Главная > Хабарҳои ҷаҳон > «Амрико шояд баъди соли 2014 нерӯҳояшро аз Афғонистон комилан берун кунад»

«Амрико шояд баъди соли 2014 нерӯҳояшро аз Афғонистон комилан берун кунад»


9 июл 2013, 12:08. Разместил: MG
Чунин эҳтимол вуҷуд дорад, ки баъди соли 2014 тамоми неруҳои ҳарбии Амрико хоки Афғонистонро тарк намоянд. Ин нуктаро расонаҳо бо такя ба сарчашмаҳое дар доираҳои раҳбарикунандаи ИМА ва Аврупо баён кардаанд.

Гуфта мешавад, далели эҳтимоли баррасии ба ватан бурдани ҳамаи низомиёни Амрико ихтилофи назари Вашингтону Кобул дар масъалаи ифтитоҳи намояндагии Толибон дар Қатар мебошад.

Ёдовар мешавем, ҷониби Афғонистон ИМА-ро дар талоши зери таъсири худ гирифтани раванди музокирот бо Толибон ва камранг кардани нақши Кобул дар ин ҷараён муттаҳам карда, аз ширкат дар музокироти Доҳа даст кашид. Гуфтугуии видеоии Барак Обама, президенти Амрико бо ҳамтои афғонаш Ҳомид Карзай, ки ба рафъи ҳамдигарнофаҳмиҳо бахшида шуд, натавонист натиҷаи дилхоҳе ба миён биёварад.

Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, хуруҷи комили неруҳои ИМА аз Афғонистон танҳо як эҳтимол буда, Қасри Сафед қасд дорад, ҳамкориҳо бо ин давлати исломиро дар бахши амниятӣ идома бидиҳад.


Вернуться назад