Бахшҳо
12 май 2013 13:23Тоҷикистон / Тема дня

Додситонӣ номи 4 зани Зайд Саидовро эълон кард (АКС)

Додситонии шаҳри Душанбе бо пахши як иттилоия хабар дод, ки рӯзи 11 майи соли 2013 бо моддаи 170-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои серзанагӣ, алайҳи Зайд Саидов, раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии ассосиатсияҳои соҳибкории кишвар парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Додситонӣ мегӯяд, мувофиқи маълумоти мавҷуда, Саидов Зайд дар як вақт бо чор зан зиндагонӣ менамояд, ки ин хилофи меъёрҳои умумибашарии тамаддунӣ мебошад.

Ин ниҳод меафзояд, ки Саидов аз зани аввалааш – Тоҳирова Латофат, соли таваллудаш 1962, соҳиби 5 фарзанд, аз зани дуюмаш – Юнусова Фирӯза Муҳамадиевна, соли таваллудаш 1966, соҳиби 3 фарзанд, аз зани сеюмаш – Аминова Парвина, соли таваллудаш 1982, соҳиби 2 фарзанд буда, зани чорумаш – Орлова Марина Сергеевна, соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри Курски Федератсияи Россия мебошад. Барои серзанагӣ қонунгузории Тоҷикистон ду соли маҳрумият аз озодӣ ва ё ҷарима дар ҳаҷми то 80 ҳазор сомониро пешбинӣ кардааст.

Ҳамин тариқ дар ҳоле, ки Зайд Саидов, раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” шаби 10-уми май ба хориҷа рафтааст, мақомоти Тоҷикистон, рӯзи 11-уми май аз ифтитоҳи ду парванда алайҳи ӯ бо иттиҳоми бисёрзанӣ ва изофанависӣ хабар дода, хонаи ӯро бозҷӯӣ ва аҳли хонаводааш, аз ҷумла атфолро барои бозпурсӣ ба додситонӣ бурдаанд. Худи Саидов, ки ҳамчунин раиси Федератсияи тенниси рӯи мизии Тоҷикистон ҳаст, айни ҳол дар садри дастаи теннисбозони кишвар дар шаҳри Пориси Фаронса қарор дорад ва ин чанд аксест, ки зимни сафарашон гирифта шудаанд:

Додситонӣ номи 4 зани Зайд Саидовро эълон кард (АКС)

Додситонӣ номи 4 зани Зайд Саидовро эълон кард (АКС)

Додситонӣ номи 4 зани Зайд Саидовро эълон кард (АКС)

Додситонӣ номи 4 зани Зайд Саидовро эълон кард (АКС)
Мӯҳр
Абдуррахмон С.
муреде о дилатон ба хамон гулдухтаракони точик намесузад ки бева монда пир гардидаистодаанд ва касе онро намегирад ... ба хар сурат ман З.Саидовро "Шери нар"-и точики асил медонам...

дима
ба худо ин аз он шаходат медихад ки хукумат дар хакикат беномус будаст, пас инхел бошад чаро мири шахро ба бисерзани мутахам намекнен? Парвина шукрулоева ки зани дуюми мири шахраст, еки типа ира намедонен

обббооо, ин акаи Зайд вориси асили Саид Амир Олимхон будаастда, ҳарамашба гап нест )))) wink

ана аку тамом. ин занако ному насаби якдигаршона фахмиданд, ина аку занакчанга тамошо менем, вечеринка прадалжается!!!!!!! тансуют все!!!!

намешавад, ки чун дар фейсбук дар озодагон хам тугмаи лайк зери комментхо гузоред, то комментхои бехтарин лайк шаванд?

масалан, дима,

Абдуллох
Кандаша занад З. Сайидов зурш мераса грфтан гира шери нарай ай дастш меоя. агар тафтиш кни эхе хар як вазирай ки чандзани дошта бошад шояд...

Умар
Дар шароите,ки ЧТ карор дорад бояд хамма мардоне,ки худро мард мегуянд акалан ду зан гиранд албатта ризки инсонро АЛЛОХ метияд

доро аст кудраташ мерасад фарзи илохиро ба чо овардааст.ягон занаш шикоят накардаастку.

Шармандагии додситону хукумат аз ин зиёд мешавад, ки хеч камбудии дигар наёфта як марди асилро барои бисёрзанаги муттахам мекунад. Халолаш бод. Аз оне, ки занхои мо ба фахшу фохишаги машгул мешаванд ва ё як умр бева монда дар маломати хонаводаю хамсояхо карор мегиранд, зани дуюму севвум шаванд бехтар нест? Шарматон бод кормандони додситони. Боз худро мусалмони асил шуморида, дод аз мазхаби ханафи мекунеду пайрави суннати Пайгамбар. Магар шумо намедонед, ки М. Убайдуллоев ду зан дорад, нагз медонед. Бо ин хукумату ин сарварони додситони барин одамони чохилу айбчуй Точикистон дар садсолахои наздик ба хеч пешрафте мушарраф намешавад. Ин бадкешон хеч намехоханд, ки чой гарми худро ба касеи дигар диханд ва ба хамин минвол айбчуияшонро дар дигарон кашола медиханд. Худованд ин мардуми чохили макомотро сарнагун кунад.!

адвокат
Кани акнун руйхатро давом дихед. Вазироя бинед, мири шахр, президент, боз духтари душавхараю бисёршавхара.. худи судяву пуркурорхо.. камаш дута дута хамаш дорад.

tipa khudshon yak zani dorandu Zino namekunand! Hayf Bar Shumo Sohiboi Davlati tipa Demokrati!

Ориф
Салом бар хама дуо мекунам, ки чунин мардони асила сафашон зиёд шавад, зеро аз оне ки щино мекуни никох куни бехтару хубтар ва бар дини мо мувофик аст...

Сагера аз интернат
Ман намедонам чаро ин хукумат як одамеро,ки камтар намоён шуд гунахкор карда равонаи зиндон ё байни мардум бадном мекунанд. Бояд ин шахсиятхо дастгири карда шаванд. Ин сохибкорхои Ватани хазор маротиба аз хамон шахсиятхои бемасулият бехатаранд. Охир серзанагии вазирхоро тафтиш кунед 5-ги доранд. дар хар минтака(оимчахояшон бехисоб).

Рустам
Як рузе косаи сабр лабрез хохад шуд. Ин чи давлату хукумат шуд?

Э мардум,устугунхои ман дар гури танг грич-грич дорад.Власта гирифтем дар дасти худихо додем."21-сол мешаваД,21-сол мешавад,ки халк сарсону саргардонай.Охи дар Точикистон худатон бисёрхизби ,демократия эълон кардед,бо чи балотун задай.барои чи намемуне,ки ин чавонмард Зайд Саидов хам боз як партия ташкил кунад?.О ин чи гапай,ки суросуркунаку капо-капак доред?.Боз мехохед,км мардум ба майдонхора чамъ шаванд.Агар и дафъа аз гур хезам бо туфон мекунам.Хаму одамоеро,ки болои тахт овардамшон,хамунора бо ба колхозошонро мегардонум.Кабри як бар-барта меканум.Хаматун русиёхо зани 3юму 4-ум доред.Ин хели русиёгиву махалгарои накуне,ки мардум сарнагунтун мекуна.Точикистона чазир карде!

Муқбил
Акаи Зайд мардӣ!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)