Главная > Тоҷикистон, Сиёсат > Куштори як тоҷики дигар дар ҷанги бегонагон

Куштори як тоҷики дигар дар ҷанги бегонагон


15 июл 2013, 11:13. Разместил: hd
Бар асари як амалиёти махсуси пулиси Афғонистон дар вилояти Қундузи ин кишвар як шаҳрванди Тоҷикистон бо ҳафт узви дигари як гуруҳи мусаллаҳ кушта шудааст.

Тавре расонаҳои афғонӣ аз қавли Сарвар Ҳусейнӣ, котиби матбуотии шуъбаи корҳои дохилии вилояти Қундузи Афғонистон, хабар медиҳанд, 14-уми июл дар ноҳияи Имом-Соҳиби ин вилоят миёни мақомоти пулис ва як гуруҳи мусаллаҳ задухурде ба миён омадааст. Ба гуфтаи ин ниҳод, Башир Аҳмад, шаҳрванди Тоҷикистон ва узви гуруҳи мусаллаҳ, дар пайи ин задухурди 3-соатӣ бо пулис ба қатл расонида шудааст. Шабакаи телевизионии “Арина-ТВ” мегӯяд, мақомоти пулиси афғон дар ҳоле бо ин гуруҳи мусаллаҳ даргир шудаанд, ки онҳо ба корвони мошинҳои пулис ҳамла кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки Кумитаи дини Тоҷикистон ахиран гуфт, дар давоми солҳои ахир дар ҷангҳои Афғонистону Покистон ҳудуди 11 шаҳрванди Тоҷикистон ва сеи дигар дар Сурия ба ҳалокат расидаанд. Ба гуфтаи Мавлон Мухторов, муовини раиси ин ниҳод, теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҷангҳои бегонагон ба ҳалокат расидаанд, шояд аз ин ҳам зиёд бошад: “Ин 14 нафар танҳо онҳое мебошанд, ки ному насаб ва ҳуввияти миллиашон муайян карда шудааст.”

Вернуться назад