Главная > Тоҷикистон, Сиёсат, Видео > Видео аз Суғд: “Мақомот қарсакзаниро ҳам идора мекунанд”

Видео аз Суғд: “Мақомот қарсакзаниро ҳам идора мекунанд”


19 июн 2013, 19:28. Разместил: administrator
Ҳукуматҳои маҳаллӣ, ки аксаран аз ҷониби фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар сохтакориҳо зимни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаҳо муттаҳам мешаванд, ҳатто кафкӯбии ҳозирин дар мулоқоти ӯро таҳти назорат гирифтаанд.

Як навори видеоӣ аз ҷараёни сафари раисиҷумҳур ба шимоли Тоҷикистон тавассути хонандагон дастраси “Озодагон” шуд, ки дар он дида мешавад, нишастухез ва кафкӯбии иштирокдорони суҳбати ӯ дар Хуҷанд бо ишора ва даъвати масъулони ҳукумати Суғд сурат мегиранд.

Ин наворе, ки мебинед, субҳи 19-уми июн ҳангоми мулоқоти раисиҷумҳур дар Қасри нави варзиш дар Хуҷанд сабт шуда, нафаре, ки ҷавононро ба кафкӯбиву аз ҷой бархостан даъват мекунад, мудири шӯъбаи ташкилии ҳукумати Суғд -- Хуршед Сатторов будааст.



Вернуться назад