Главная > Қазоқистон > Мухолифи Назарбоев саҳнаи сиёсатро тарк кард

Мухолифи Назарбоев саҳнаи сиёсатро тарк кард


19 сентябр 2013, 17:14. Разместил: CV
Булат Абилов, раиси Ҳизби сотсиал-демократии “Озод”-и Қазоқистон, яке аз аҳзоби умдаи сиёсии ин кишвар аз саҳнаи сиёсӣ канор рафт.

Раиси Ҳизби “Озод”-и Қазоқистон рӯзи 19-уми сентябр бо пахши як изҳорот аз ин тасмими худ хабар дода, аз афроде, ки аз ӯ дастгирӣ намудаанд, изҳорӣ минатдорӣ намудааст.

Ӯ мегӯяд, як муддат аз сиёсат дур шуда, дар бораи ҳодисаҳои солҳои 1990-2000-и Қазоқистон китобе менависад ва инчунин як чанд лоиҳае дорад, ки мехоҳад, болои онҳо кор кунад.

Ин сиёсатмадори қазоқ гуфтааст, муваққатан канор рафтани ӯ аз саҳнаи сиёсии Қазоқистон, ҳаракати мухолифини ин кишварро заиф нахоҳад сохт: “Ман фикр намекунам, ки ҳаракати мухолифон заиф шавад. Чун ин набояд аз як кас вобастагӣ дошта бошад. Бояд чеҳраҳои нав рӯи саҳна ояд. Бо вуҷуди ин ман муваққатан аз сиёсат даст мекашам.”

Абилов дар ин изҳороти хеш афзудааст, ки шуруъ аз солҳои 2000-ум ман яқинан мефаҳмидам, ки дар тиҷорат ва ҳам дар мамлакат таназзули иқтисодӣ эҳсос мегардад, тағйирот, бахусус тағйири ҳукумат, муборизаи воқеӣ бо фасод, шароити хуби сармоягузорӣ, озодии сухан ва интихоботи шаффоф ногузир буд. Ман ба сиёсат рафтам ва ҳаёти ман ба куллӣ тағйир ёфт".

Вернуться назад