Главная > Тоҷикистон, Сиёсат > Давлатов гуфт, ба барномаҳои Атовуллоҳ дар “К+” ҷавоб намегӯянд

Давлатов гуфт, ба барномаҳои Атовуллоҳ дар “К+” ҷавоб намегӯянд


10 июл 2013, 10:19. Разместил: administrator
Лутфулло Давлатов, раҳбари телевизиони давлатии “Сафина”, мегӯяд, ба барномаҳои Додоҷони Атовуллоҳ дар телевизиони “К+” посух нахоҳанд дод. Чаро ки ба гуфтаи ӯ, телевизиони онҳо бештар фарҳангиву фароғатӣ ва варзишист, на сиёсӣ.

Додоҷони Атовуллоҳ, журналист ва раҳбари ҷунбиши сиёсии “Ватандор”, тайи ду моҳи охир барномаҳоеро алайҳи ҳукумати кунунии Тоҷикистон дар телевизиони “К+” пахш кард. Аз ҷумла, ӯ видеои тӯйи писари раисиҷумҳури Тоҷикистонро аз тариқи ин шабака ба намоиш гузошт, ки то ҳол дар Ютуб низ аз ҷумлаи сербинандаҳост.

Лутфулло Давлатов, раҳбари телевизони давлатии “Сафина”, ки рӯзи даҳуми июл дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе суҳбат мекард, гуфт, дар моҳи август баҳси аҳзоби сиёсӣ дар робита ба интихоботи президентии моҳи ноябрро ба намоиш хоҳанд гузошт. Оқои Давлатов афзуд, онҳо барои баромади ҳама ҳизбҳои сиёсӣ, аз ҷумла аҳзоби мухолиф шароити яксон (якхела) фароҳам хоҳанд овард.

Телевизиони “Сафина” яке аз чаҳор шабакаҳои давлатист, ки тамошои барномаҳояш дар саросари кишвар имконпазир аст.


Дар акс: Лутфулло Давлатов, раҳбари телевизиони давлатии "Сафина"

Вернуться назад