Бахшҳо

Дидгоҳ: "Бе арзишҳои исломӣ наметавонем коре бикунем"

Имрӯз, пас аз пошхӯрии Шӯравӣ ва эълони истиқлол, яке аз “мушкилот”-, ки сиёсатмардони имрӯза ба он рӯбарӯ шуданд, муносибат бо дину фарҳанги исломии Тоҷикон аст.

Аслан дар ҷомеае, ки беш аз 90 дарсадаш мусалмонанд, бояд ин масъала набошад. Аммо барои дур кадани таваҷҷӯҳи мардум аз масъалаҳои асосӣ, аз ин омил, ки ҳалли мушкилоти зиёди ҷомеа аст, мушкилӣ месозанд. Дигар ин ки мо агар дунёи худро сохтанӣ бошем ва агар фарди огоҳ ва ҷомеаи ободи худиро меҳоҳем, бе арзишҳо, идеяҳо ва идеалҳои исломиамон наметавонем коре кунем.

Аз ин рӯ, неруи ақлонӣ ва имонии дин ва фарҳангӣ худро бояд шинохту аз хурофот тоза кард ва самарабахш истифода бурд. Ин ҷо бо усулҳои ҷосусӣ, сиёҳ кардан ва душмансозӣ кор пеш намеравад, ба хусус, вақте ин муҳит ҳамаи моро фаро гирифтааст...

Дин ва фарҳанги исломии тоҷик яке аз бунёдҳои мустаҳкам (terra firma) дар истеҳкоми худӣ, ҷомеа, роҳҳои шинохт ва ҷаҳонсозии мо мебошад. Мутассифона, имрӯз ин фарҳанг дар муҳосираи нодурусте мондааст. Аз як сӯ зиёиёни наздик ба қудрат, ки дар зери таъсири шояд сиёсатҳои байналмилалӣ, ба таври рӯякӣ (зоҳирӣ) аз мавқеи демократия ҳимоя мекунем гуфта демократияи асили тоҷикиро дидан натавонистаанд, ва аз сӯи дигар гурӯҳе аз ‘зиёиёни’ мо, ки ба миллатчигии арабӣ миллатчигии тоҷикиро муқобил мегузоранд.

Дар ин байн ҳар ду тараф аслитарин арзишҳои инсонсозӣ ва ҷомеасозии тоҷикро, ки дар фарҳанги исломии тоҷикӣ вуҷуд доранд ва ҳанӯз дар доираҳои академикии Ғарб ин таҷрибаро ҳамчун сарчашмаи алтернативии дониш ва фарҳанги худ мешиносанд, надида истодаанд ва ин фикрро, ки ҳаёти тоҷикро болои арзишҳои санҷидашудаи тоҷик беҳтар метавон сохт, нодида мегиранд. Аҷиб ин аст, ин мардум ки бо арзишҳои исломӣ душманӣ доранд, вақте зидди миллатчигии араб мегӯянд, боз ҳам ба арзишҳои исломӣ такя мекунанд ва чи сиёсатмадор ва чи зиёӣ бо номи он мутафаккирон, олимон ва шоирони мусалмон дар ҳама ҷо фахр мекунанд. Вале ба роҳи худшиносӣ ба он сарчашмаҳо ки дар ташакулли худӣ (шахсият), ҷаҳонбинӣ ва ҳақшиносии мутафаккирони Тоҷик нақш бозиданд, хомӯширо пеша мекунанд ва ё наметавонанд ҳарфе гӯянд. Яке аз сабабҳо шояд ин бошад, ки ин роҳи аслии худшиносии исломӣ тақлидро намеписандад ва ин роҳро то наравӣ, таҷрибаро то аз сар нагузаронӣ, нахоҳӣ фаҳмид. Ин роҳест, ки мардонро ҳама вақт дар пешгоҳи ҳастӣ, ҳақиқат ва ҳақ нигоҳ медошт ва медорад. Бе сабаб дар ин роҳ “мардиро” дар баробари “сустаносир” ҳамчун категорияи фалсафӣ нашинохтаанд.

