Главная > Тоҷикистон, Сиёсат > Пешниҳоди депутати рус барои қонунӣ намудани лагерҳои муҳоҷирон

Пешниҳоди депутати рус барои қонунӣ намудани лагерҳои муҳоҷирон


10 август 2013, 11:02. Разместил: hd
Парлумони Русия ният дорад қонунеро барои танзими фаъолияти лагерҳои хаймавӣ барои муҳоҷиронро қабул намояд. Дар ин бора хабаргузори русӣ аз қавли Андрей Исаев, намояндаи Кумитаи меҳнат ва сиёсати иҷтимоии парлумони Русия иттилоъ додаанд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо айни ҳол лоиҳаи қонун таҳия нашудааст, аммо вакил ваъда додааст, ин кор ба дарозо намекашад. Ба гуфтаи Исаев, санади ҳуқуқӣ метавонад тирамоҳи соли равон таҳия гардад.

Ба андешаи вакил, лагери хаймавӣ бояд дар конунгузорӣ "нуктаи муваққатии нигаҳдории муҳоҷирони ғайриконунӣ" номида шавад, чунки калимаи "лагер" метавонад конслагерҳоро ба хотир орад, ки ин ба манфиати кор нест.

Исаев инчунин изҳор намудааст, ки муҳоҷирони ғайриқонуние, ки дар лагерҳои хаймавӣ ҷойгир ҳастанд, бояд ҳуқуқи кор карданро дошта бошанд. Дар баробари ин ҳамаи чиз бояд бидуни маҷбурӣ рух диҳад. Агар муҳоҷир ҳангоми дар лагер буданаш меҳнат кунад, дар ин маврид додгоҳ метавонад ӯро ҷонибдори карда, аз ҷазо дар шакли ихроҷ аз Русия даст кашад.

Ин изҳорот дар ҳолест, ки ҳуқуқшиносон лагер барои муҳоҷиронро, ки ахиран дар Маскав ташкил шудааст, ғайриқонунӣ мегуфтанд ва аз кумитаи тафтишотӣ хоҳиш карданд, дар ин робита парвандаи ҷиноӣ оғоз намоянд. Ба андешаи намояндагони Кумитаи “ҳамкориҳои шаҳрвандӣ” чунин амал бояд мувофиқи модаи 127 (ғайриқонунӣ маҳрум намудан аз озодӣ)-и Кодекси ҷиноии Русия баррасӣ гардад.

Вернуться назад