Главная > Тоҷикистон, Иқтисодӣ > Маблағ аз шикори “Марко Поло” ба "Роғун" меравад

Маблағ аз шикори “Марко Поло” ба "Роғун" меравад


16 июл 2013, 14:15. Разместил: hd
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон нархи иҷозатнома барои шикори як гусфанди Марко Полоро имсол 45 ҳазор сомонӣ гуфта, таъкид мекунад, ки нисфи ин маблағҳо барои бунёди нерӯгоҳи “Роғун” равона хоҳад шуд.

Абдуқодир Маскаев, як масъули Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар суҳбат ба «Озодагон» гуфт, имсол низ чун ду соли пеш барои шикори ин намуди гусфанд 80 адад квота пешниҳод кардаанд. Ӯ илова намуд, ки мавсими шикори «Марко Поло» аз аввалҳои моҳи сентябр то охири февралро фаро мегирад ва дар мавсими гузашта аз 80 квота барои шикори гусфанди «Марко Поло» 66 ададашон аз ҷониби шикорчиён харидорӣ шудаанд.

Ин мусоҳибамон қайд кард, ки маблағҳое, ки аз ҳисоби шикори гусфанди «Марко Поло» ҷамъ мешаванд, 15% ба буҷети маҳаллӣ, 50% ба сохтмони неругоҳи оби барқии «Роғун» ва боқимонда ба корҳои беҳсозии ҳифзи муҳити зист равона карда мешаванд.

Минтақаҳое, ки асосан ин намуди гусфандро дарёфтан мумкин аст, ин минтақаи Мурғоб, Ишкошим, Шуғнон мебошанд. Масъулини Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯянд, «Марко Поло» ҳоло ба китоби сурх ворид шудааст ва теъдодаш дар Тоҷикистон 24 ҳазорро ташкил медиҳад.


Вернуться назад