Ин ҷо ба маврид аст қайд кардани гуфтугӯи бародаронеро, ки дар фарҳанги то Исломии Тоҷик зиёӣ ҷустанӣ мешаванд ва бо ин гӯиё ‘фарҳанги бегонаи арабиро’ зери савол бурданианд ва аслан ин баҳсҳои китобӣ ва кӯчагиро бо дониш ва таҷрибаи воқеӣ омехта карданианд. Мардуме, ки аз воқеияти ваҳйи илоҳӣ ва аз шинохти ҳақиқати динӣ огоҳӣ доранд, ҳамин чизро дарк мекунанд, ки масъалаи шинохти худӣ, ҳастӣ, ҳақ ва ҳақиқат онсӯтар аз масъалаи нажод ва қавмият аст ва як чизи одист, ки Тоҷики дирӯз ва имрӯз ин дониш ва таҷрибаро дар Қуръон ва таҷрибаи пайғомбари Ислом пайдо кард. Ин ҷо шарт нест, бо баҳсҳои бепояи “кӣ бузургтар буд?” мардумро саргаранг кардан. Имрӯз бузургии фарҳанги Эрони бостонро дар муқоиса бо ҳамсояҳо ҳама эътироф мекунанд, вале он чи Тоҷик дар замони фарҳанги Исломӣ кард ва имрӯз ҳам карда метавонад, баландтар аз он аст, ки буд. Имрӯз ҳам фарҳанги исломӣ дар фарқият бо дигар фарҳангҳои куҳнаву нав имконияти додани арзишҳо, идеяҳо ва идеалҳои навро дорад.

Онҳое, ки аз таҷрибаи динӣ огоҳӣ доранд ва онро аз идеология фарқ мекунанд, бояд бифаҳманд, ки иваз шудани Зартуштият ба Ислом ин танҳо ҳуҷуми мусалмонон (арабҳо) набуд, балки ин ивазшавии имони ҳақиқӣ ба имони рӯякӣ буд. Вақте зартуштӣ камари бандагиро се бор гирди миён давр занонда ва дар ҳар давр калимаи пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори некро такрор мекард, вале пеши шоҳаншоҳ саҷда мекард, на пеши Ҳақ, маълум аст, ки ҷомеа ба як дониш ва таҷрибаи комилтари шинохти ҳастӣ, ҳақ ва ҳақиқат ниёз дошт. Дар таҷрибаи Исломӣ буд, ки мардон фаҳмиданд, камари бандагиро дар дил мебанданду дар баробари ҳақ саҷда мекунанд, на дар баробари банда. Зиндагии авлиёи Худоро дар фарҳанги Исломӣ-Тоҷикӣ бубинед, ки одамиятро ба кадом зина расониданд. Аслан дар фарҳанги башарӣ касе мисли ин қавм барои маънӣ, сухан ва бунёди одамият ҷонбозӣ накардааст. Ин мардон гуфтаи Зартушт “пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек”-ро на танҳо такмил доданд, ҳатто дар баъзе ҷо беҳтар ин маъниро дар сухан ва амал баён кардаанд. Имрӯз хуб мешуд, ки ‘зиёиёни’ мо ин кустики (камари бандагии зартуштӣ) риёро аз миён кушода самимона барои давлат ва миллат хидмат мекарданд...

Меҳмоншо ШАРИФЗОДА,
докторанти Донишгоҳи Бергени Норвегия
Мӯҳр
Мунтақид
(Вақте зартуштӣ камари бандагиро се бор гирди миён давр занонда ва дар ҳар давр калимаи пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори некро такрор мекард, вале пеши шоҳаншоҳ саҷда мекард, на пеши Ҳақ, маълум аст, ки ҷомеа ба як дониш ва таҷрибаи комилтари шинохти ҳастӣ, ҳақ ва ҳақиқат ниёз дошт.)

Ҷаноби Меҳмоншоҳ, касе ки бо зикри "пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек" куштӣ ба камар мебандад, пеши касе саҷда намекунад, чун саҷда пеши касе хилофи ин асл аст. Назди шоҳону фармонравоён таъзим кардан дар ҳамаи фарҳангҳо ва тамаддунҳо, аз ҷумла исломӣ, вуҷуд дошта ва танҳо ба зартуштиён маҳдуд намешавад. Ин як расм ё прутукули дарборӣ буда ва имрӯз ҳам дар кишварҳои салтанатӣ роиҷ аст. Дар назди мусалмонон ин суннат ба ифрот расида буд.

(Дар таҷрибаи Исломӣ буд, ки мардон фаҳмиданд, камари бандагиро дар дил мебанданду дар баробари ҳақ саҷда мекунанд, на дар баробари банда.)

