус доранд, лекин хамчун мардуми Бадахшон камбагал астанд, ин вокеист чунки мардуми кухистон одатан арзишхои дигар доранд, ва молу мулк, ва сарват барои онхо ачоиб нест, акл ва дониш барои инкишофи ботин асос аст, лекин барои ту инхел гапхо фахмондан фоида надорад, чунки шумо барин дар ин давраи "Шайтон" бисьерет. Масалаи хурфу- оин, адабиет ва манавиет, дин ва мазхаб, ба шумо баринхо таалук надорад, яъне ба гуфте шоир, мисоле арабхои ки шумо ед гирифтед "ХАР агар Макка равад, боз ояду ХАР", ин шоир дар бораи шумо барин гуфтааст!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дороб,
Хело хам нуктаи назари окилона лекин мухтарам Дороб, шахсан ман бовар надорам ин ХУДКОМА фикри Шуморо дуруст фахмида метавониста бошад. Ана хамин гуна мефахмидагихоянд, ки пешравии кишварамон комилан кафо задааст. Боз хам наметавонем ба хотири гуногунандеши сафсатаи инхоро гуш накунем - мутаасифона.
Посух додан
  • Муслим

  • 6 март 2014 10:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дуруст аст, ки ҳар як шаҳрванд ҳуқуқи баёни фикру мавқеъ дорад, аммо на ба ин ғализӣ. Фикру гуфтаҳои чунин ашхосе, ки дараҷаи илмӣ доранд бояд дар доираи масъулият сурат гирад ва аз воқеият бар ояд. Ду масъалаи ба ҳам рабтнадоштаро матраҳ намудан – яке баҳодиҳии сиёсати як давлати дигар ва ислоҳоти низоми идораи Тоҷикистон ин худ як ноогоҳист. Қариб, ки мутмаинам - ин шахс саводи кофии соҳаи худро надорад, фикрҳояш эҳсосотӣ –қолабианд. Худро ватандӯст мехоҳад муаррифӣ кунад аммо ин як кафкпароние беш нест. Олимони ҷиддӣ чунин масъалаҳои нозукро ба ин тарзу шева баҳо намедиҳанд. Афсус, ки фикри ин ва амсоли ин барин “олимон” -ро ба сифати фикри ҷиддӣ қабул мекунанд... Хеле афсус.
Посух додан
  • Дорб

  • 6 март 2014 10:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мастчохи бародари азиз Шумо заррае на андешаи милли доштаеду на фаросат!Шумо чизеро намедонед!Аввалан игвои точик намудани мардуми Бадахшон чанд соли охир аз тарафи хадамоти чосусии Гузбакистон рох андози мешавад,зеро чунки онхо чун забонхо ва фарханги кадимаи хушбахтона зиндамондаи мардуми точики бадахшони мебинанд бе хеч cурат назарияи пусидаи "точику узбак-як миллату ду забони худ"-ро дар cатхи чахони рохандози карда наметавонанд!Онхо иддаои тамоми тамадуни орёиро доранд аз Зардушт то имруз!Барои онхо бошад ин музеи зиндаи точикону ирониён устухоне дар гулу мондааст!Зеро ин мардум ва фарханги бозмондааш нишонаи сохими асоси мулки Мовароуннахр будани халки точикро нишон медихад!Мардуми Бадахшон аз ману Шумо точики асилтаранд!Рудакию Сино ва алалхусус Фирдавсию Носири Хусрав,Мавлои Рум хама вакт илхомбахши ин мардум буданд ва хастанд!Зеро эчоди асар хои худшиносии милли ва аклгароёнаи ин бузургон тибки тафаккури исмоли ва бедории форсист!Андеша ва гояхои чахонбинии фаласафияшон низ!Ном мондан ба Куръони карим рабте надорад!Мухимтаринаш ном наку бошад ва фикр мекунам,ки дар асри бедории миллии бояд номхои хаммосаи "Шохнома" бошанд!Ин минтака хама вакт кадрхои бехтаринро додаст ва хохад дод!
Потенцали-иктисодии Бадахшон бенихоят калон аст!Оянда Бадахшон-Точикистонро хам мехуронад ва хам мепушонад!Ин равшан аст!Чои бахс кардану чаро замони шурави маблаг барои пешравии он чудо нагаштанро мисол намеорем,зеро вакти зиёдро мегирад!Мардуми-Бадахшон хеч гох шахспараст нест!Хазрати Шохкарим-Ал-Хусайни имоми 49-уми исмоилиёни чахон аст.Шахсияти бузурги-сиёсию бохиради Шарку-Гарб аст!Барои-ободии чахон,сулху cалох,хакку хукуки мусулмонон авлодонаш,хосатан бобояш Огони-3(сардори Лиигаи-Миллатхо дар солхои 30-юм)ва таъсиси Покистону донишгоххои исломию фархангу меъмориёти исломи корхои азимеро анчом додаанд!Амакаш Садриддин Огохон ва худи хазрати имом муовини муншии ООН низ барои cулхи точикон ва аз шари узбакия халос кардани-точик хизматхои бузургеро анчом додаанд!Аз ин ру мардуми Бадахшон пешвои мазхабии худро эхтиром мегузорад!Хосатан,ки у ба гуфти-русхо"прямой-предок"-и пайгамбарамон аст!Ба замии ин мо мардуми Бадахшон инро низ фаромуш намекунем,хуни ин шахси бузург бо хуни сулолаи Сосониё олуда аст,яъне завчаи хазрати Хусейн,Мехрнигох духтари охирин шохи импературии Сосонист!Арчгузории насронихо низ барои хамин аст!Зеро-шохони Сосони аз шохдухтарони Византия завча мегирифтанд ва ин авлодон бошад шачараашон то ба ёрони хазрати Ис -рафта мерасиданд!
Посух додан
  • Шонасим

