Главная > Хабарҳои ҷаҳон > Бритониё теъдоди неруҳояш дар Афғонистонро коҳиш медиҳад

Бритониё теъдоди неруҳояш дар Афғонистонро коҳиш медиҳад


12 июл 2013, 11:31. Разместил: MG
То поёни имсол Бритониёи Кабир теъдоди нерӯҳояш дар Афғонистонро то 5200 нафар коҳиш медиҳад. Дар ин бора Филипп Хаммонд, вазири дифои Бритониё хабар додааст.

Дар ҳоли ҳозир теъдоди нерӯҳои Бритониёи Кабир, ки дар ҳайати неруҳои байналмилалии мусоидат ба сулҳ шомиланд, ҳудуди 7900 нафарро ташкил медиҳад. Қисмати аслии ин неруҳо дар музофоти Ҳилманд мустақаранд.

Бритониёи Кабир қасд дорад, баъди хуруҷи неруҳои ҳарбӣ аз Афғонистон, ки то авохири соли 2014 иттифоқ меафтад, як гуруҳ аз низомиёнашро барои машварат, кӯмакҳои моддиву фаннӣ ва таълимии неруҳои Афғонистон боқӣ гузорад.

Вернуться назад