Оё Шумо метавонед собит кунед, ки расми "саҷда кардан" назди ҳокимону фармонравоён дар замони исломӣ ва назди мусалмонон роиҷ набуд? Магар мусалмонон тайи ин ҳазору понсад сол назди амирону салотини турку муғул ва араб миёни худро дуқат карда саҷда намекарданд??? Магар пеши пойи онҳо намеуфтоданд? Магар садҳо шоъири дарборӣ, мисли Унсурию Фаррухию Анварию... камари хидмат ва ғуломӣ барои ҳукком ва амирону фармонравоёни турку муғул набаста ва садҳо қасидаи ғарро дар мадҳи онҳо нанавишта буданд?

(Зиндагии авлиёи Худоро дар фарҳанги Исломӣ-Тоҷикӣ бубинед, ки одамиятро ба кадом зина расониданд. Аслан дар фарҳанги башарӣ касе мисли ин қавм барои маънӣ, сухан ва бунёди одамият ҷонбозӣ накардааст. Ин мардон гуфтаи Зартушт “пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек”-ро на танҳо такмил доданд, ҳатто дар баъзе ҷо беҳтар ин маъниро дар сухан ва амал баён кардаанд.)

Ҳамин "авлиёи худо" ки мегӯед киҳо ҳастанд? Магар ҳамон ба истилоҳ "фавқибашарҳое" нестанд, ки мардуми мусалмон парастиши онҳоро ба дараҷаи худоӣ расондаанд? Аслан чаро шумо култи одампарастӣ ва шахспарастиро дар даврони исломӣ намебинед? Аз паямбару аҳли байташ гирифта то имомону сайидҳову эшонҳову хоҷаҳо, ки шумо "авлиёи худо" меномед, чаро ин қадар миёни мусалмонон парастиш мешаванд? Ҳатто қабру мақбараҳои онҳоро мебусанд? Барои Ҳусайн садсолаҳо боз даст ба худзаниву худхуншоркунӣ мезананд? Назди охунду мулло ва эшон мераванду миён дуқат мекунанду дастонашонро мебӯсанд? Инҳо магар шахспарастӣ ва одампарастӣ нест? Оё дидед, ки ҳеч зартуштие ба ҷуз Аҳурамаздо кас ё чизи дигареро парастиш ё ниёш кунад? На шоҳон ва на бузургони дини Зартушт дар гузашта ба ин андоза мавриди парастиш қарор нагирифтаанд ва таърих ҳам ёд надорад. Дар ҳоле ки мусалмони бечора дар намозаш ҳар рӯз султон Маҳмуду Темуру дигару дигаронро дар канори паямбар ва хулафои исломӣ ёд мекунад ва ба онҳо салавот мефиристад. Магар фирқае аз ислом нест, ки Алиро ба дараҷаи худоӣ боло бурдааст?

Мунтақид
(Имрӯз хуб мешуд, ки ‘зиёиёни’ мо ин кустики риёро аз миён кушода самимона барои давлат ва миллат хидмат мекарданд...)

Куштие, ки зартшутиён ба миён мебанданд ҳаргиз рамзи риёкорӣ набудааст, баръакс тасбеҳу саҷҷодаву дастору аммома рамзи тазвиру риё буда ва дар ин бора дар адабиёти форсӣ низ суханони зиёде гуфта шудааст. Агар куштии зартуштӣ нишонаи риё буд, Ҳофиз намегуфт:
То зи майхонаву май ному нишон хоҳад буд,
Сари мо хоки раҳи пири муғон хоҳад буд.

Арзишхои исломи он вакт зиндагисоз мешаванд,ки маърифати исломи баланд бардошта шавад. Имруз маърифати исломи дар сатхи хурофот , таассуб ва ифрот карор дорад. Бо чунин сатхи пасти маърифати исломи дар чомеъаи точик мо наметавонем аз арзхишхои исломи идея ва идеалхои навро мавриди истифода карор бидихем.зеро аз сабаби паст будани маърифати исломи исломгароии аз эътидол зиёд метавонад боиси бесуботии чомеа гардад.Аввалан бояд маърифати исломи чойи хурофот ва таассуби исломиро бигирад.

МУҲИБУЛЛО
Аз он ки кибр накардам, нагуфтам хеч дуруг,
Гумон баранд халоик ба кеши Зардуштам...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)