Главная > Тоҷикистон, Сиёсат > Иштироки Раҳмон дар маросими қасамхӯрии Рӯҳонӣ

Иштироки Раҳмон дар маросими қасамхӯрии Рӯҳонӣ


23 июл 2013, 17:41. Разместил: administrator
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар маросими савгандёдкунии Ҳасан Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури тозаинтихоби Эрон ширкат мекунад.

Ба иттилои расонаҳои эронӣ, Алиасғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфтааст, “Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 3-юми августи соли ҷорӣ дар раъси ҳайате барои ширкат дар маросими савгандёдкунии Ҳасан Руҳонӣ, раисмҷумҳури нави Эрон, ба Теҳрон сафар хоҳад кард.”

Ба гуфтаи Шеърдӯст, интизор меравад, Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ин нишаст, бо мақомоти эронӣ дидор ва гуфтугӯ кунад.

Маросими савгандёдкунии раисиҷумҳури нави Эрон 3-юми августи соли ҷорӣ баргузор шуда, он аз маросимҳои қаблӣ фарқкунанда хоҳад буд. Ба навиштаи расонаҳои ин кишвар, ин бор дар маросими савгандёдкунии раисиҷумҳури Эрон мақомҳои баланпояи кишварҳои хориҷӣ ширкат хоҳанд кард. Дар ин маросим то кунун ташрифи беш аз 10 раисиҷумҳури кишварҳои хориҷӣ таъйид шуда, эҳтимол дорад, ин нишондод то ба 15 бирасад.

Вернуться назад