Главная > Тоҷикистон, Дин ва зиндагӣ > Шайх Абдулҳай: Манъ кардани Қуръон ҷиноят аст

Шайх Абдулҳай: Манъ кардани Қуръон ҷиноят аст


26 сентябр 2013, 09:32. Разместил: MG
Шайх Абдулҳай, обиди куҳансолтарини масҷиди ҷомеи Маскав манъи нашри Қуръони Карим дар тарҷумаи Элмир Қулиевро маҳкум кардааст.

Ӯ дар суҳбат ба хабаргузории "IslamNews" ин қарори додгоҳи ноҳияи Октябри Новороссийскро гуноҳи азим хондааст. "Ман тарҷумаи Крачковскиро мехонам, аммо агар чизеро дуруст дарк накардам, ба тарҷумаи Қулиева назар меандозам. Қулиев баъзе мавридҳоро хеле дақиқ тарҷума кардааст. Ман ҳуқуқи канор гузоштани Қуръонро надорам, он гуфтаҳои Худованд аст ва дар сурати партофтан гуноҳи бузурге содир мешавад. Ман ин корро ҳеч гоҳ нахоҳам кард, агар чӣ барои ин амал маро ба зиндон кашанд", - гуфтааст Шайх Абдулҳай.

Ба қавли вай онҳое ки чунин қарорҳоро мебароранд, "миёни сокинони Русия низоъ мехезонанд, онҳоро бояд ҳабс кард". "Чунин инсонҳо ҳаққи маҳкум кардани одамонро надоранд. Онҳо як нафарро зидди нафари дигар мешуронанд. Ин амалҳо зидди қонуни асосӣ аст. Дар аҳди шӯравӣ вақте ҷанг сар шуд, тамоми мардуми СССР аз як гиребон сар бароварда бар фашист пирӯз шуданд. Агар он вақт чунин додрасҳо онҷо мешуданд, ҳама чиро барбод медоданд, ягонагии моро барҳам мезаданд. Чунин одамон набояд соҳиби вазифа шаванд. Додрасҳо-экстремистҳо бояд аз мақомҳои роҳбарӣ барканор шаванд".

17-уми сентябр суди ноҳияи Октябри Новороссийск тарҷумаи китоби муқаддаси Қуръон ба забони русиро дар тарҷумаи Элмир Қулиев экстремистӣ эътироф карда, даъвои прокуратураи нақлиёти Новороссийскро дар мавриди ба феҳрасти адабиёти экстремистӣ шомил кардани он қонеъ кард.

Вернуться назад