Главная > Тоҷикистон, Қазияи Зайд Саидов, Сиёсат, Тема дня > Зайд Саидов мегӯяд, дар хориҷ "пуштибоне" надорад

Зайд Саидов мегӯяд, дар хориҷ "пуштибоне" надорад


17 май 2013, 09:48. Разместил: hd
Зайд Саидов, яке аз тоҷирони муваффақ ва раҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» даст доштани хориҷиёнро дар ташкили ин ҳизб рад намуд.

Зайд Саидов дар сафҳаи фейсбукии ташаббускорони таъсиси “Тоҷикистони нав”, дар посух ба онҳое, ки дастовардҳои молии ӯ ва ташаббуси таъсиси ҳизбро кори хориҷиён медонанд, гуфтааст, «ба матолиби туҳматангез, ки имконоти молии банда ва таъсиси ҳизбро ба дасти дигарон ва ё берун ишора мекунанд, мехоҳам бо ин чанд мисраъ аз аллома Иқбол посух бигӯям. Ин мисраъҳо аз солҳои донишҷӯӣ дар ёдам нақш бастааст ва шиори зиндагиям гардидааст:

Мисли оина машав ғарқи ҷамоли дигарон,
Аз дилу дида фурӯ шӯй хаёли дигарон.
Дар ҷаҳон болу пари хеш кушодан омӯз,
Ки паридан натавон бо пару боли дигарон."


Зайд Саидов, соҳибкори муваффақи тоҷик моҳи апрел аз талошҳояш барои таъсиси Ҳизби “Тоҷикистони нав” хабар дод. Ин азми Саидов таҳдидҳо ба ҷону моли ӯ ва фишор болои хонаводаашро ба бор овардааст, аммо ӯ мегӯяд, азми ӯ барои таъсиси ҳизб ҳамоно қавист.

Вернуться назад