Главная > Тоҷикистон, Сиёсат > Зоиров: Мехоҳанд, фаҳманд, ки дар сурати боздоштам, кӣ бармехезад

Зоиров: Мехоҳанд, фаҳманд, ки дар сурати боздоштам, кӣ бармехезад


2 август 2013, 09:55. Разместил: hd
Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон, пайдо шудани хабарҳоро дар мавриди боздошташ аз сӯи маъмурони амниятӣ супоришӣ унвон кард.

Оқои Зоиров, ки дар саҳифаи фейсбукии худ дар ин бора навиштааст, мегӯяд, бархе ашхос муваззаф гардидаанд, то чунин хабарҳои бардурӯғро нашр намуда, вокуниши мардумро санҷанд: “Мехоҳанд фаҳманд, ки дар сурати боздошт шудани Зоиров аз сӯи кормандони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон чигуна ва кадом табақаи мардум ба ҳимояти ӯ бармехезанд.”

Дар пасманзари овозаҳо инчунин 1-уми август, бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон хабар доданд, ки Раҳматилло Зоиров аз ҷониби маъмурони Кумитаи амнияти миллӣ боздошт ва мавриди пурсуҷӯ қарор гирифтааст. Аммо хабаргузории “Озодагон” чанд дақиқа баъд, пас аз тамос бо худи Зоиров муайян намуд, ки хабари боздошт беасос аст.

Ба гуфтаи раиси ҲСДТ, сабаби маҳз дар ин шабурӯз пахш шудани ингуна хабарҳои бардурӯғ, ин аст, ки дастандаркорон медонистанд, ки Зоиров ба муддати чанд рӯз аз шаҳр берун аст.

Раҳматилло Зоиров афзуд, ки ҳоло барои ӯ норушан аст, ки ин кор ба кадом мақомоти давлатӣ ё хадамоти махсуси кишвар лозим мебошад.

Вернуться назад