Главная > Тоҷикистон, Иқтисодӣ, Тема дня > “Касе маоши кормандонро дода наметавонад, бояд кор накунад”

“Касе маоши кормандонро дода наметавонад, бояд кор накунад”


29 июл 2013, 08:48. Разместил: administrator
Тахмин меравад, як сабаби аз вазифа рафтани Абдулло Ёров, собиқ раиси ширкати “Барқи Тоҷик” ба чанд моҳ пардохт нашудани музди маоши кормандони нерӯгоҳҳои “Норак”-у “Бойғозӣ” будааст.

Чун хабарнигорон дар нишасти матбуотӣ ба Ҳамид Абдуллоев, раиси шаҳри Норак, садри минтақае, ки ин ду нерӯгоҳ онҷо ҷойгир аст, ин нуктаро матраҳ карданд, мавсуф гуфт, Абдулло Ёров бо ин сабаб аз кор рафт ё не, намедонам, “аммо Ҷаноби Олӣ дар паёми имсолааш ба Маҷлиси Олӣ гуфт, ҳар касе музди маоши кормандонро пардохт карда натавонад, бояд дар вазифааш кор накунад.”

“Нерӯгоҳҳои Нораку Бойғозӣ тавозуни нотамом доранд. Аз ин рӯ, ҳамаи маблағ ба ширкати “Барқи Тоҷик” интиқол меёбад. Ман шахсан ба раиси ин ширкат муроҷиат кардам ва фақат баъд аз ин маоши кормандони ҳарду нерӯгоҳ пардохт шуд... Агар коргар музди маошро нагирад, ӯ аз хӯроку чизҳои дигар мемонад. Агар инҳо маош нагиранд, андози шаҳр ҳам иҷро намешавад, чунки маблағи андози якмоҳаи нерӯгоҳҳои мазкур 49 фоизи нақшаи моҳонаи қисми даромади буҷети шаҳрро ташкил медиҳад”,-афзуд оқои Абдуллоев.

Аммо Наврӯз Самадов, мудири хадамоти давлатии назорат дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, чанд рӯз пас аз барканории Ёров маҳз таъхир дар пардохти маоши кормандонро яке аз сабабҳои сабукдӯш гаштани ӯ унвон кард. “Мо иттилоъ дорем, ки кормандони “Барқи Тоҷик” се-чор моҳ боз маоши худро нагирифтаанд. Сабаби ин ба суратҳисоби бонкии “Барқи Тоҷик” нагузаштани маблағ мебошад”,-изҳор дошт Самадов.

Аммо дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон далели барканории Абдулло Ёров аз мақоми раиси ширкати “Барқи Тоҷик” бемории ӯ номид. Оқои Ёров се сол пеш дар пайи барканории Санъат Раҳимов ба ин мақом таъин шуда буд.

Вернуться назад