Главная > Тоҷикистон, Тема дня > Таҳдид бо “Калашников” ба сокинони одии Хоруғ?

Таҳдид бо “Калашников” ба сокинони одии Хоруғ?


7 август 2013, 22:33. Разместил: administrator
Нисфирӯзи ҳафтуми август миёни бархе аз сокинони шаҳри Хоруғ ва се низомӣ дар маҳаллаи “Автостансия”, бозоре, ки он ҷо тарбуз фурӯхта мешуд, муноқиша рух додааст. Дар ин бора ба “Озодагон” шоҳидони бевоситаи ин ҳодиса хабар дода ва гуфтанд, ки сабаби моҷаро “навбатпойӣ” буд.

“Низомиён се нафар буданд. Яке дар либоси майорӣ ва дигарон дар либоси одӣ. Вақте муноқиша сар зад, яке аз низомиён, ки дар тан либоси одӣ дошт, аз мошинаи Ландкрузер (9092 01 РТ) автомати Калашниковро гирифта, одамонро таҳдид кард”,-гуфт як манбаъ аз Хоруғ.

Ба қавли манбаъ, дар натиҷа сокинони зиёде гирдиҳам омада низомиён аз маҳалли ҳодиса худро канор кашидаанд.

Вернуться назад