Главная > Тоҷикистон, Ҷавонон ва варзиш > Наврасони тоҷик Озарбойҷонро ҳам “голборон” карданд

Наврасони тоҷик Озарбойҷонро ҳам “голборон” карданд


6 август 2013, 09:27. Разместил: hd
Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) дар даври дувуми мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Дӯстӣ”-2013, ки дар Қирғизистон ҷараён дорад, тими наврасони Озарбойҷонро ҳам голборон кард.

Ин бозӣ рӯзи 5-уми август, баргузор шуда бо ҳисоби калони 5:0 ба нафъи наврасони тоҷик ба анҷом расид. Рустам Толибов 2 гол, Муҳаммад Шарифов, Кароматулло Саидов ва Муҳаммадҷони Ҳасан якголӣ ба ҳадаф расониданд.

Ин мусобиқа, ки дар шаҳрҳои Бишкек ва Канти Қирғизистон ҷараён дорад ва то 7-уми август идома хоҳад кард. Дар ин мусобиқа, ки аз як давра иборат аст, дастаҳои Қирғизистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Беларус иштирок доранд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин бозиаш рӯзи 3-юми август дастаи мизбон - Қирғизистонро бо ҳисоби бузурги 7:2 мағлуб карда буд. Чаҳор голи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро дар ин бозӣ Худойдод Узоқов ба ҳадаф расонд. Рустам Толибов, Собирҷон Гуляков ва Муҳаммадҷони Ҳасан якголӣ вориди дарвозаи мизбонон намуд.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон таҳти раҳбарии мутахассиси ҷопонӣ Чикаши Сузуки дар “Ҷоми Дӯстӣ”-2013 рӯзи чоршанбеи 7-уми август дар даври охирин бо дастаи Беларус анҷом хоҳад дод. Дастаи Белорусия бозии дувумашро бо тими Қирғизистон бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом додааст. Новобаста аз натиҷаи ин бозӣ мунтахаби наврасони Тоҷикистон ғолиби ин мусобиқа гардид ва бо “Ҷоми Дӯстӣ”-2013 сарфароз хоҳад шуд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот


Ҷой Дастаҳо Б Б М Б Т И
1 Тоҷикистон 2 2 0 0 12-2 6
2 Озарбойҷон 2 1 0 1 5-8 3
3 Беларус 2 0 1 1 5-7 1
4 Қирғизистон 2 0 1 1 4-9 1


Тақвими бозиҳои “Ҷоми Дӯстӣ”-2013

Даври 1-ум. 3-юми август, шанбе

18.30 - Озарбойҷон – Беларус – 5:3
18.30 - Қирғизистон – Тоҷикистон – 2:7

Даври 2-юм. 5-уми август, душанбе

18.30 - Тоҷикистон – Озарбойҷон – 5:0
18.30 - Беларус – Қирғизистон – 2:2

Даври 3-юм. 7-уми август, чоршанбе

9.00 - Тоҷикистон – Беларус
10.00 - Қирғизистон - Озарбойҷон

Вернуться назад