Главная > Хабарҳои ҷаҳон > СҶТ: Тамоку то поёни асри 21 миллиард нафарро мекушад

СҶТ: Тамоку то поёни асри 21 миллиард нафарро мекушад


11 июл 2013, 16:49. Разместил: MG
Истифодаи тамоку давоми асри 21 сабаби марги тақрибан 1 миллиард нафар мешавад. Ин нукта дар гузориши «Эпидемияи глобалии тамоку»-и Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) зикр шудааст.

Тибқи омори СҶТ ҳамасола аз таъсири тамоку наздики 6 миллион нафар ба ҳалокат мерасад. Ба ҷуз ин, хисороти иқтисодии истифодаи маводи тамоку дар як сол беш аз 500 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Муаллифони гузориш муътақиданд, дар сурати ба конвенсияи қолабии СҶТ оид ба мубориза бо тамоку ҳамроҳ шудани ҳамаи кишварҳои ҷаҳон метавон зиндагии як миллиард нафарро наҷот дод. «Истифодаи тамоку сабаби аслии марги барвақтӣ аст, аммо роҳҳои муассири мубориза бо ин эпидемия вуҷуд дорад»,-гуфтаанд гузоришгарон.

СҶТ якчанд шеваҳои мубориза бо тамокукаширо, ки ҳамчун MPOWER -- мониторинги истифодаи тамоку ва сиёсати миллӣ оид ба маҳдудсозии он дар кишварҳои гуногун, кӯмак ба одамоне, ки хоҳиши тарки тамокукаширо доранд, манъи таблиғ, баланд бардоштани молиёт барои маводи тамоку маъруф аст, пешниҳод кардааст.

Гузоришгарони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мегӯянд, имкони қабули барномаҳои муассири назорати тамокуро дилхоҳ кишвар, новобаста аз сиёсати пешгирифта ва мизони даромад, дорост. «Беш аз 2,3 миллиард нафар ё сеяки аҳолии замин дар ҳоли ҳозир ҳадди аққал бо яке аз роҳҳои MPOWER дар сатҳи олӣ ҳифз шудаанд»,-навиштаанд гузоришгарони созмон.

Маъруфтарин роҳи мубориза бо тамоку манъи тамокукашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аст.

Вернуться назад