Главная > Тоҷикистон > Тошканд нагузошт, бори ширкатҳои эронӣ дар вақташ ба Душанбе расанд

Тошканд нагузошт, бори ширкатҳои эронӣ дар вақташ ба Душанбе расанд


5 июн 2013, 09:34. Разместил: administrator
Бори ширкатҳои эронӣ, ки қарор буд, рӯзи панҷуми июн дар намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии “ИНТЕРЛЕГПРОМ-2013” дар Душанбе муаррифӣ бишаванд, то ҳол ба Тоҷикистон нарасидаанд.

Асаналӣ Карамалиев, муовини раиси Палата (Утоқ)-и савдо ва саноати Точикистон, мегӯяд, ба ин далел ҳанӯз намоишгоҳ оғоз наёфта ва онҳо мунтазири бори ширкатҳои эрониянд. Ба қавли манбаи мо, ин борҳо дар марзи Узбакистон дармонда, интизор меравад бо як каме таъхир ба Душанбе бирасанд ва намоишгоҳ рӯзи шашуми июн оғоз ёбад.

Карамалиев гуфт, дар ин намоишгоҳ дар баробари ширкатҳои ватанӣ 50 ширкати эронӣ бо маҳсулоти гуногуни худ иштирок хоҳанд кард. Мусоҳиби мо афзуд, “ҳадаф аз ташкили ин ярмака рушд бахшидан ва мусоидат кардан ба саноати сабук дар кишвар аст. Яъне, бояд дар соҳаи хоҷагии халқ, хусусан, ба коркарди пахта, пашм ва пӯст аҳамият диҳем ва ин бахшро рушд бахшем.”

Ҳамзамон Асаналӣ Карамалиев аз иштироки ширкатҳои истеҳсолкунандаи молҳои сабук аз Чин, Лаҳистон (Полша), Туркия дар ин намоишгоҳ хабар дод.

Ин бори аввал нест, ки ба далели дар марзи Узбакистон дармондани моли ширкатҳои эронӣ чунин намоишгоҳ ба таъхир гузошта мешавад.

Вернуться назад