Главная > Туркманистон > Барои курсиҳои парлумон бори нахуст ду ҳизб рақобат мекунад

Барои курсиҳои парлумон бори нахуст ду ҳизб рақобат мекунад


27 сентябр 2013, 17:34. Разместил: MG
Бори нахуст дар интихоботи парлумонии Туркманистон, ки 15-уми декабр баргузор мешавад, ду ҳизб иштирок хоҳад кард.

Барои курсии парлумон Ҳизби демократии Туркманистон (ҲДТ), ки соли 1991 таъсис ёфта ва то моҳи августи имсол раҳбарии онро Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бар уҳда дошт, ва Ҳизби саноатчиён ва соҳибкорон (ҲССТ), ки соли 2012 таъсис ёфт, вориди рақобат мешаванд.

ҲССТ ҳизби мухолиф набуда, комилан аз сиёсатҳои раҳбари Туркманистон пуштибонӣ мекунад. Гуфта мешавад, ҲССТ беш аз 2 ҳазор ва ҲДТ наздики 190 заҳор узв дорад.

Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Туркманистон гуфааст, маъракаи интихоботӣ 5-уми октябр оғоз хоҳад шуд. Пешниҳоди муддаиён аз 16-уми октябр то 14-уми ноябр идома карда, ҷараёни сабти онҳо аз 26-уми октябр то 20-уми ноябр давом мекунад.

Туркманҳо 125 вакили парлумонро дар ҳавзаҳои якмандатӣ барои панҷ сол интихоб мекунанд.

Моҳи августи соли равон дар ҷаласаи ҲДТ Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, райисҷумҳури Туркманистон аз раҳбарии ҳизб канор рафт. Ӯ гуфт, “дар шароити бисёрҳизбӣ намехоҳад, ба ҳизбе, ки вай аъзояш аст, бартарият дода шавад”.

Интихоботи гузаштаи парлумонӣ дар Туркманистон моҳи декабри соли 2008 баргузор шуда буд.


Вернуться назад