Главная > Қазоқистон > Қазоқистон мехоҳад, аз НБО-Қамбаротои Қирғизистон ҳақбар шавад?

Қазоқистон мехоҳад, аз НБО-Қамбаротои Қирғизистон ҳақбар шавад?


30 сентябр 2013, 17:11. Разместил: CV
Қазоқистон гуфтааст, тамойюли иштирок дар сохтмони Неругоҳи барқӣ-обии Қамбарото-1-и Қирғизистонро дорад. Дар ин бора расонаҳои қазоқӣ ба нақл аз қавли Жанторо Сотиболдиев, нахуствазири Қирғизистон хабар додааанд.

Манбаъ мегӯяд, мақомоти қазоқ зимни як тамоси телефонии худ аз тамойюл ва омодагии Остона барои иштирок дар сохтмони Қамбарото-1 хабар додаанд.

Ин дар ҳолест, ки Сотиболдиев, инро як роҳҳали мусбати ин мушкилоти неругоҳи Қамбарото хонда гуфтааст, ҷониби Бишкек 50 дарсади ҳаққи худ дар сохтмони Қамбароторо бо кадом як кишваре тақсим карданӣ нест: “Агар сухан сари тақсимот равад, танҳо ҳамон 50 дарсади боқиро Бишкек метавонад, бо кишварҳои дигар ба миён гузорад.”

Мақомоти Бишкеку Маскав барои сохтмони Неругоҳи барқӣ-обии Қамбарото-1-и Қирғизистон ҳанӯз соли 2008, даврони ҳукуматдории Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури барканоршудаи ин кишвар тавофуқномаеро ба имзо расонида буданд. Вале аз сабаби иҷро нагардидани бархе аз тааҳҳудот аз ҷониби Қирғизистон Русия сохтмони ин неругоҳро мавқуф гузошт. Баъдан моҳи сентябри соли 2012 дубора миёни мақомоти русу қирғиз дар ин бора тавофуқномаи наве имзо шуд.

Вернуться назад