Бахшҳо
26 сен 2013 14:30Тоҷикистон / Сиёсат

Озодии Умаралӣ Қувватов, раҳбари "Гуруҳи 24" аз боздоштгоҳе дар Дубай

Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони сиёсии “Гурӯҳи 24”, ки охири соли гузашта бо дархости мақомоти тоҷик дар фурудгоҳи Дубай боздошт шуда буд, рӯзи 26-уми сентябр аз зиндон раҳо шудааст.

Дар ин бора ба “Озодагон” Николай Николаев, вакили мудофеи Қувватов, хабар дод ва ин иттилоъро Қумрӣ Ҳафизова -- ҳамсари Умаралӣ низ тасдиқ кард. Николаев гуфт, Қувватов айни ҳол дар озодист ва ҳақ дорад, қаламрави Дубайро тарк кунад: “Аммо дар бораи нақшаҳои Қувватов ба далоили амниятӣ ҳоло чизе намегӯем. Мо талош дорем, он парвандае, ки алайҳи Қувватов сохта шудааст, пурра лағв гардад, чун он хислати сиёсӣ дорад.”

Умаралӣ Қувватов тобистони соли гузашта дар Маскав “Гурӯҳи 24”-ро таъсис дода ва аз Эмомалӣ Раҳмон даъват карда буд, то дар интихоботи президентӣ номзадиашро нагузорад. Қувватов, шарики собиқи тиҷории яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон арзёбӣ мешавад, ки то фирораш ба Маскав дар як соли пеш раҳбарии ширкатҳои “Тоҷирон” ва “Фароз”- аз ширкатҳои асосӣ дар бозори фурӯши сӯзишвории Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт.

Баъд аз таъсиси “Гурӯҳи 24” Қувватовро шарикони собиқаш ба дуздии 6 миллион сомонӣ аз ширкати “Фароз” айбдор карданд. Моҳи декабри соли 2012 ӯ бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб боздошт шуд. Додгоҳи Дубай дар моҳи апрели соли ҷорӣ ҳукми бозпас фиристодани ӯ ба Душанберо содир кард. Вале Умаралӣ Қувватов аз ин ҳукм ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят бурда, ҳафтаи гузашта бо як пайми аудиоӣ эълон карда буд, ки ба зудӣ озод хоҳад шуд.
Мӯҳр
Бекорак
Ин сюрприз барои Раҳмон дар арафаи интихоб шуд ми?:/)

ҳамватан
Оро
Хушо бахолат Умараличон. Хак омад ботил пароканда мешавад.

диловар
ура муборак шава озоди

Озоди муборак! чаноби Кувватов. Ба шумо мувафакийят хохонем.

Гироми бошад! "Озодагон" браво! Барои тамоми озожандешони миллат гироми бод ин озоди!

ГАЛАБАИ НУР БАР ТОРИКИ!!!!!!!!!!!!!!!!!!

farhad
Uraaaaaaaaaaaaaaaaaaaaaa!!!!!!!!

Алиакбар
Радиои озоди хабар медихад ки "Бино ба хабарҳои тасдиқношуда, Умаралӣ Қувватов, раҳбари Гурӯҳи 24 гӯё имрӯз аз боздошт дар Дубай раҳо ёфт. Вале расман ин хабар ҳанӯз тасдиқ ё рад нашудааст." хамин радиои озодиро озодиш мондаги не агар хабари Шумо озодагон дар хамин лахзахо дуруст бошад бовар кунед аз озодии дуругин Шумо бехтаред

Иқбол
Мерасад, марде ки занҷири ғуломӣ бишканад,
Дидаам аз равзани девори зиндони шумо!

озоди муборак, Умаралии азиз!

Ураааааааааааааааааааааа! эээ учара Дубаи меган охи на Точикистон, ки одама говсуд кнан. анаира меган системаи суди! Озоди муборак акаи Умарали! хамеша сарбаланд бошед ва муваффак!

Ин озодиро пеш аз хама ба ахли оила ва фарзандони Умарали муборакбод мегуем. Баъдан ин озодиро ба хама мардуми озодихохи Точикистон табрик мегуем. Барои сухани хак як сол пушти панчара гузаронидани умр осон нест, вале хар чи набошад хакикат голиб омад ва ин умедхоро афзун хохад кард. Иншооллох умед аст, ки бо ёрии худованд у рузе тичораташро низ ба даст хохад овард.

хабари хуш муборак бошад ОЗОДИ!

Муборак бод!!! Ягона хабари хушхолкунанда дар чанд вакти охир!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)