Главная > Тоҷикистон, Иҷтимоӣ > Кабирҷон Ҷӯраев: “Мо ба мақоми президентӣ 10 номзад дорем...”

Кабирҷон Ҷӯраев: “Мо ба мақоми президентӣ 10 номзад дорем...”


20 сентябр 2013, 09:39. Разместил: administrator
Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон (ИҶТ) мегӯяд, шахсеро ба мақоми президентӣ дар интихоботи моҳи ноябри соли ҷорӣ пешниҳод мекунад, ки ба ваъдаҳояш вафодор аст.

Кабирҷон Ҷӯраев, муовини аввали раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, рӯзи 21-уми сентябр анҷумани иттифоқ баргузор шуда, дар он номзади ИҶТ ба мақоми президентӣ муайян хоҳад шуд. Ба гуфтаи Ҷӯраев, дар ҳоли ҳозир барои номзадӣ ба мақоми президентӣ 10 нафар узви ИҶТ пешниҳод гардидааст. Муовини аввали раиси ИҶТ изҳор намуд, дар анҷумани мазкур ҳайатҳо аз 72 шаҳру навоҳии кишвар иштирок хоҳанд кард.

Ҷӯраев бар ин аст, ки Ойниҳол Бобоназарова, Саидҷаъфар Исмонов, Толиббек Бухориев ва Абдуҳалим Ғаффоров номзади арзанда ба мақоми президентӣ мебошанд, вале ҳоло бояд аввал бо барномаҳои онҳо ошно шуд. Ин дар ҳолест, ки Анҷумани Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар интихоботи президентии соли 2006 бо як овоз аз номзадии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури вақти кишвар пуштибонӣ карда буданд.

Кабирҷон Ҷӯраев мегӯяд, имсол номзад ба мақоми президентӣ аз сӯи ИҶТ шахсе интихоб хоҳад шуд, ки чеҳраи миёни мардум шинохта ва нафаре, ки ҳамеша сари қавлаш собит бошад. Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ташкилоти мустақили ҷамъиятиву сиёсист, ки 12-уми октябри соли 1991 таъсис ёфтааст.

Вернуться назад