  • 6 март 2014 11:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба матчои
замоне хамакидахоят бо Ибни Синои бузурги исмоили хамн бахсро доштанд. аз чахолаташон хаста шуд ва бо рубоие ба ин бахс хотима дод:
Бо ин ду се нодон ки чунон медонанд,
аз чахл, ки донои чахон эшонанд.
хар бош ки ин чамъоат аз фитри хари ,
хар к-у на хар аст кофараш мехонад.

Носири Хусрав гуфта буд: Ба чохил далели аклони овардан мушкилтаор аст ки ситораеро аз осмон ба замин фуруд ори..

ва ин бузургони хаммазхаб ба форси харф мезаданд, ки забони илму адаби он давр буд. мардуми мо хам забонхои кадимаашро хифз кард хам забони форсиро ёд гирифт. бохтарихо сугдихо хорзмихо бошанд забони модарияшонро мисли ту гум карданд ва форсмиро модари кабул карданд . Устод Айни онро бо кумаки болшевикон точики кард. вагарна хама онро форси -дари мегуфтанд. Ачам зинда кардам ба дин порсИ, ё ман ин дурри дариро ...Ту харифи майдони бахс нести зеро бароят аз гелосу шафтолу Кулмату эшмату натхидддин наздиктар аст. чаро ки дар хунат гаризаи турки мугули араби бештар аст аз ориёиву форси..... ду кутб бо хам бахс намекунанд...
Посух додан
  • Адвакати беваколат

  • 6 март 2014 11:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам С.Шарифов шукр кунед, ки дар соли 2013 4, 5 млрд. доллар баробар ба 46% ММД аз Ф. Россия маблаг ба ЧТ ворид шудааст. Маблаги аз Россия ба ЧТ воридшударо М.Кабири ду баробар ба ММД нисбат додааст, ки ба хакикат рост аст. Шумоён ягон маротиба фикри мухочирони мехнати ва ё оилаи хешовандони онхоро кардаед. Хол он ки хар сол аз 800-1200 нафар танхо тобути шахрвандони Точикистон оварда мешавад. Маблагхое, ки аз мо андоз чамъ мекунанд ва харочоти сарфакоронаи онро зери назорати катъи карор додаед. Сафсатахониро бас кунед. Чунки шароити мухайё доред. Мардуми камбагалро дар ташвиш наандозед. Зери доираи ки ракс мекунед номаълум аст.
Посух додан
  • tojik

  • 6 март 2014 11:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
МАСЧОИ... Ту худат як махалчии барои он ки номи худта нанавиштию номи махалата бо гап мезани.....
Посух додан
  • хучанди

  • 6 март 2014 11:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
окои МАТЧОИ аз афкорат ва навишторат буи гализи хакорат ва таасуби дини меояд. чунун услуб ба точикони кухистони хос нест. ки ба ниёгони хеш санги хакорат партоянд.. бештар китоб хондан даркор Бартольду Семёнову Брангинскиву Ахмад Донишу Айниву Восифиву Табариву гайраро. мангуртизми арабиву турки буд ки ба ин хол расидем. Холо б ба икдоми миллатдустони Сарвари кишварамон бояд хамовоз шавему ватанамонро созем. хамин Ватаро ки бароямон насиб кардаву аз Сугду Зарафшону Раштону Хатлону Хисору Бадахшон иборат аст. агар имруз сари Самарканду Бухоро бигирйем бо ин БАПДБИНИХОВУ пархошгихои ту баринхо фардо барои Бадахшон мегирйем.. Tojik,

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!