Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > ВКД: Фирории 23-юм боздошт ва 24-умаш кушта шуд, як нафари дигар дар озодист
Главная > Тоҷикистон > ВКД: Фирории 23-юм боздошт ва 24-умаш кушта шуд, як нафари дигар дар озодист

ВКД: Фирории 23-юм боздошт ва 24-умаш кушта шуд, як нафари дигар дар озодист


26 июл 2011, 04:09. Разместил: administrator
Боз ду нафар аз фирориёни зиндони КДАМ дар водии Рашт ошкор гардиданд.


Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии ВКД иттилоъ доданд, дар идомаи амалиёти махсуси дастгиркунии маҳбусоне, ки шаби 22 ба 23–августи соли 2010-ум аз маҳкамаи тафтишотии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурии Тоҷикистон фирор намуда буданд, рӯзи 25-уми июли соли равон ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯи аз ҷониби кормандони ВКД ва КДАМ дар якҷоягӣ бо дигар воҳидҳои махсуси сохторҳои қудратии кишвар дар деҳаи Чилдараи ҷамоати деҳоти Ҳафтчароғи ноҳияи Тавилдара дар минтақаи мушкилгузари кӯҳӣ мавқеи ҷойгиршавии боз ду тан аз фирориён ошкор карда шуд. Аснои дастгир намудани ҷинояткорон аз ҷониби онҳо муқобилияти сахти мусаллаҳона нишон дода шуд, ки дар натиҷа Зиёев Ҷонибек Абдусамадович, таввалудаш 8 феврали соли 1979, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Туғули ноҳияи Панҷ ва Ҳасанов Баҳриддин Қаюмович, таввалудаш 15 июли соли 1968, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Чашмасори ноҳияи Тавилдара дастгир карда шуданд, ки охирин дар рафти муқовимати мусаллаҳона захмӣ гардида фавтид.

Манбаъ афзуд, аз ҷои ҳодиса ду адад автомати тамғаи Калашников, як адад таппончаи Макаров ва дигар лавозимоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира карда шуд.Мутаассифона, дар ин задухӯрди мусаллаҳона як нафар корманди воҳиди таъиноти махсуси ШКД-и ноҳияи Тавилдара ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба ҳалокат расид. Дар рафти амалиёти мазкур ду нафар аз кормандони дигари воҳиди таъиноти махсуси раёсати корҳои дохилии ноҳия ва минтақаи Рашт захмӣ гаштанд.Ҳамин тавр аз 25 нафар маҳбусони фирорӣ то имрӯз 24 нафарашон дастгир ва безарар карда шуда, амалиёт бобати дастгир намудани охирин маҳбуси фирорӣ идома дорад.{jathumbnail off}


Вернуться назад