Главная > Тоҷикистон > Пешниҳодҳои Расулзода барои густариши ҳамкориҳои Суғду Украина

Пешниҳодҳои Расулзода барои густариши ҳамкориҳои Суғду Украина


28 июн 2013, 16:32. Разместил: hd
Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд дар мулоқоташ бо Виктор Никитюк, сафири Украина дар Тоҷикистон, пешниҳод кардааст, аз ин вилоят ба Украина содироти меваи хушк роҳандозӣ шуда, дар вилоят корхонаҳои муштараки истеҳсоли таҷҳизоти энергетикӣ таъсис дода шаванд.

Тавре маркази матбуотии раиси вилоят иттилоъ медиҳад, Қоҳир Расулзода таъкид кардааст, ки вилояти Суғд дар самти воридоти ғалла ва равғани растанӣ аз Украина манфиатдор аст.

Виктор Никитюк дар навбати худ афзудааст, ки ки ҷониби Украина низ барои густариши ҳамкориҳои тарафайн бо Тоҷикистон омода аст: “Масъалаи таъсиси корхонаи муштарак бо корхонаи «Востокредмет»-и шаҳри Чкалов доир ба истеҳсоли таҷҳизот барои неругоҳҳои хурди обӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.”

Дар назар аст, ки зимни ин сафар дипломати украинӣ аз минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ва ҷойҳои таърихиву фарҳангии вилоят боздид ба амал оварда, бо раисони шаҳрҳои Хуҷанду Чкалов низ мулоқот намояд. Вохӯрии сафир бо намояндагони диаспораи украинӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов низ дар назар аст. Сафари кории дипломати украинӣ ба минтақаи Суғд фардо, 29-уми июн ба анҷом хоҳад расид.

Вернуться назад