Главная > Тоҷикистон, Иҷтимоӣ > Боздошти муттаҳам ба ғорати беморон дар Суғд

Боздошти муттаҳам ба ғорати беморон дар Суғд


19 август 2013, 09:54. Разместил: hd
Мақомоти пулиси вилояти Суғд як сокини 40-солаи ноҳияи Спитаменро боздошт намудаанд, ки барои як қатор дуздиҳо дар беморхонаҳои вилоят муттаҳам мешавад.

Акбар Шарипов, масъули Раёсати умури дохилии вилояти Суғд, имрӯз, 19-уми август дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, боздоштшуда дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, аз ҷумла дар беморхонаи марказӣ маблағу телефонҳои мобилии маризонро медуздидааст.

Шарипов афзуд, ки боздоштшуда, Маҳмадқулов Шуҳрат, муваққатан бекору ва муҷаррад буда, солҳои 2004, 2006 ва 2009 низ суд шудааст. Ин манбаъ афзуд, ки айни ҳол нисбати боздоштшуда, парвандаи ҷиноятӣ, аз рӯи моддаи дуздӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.


Вернуться назад