Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/ozodagon/public_html/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Мирзохӯҷа Аҳмадов “вазифа” гирифт
Главная > Тоҷикистон, Сиёсат > Мирзохӯҷа Аҳмадов “вазифа” гирифт

Мирзохӯҷа Аҳмадов “вазифа” гирифт


4 сентябр 2013, 12:25. Разместил: administrator
Мирзохӯҷа Аҳмадов, фармондеҳи пешини Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик (ИНОТ), ба ҳайси мутахассиси пешбари яке аз раёсатҳои ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳ дар минтақаи Рашт таъин шудааст.

Як манбаъ аз Вазорати дифои Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфт, оқои Аҳмадов аз ҳоло ба кор оғоз намуда, бештар тамрини сарбозон, тирпаронӣ ва омодагии ҷангии онҳоро назорат хоҳад кард. Манбаъ афзуд, қарор аст, бархе аз размандагони пешин дар минтақаи Рашт низ ба “гуруҳ”-и Мирзохӯҷа Аҳмадов бипайванданд.

Номи Мирзохӯҷа Аҳмадов, яке аз фармондеҳони пешини ИНОТ, панҷ сол боз дар матбуоти дохилу хориҷ чарх мезанад. Соли 2008 мақомоти Тоҷикистон ӯву ёронашро дар қатли Олег Захарченко, муовини фармондеҳи ОМОН, муттаҳам дониста буданд.

Баъдан, дар амалиёти нерӯҳои давлатӣ алайҳи мухолифони мусаллаҳ дар Рашт, ки аз моҳи августи 2010 то майи 2011 идома кард, оқои Аҳмадов дар пинҳон кардани Мулло Абдулло, ҳимоят аз Алии Бедакӣ ва ҳамла ба корвони мошинҳои Вазорати дифоъ муттаҳам мешуд. Ҳатто дар як барномаи телевизонӣ мақомот ӯро ҳамчун террорист муаррифӣ карда буданд. Аммо баъд аз як гуфтушунид бо мақомоти давлатӣ, Мирзохӯҷа Аҳмадов мақомотро мӯътақид кард, ки дар ин ҷурмҳо даст надорад ва омодааст барои муқобила бо мухолифони мусаллаҳ ба ҳукумат кумак кунад.

Вернуться назад