Главная > Тоҷикистон, Мусоҳибаҳо, Сӯҳбати рӯз > Ҳақдодов: “Агар ТАЛКО зарар медошт, дар Ҳисор анору ангур месабзид?”

Ҳақдодов: “Агар ТАЛКО зарар медошт, дар Ҳисор анору ангур месабзид?”


7 июн 2013, 15:33. Разместил: administrator
Мавзуна АБДУЛЛОЕВА

Дар як ҳафтаи охир даъвоҳои Тошканд нисбат ба зиёни корхонаи алюминиюми Тоҷикистон -- Талко дар сатҳи байналмилалӣ афзудааст. Аз ҷумла, сафорати Узбакистон дар Латвия бо баргузории ҳамоише гуфт, танҳо дар панҷ соли охир Талко ба Узбакистон беш аз 400 миллион доллар зиён расондааст. Ва ҳукумати Узбакистон ҳам бо ирсоли як нома аз дабири кулли Созмони Милал хост, то ба зиёнкориҳои Талко хотима бахшад.


"ДАЪВОИ ҲАВОӢ"

Дар як гуфтугӯ аз Маҳмадшариф Ҳақдодов, раиси Кумитаи экологии парлумони Тоҷикистон, пурсидем, ин ҳама даъвоҳои Узбакистон то куҷо асос доранд ва Душанбе дар баробари ин даъвоҳо чӣ мегӯяд?

Муҳаммадшариф Ҳақдодов: “Узбакистон то соли 1994 дар мавриди корхонаи алюминиюм бо Тоҷикистон ҳамкорӣ дошт. Ташхисҳои экологӣ аз ҷониби мутахассисони корхонаи алюминиюм ва ҳам аз ҷониби мақомоти ҳифзи муҳити зисти Узбакистон гузаронда мешуданд. Дар он давра Узбакистон нисбат ба Талко ягон эрод вуҷуд надошт. Баъд аз қатъ гардидани чунин корҳои муштарак имрӯз даъво пайдо шудааст, ки гӯиё фаъолияти корхонаи алюминиюм ба зарари сокинони Узбакистон аст. Агар ин даъво асос медошт, дар навбати аввал ба Тоҷикистон, ки ин корхона дар ин ҷо фаъолият мекунад, зарар мерасид. Аз ҷумла, дар ноҳияи Ҳисор анору ангури беҳтарин намерӯиду ба тамоми дунё содирот намешуд. Ба ин масъала яктарафа баҳо додан ғайриимкон аст. Мо бояд муштарак ташхис кунем. Шояд мушкили онҳо сатҳи пасти зиндагии мардумашон бошад, на Талко.”

"ТОШКАНД ҶАВОБ НАМЕГӮЯД"

Озодагон: То ҷое медонем, Тоҷикистон ҳам аз зиёни корхонаи Узбакистон ба навоҳии шимоли кишвар нигарон аст. Чаро дар ин маврид муроҷиат намешавад?

Маҳмадшариф Ҳақдодов: “Чунин муроҷиатҳо аз ҷониби Тоҷикистон на як бору ду бор пешниҳод гардидааст. Ҳатто аз ҷониби парлумони кишвар дар бораи ин ки корхонаҳои Узбакистон ба навоҳии наздимарзӣ дар шимоли Тоҷикистон зиён мерасонанд, бо далелҳо муроҷиат карда буд. Дар кишвари ҳамсоя бисёр корхонаҳои саноатӣ аз давраи Шӯравӣ боқӣ мондаанд, ки ҳангоми партофтани партови корхонаҳои саноатӣ таъсири онҳо ба замин ва оби мо мерасанд. Афсӯс, то ҳол аз ҷониби Узбакистон ягон ҷавобе нашуд. Мо дар он ақида ҳастем, ки аз ду ҷониб муайян карда шавад, то чӣ дараҷа ин корхонаҳо зарари худро мерасонанд ва кадомеашон зиёноваранд. Соли 2009 дар чорчӯби ҷаласаи байни ҳукумати Тоҷикистон ва Узбакистон протоколе имзо карда будем, ки гурӯҳи махсус аз ду тараф чунин масъалаҳои миёни Тоҷикистону Узбакистонро баррасӣ ва чораҳои зарурӣ андешанд. Мутаассифона, ин то ҳол аз ҷониби онҳо беҷавоб мондааст ва имрӯз тақдири ин созишнома номаълум аст.”

ДАСТРАСӢ БА ОБИ ТОЗА

Озодагон: Комиссияи иқтисодии СММ дар Аврупо қаблан гузоришеро дар бораи вазъи экологии Тоҷикистон нашр карда буд. Дар он мушкилоти асосии экологиро дар Тоҷикистон дастрасӣ ба оби тоза ва идораи партовҳо номида буд. Ба фикри Шумо, ин то куҷо ҳақиқат аст?

Маҳмадшариф Ҳақдодов: “Бале, Комиссияи иқтисодии СММ дар Аврупо дар натиҷаи таҳлил ин мушкилиро муайян кардааст. Аммо дастрасӣ ба оби тоза масъалаи экологӣ не, балки мушкили иҷтимоист. Дар мо ин мушкил вуҷуд дорад, чунки қисми зиёди мардум дар деҳот ба оби тоза дастрасӣ надоранд. Бояд ҳамаи мардуми мо ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ дошта бошанд, чунки Тоҷикистон кишварест, ки аз об бой аст.”

ДАРАХТБУРӢ ВА КАБИРӢ

Озодагон: Дар охир. Вақтҳои охир дарахтбурӣ дар пойтахт мавриди баҳс қарор гирифтааст. Ҳатто баҳси Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумон ва шаҳрдории Душанбе дар ин бора ба додгоҳ рафт. Ба фикри Шумо, ин дарахтбуриҳо то куҷо дурустанд ва оё ба экологияи шаҳр зарар ё хатаре надоранд?

Маҳмадшариф Ҳақдодов: “Ман мафҳуми дарахтбуриро дигар хел мефаҳмам, яъне, як нафар рафта қасдан як дарахтро мебураду дигар он дарахт ягон самар намедиҳад. Ин дарахтбурист. Агар вақте дар чорчӯби шаҳрсозӣ дарахтҳоро мебуранду дар ҷои нав дарахтзор ва боғзори дигар месозанд, ин аз рӯи меъёр аст. Ин алакай дарахтбурӣ нест. Дар мавриди баҳси Муҳиддин Кабирӣ инро гуфтаниям, ки ӯ ҳамчун шаҳрванд фикри худро гуфта буд ва шояд дар назари ӯ дарахтҳо қасдан бурида шудааст. Дар асл ин хел нест. Ягон кас намехоҳад, ки дарахтони шаҳри зебои Душанберо бибурад.”


Дар акс: Маҳмадшариф Ҳақдодов, раиси Кумитаи экологии парлумони Тоҷикистон

Вернуться назад