Главная > Тоҷикистон, Сиёсат > Мақомоти "Роҳи оҳан" дар Суғд: Мо “Шайтон-поезд” надорем

Мақомоти "Роҳи оҳан" дар Суғд: Мо “Шайтон-поезд” надорем


24 июл 2013, 15:09. Разместил: administrator
Масъулони намояндагии ширкати “Роҳи оҳан” дар шимоли Тоҷикистон мегӯянд, тамоми вагонҳои мусофирбарашон ба меъёрҳо ҷавобгӯст ва “Шайтон-поезд” нест. Убайдуллохон Обидов дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, “ҳар ҳафта як бор хатсайри Хуҷанд-Маскав фаъол аст ва Шумо метавонед бубинед, ки қаторҳои мо дар кадом вазъанд.”

Оқои Обидов иддаои мақомоти Русия дар бораи ба талабот ҷавобгӯ набудани қаторҳои Тоҷикистонро амали сиёсӣ номид. Вай илова кард, “ҳар боре, ки қатора меояд, аз назар гузаронда мешавад. Тақрибан 100 нафар ҳамарӯза ба азназаргузарониву тозагии қаторҳо машғуланд. То имрӯз дар хатсайри Хуҷанд-Маскав мушкиле набуд.” Ба гуфтаи Убайдуллохон Обидов, дар шаш моҳи соли ҷорӣ 6 вагони мусофирбар бо маблағи 582 ҳазору 212 сомонӣ аз таъмири асосӣ бароварда шудааст.

Моҳи апрели соли ҷорӣ Идораи марзбонии ФСБ-и Русия пешниҳод карда буд, то бартараф шудани як қатор камбудҳое, ки Дмитрий Рогозин, ноиби сарвазири Русия ва Геннадий Онишенко, сардухтури санитарии ин кишвар дар қаторҳои Тоҷикистон ошкор кардаанд, вуруди қаторҳои Тоҷикистон ба Русия манъ шавад. Баъдан ин қазияро шабакаи аввали телевизиони Русия ба баҳс кашида, дар як барнома қаторҳои Тоҷикистонро “Шайтон-поезд”номида буд.

Вернуться назад