Главная > Тоҷикистон, Қазияи Зайд Саидов, Сиёсат > Эҳтимоли даъвати ёвари Путин ба додгоҳи Зайд Саидов

Эҳтимоли даъвати ёвари Путин ба додгоҳи Зайд Саидов


1 октябр 2013, 13:40. Разместил: administrator
Бино ба хабарҳое, ки дастраси “Озодагон” шуд, қарор аст, Владислав Сурков -- ёвари раисиҷумҳури Русия ба мурофиаи Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари боздоштшудаи Тоҷикистони нав, даъват шавад. Номи Сурков дар нишондоди як шаҳрванди Украина, ки рӯзи 27-уми сентябри соли ҷорӣ дар мурофиаи Зайд Саидов иштирок карда, ба суоли додрасу вакилон посух гуфтааст, берун омадааст.

Ин шаҳрванди Украина гуфтааст, Зайд Саидов аз роҳи фиреб аз ӯ бештар аз як миллион доллар қарз гирифта, баъдан 700 ҳазор доллари онро пас надодааст. Манбаи мо аз қавли шаҳрванди Украина гуфт, ин додугирифт гӯиё дар Русия, дар бӯстонсарои Владислав Сурков, сурат гирифтааст. Сурков то моҳи майи соли ҷорӣ муовини раиси ҳукумати Русия буд, вале аз мақомаш истеъфо дод. Вай дар охирҳои моҳи сентябр дубора ба Кремл баргашт ва ҳоло дар мақоми ёвари Владимир Путин ифои вазифа мекунад.

Бо ин ҳол, ҷузъиёти бештар дар бораи пайванди Владислав Сурков бо Зайд Саидов дастрас нест. Тамоси мо барои дақиқ кардани ин қазия аз сӯи Владислав Сурков то ҳоло бенатиҷа буд. Аммо моҳи июни соли ҷорӣ Оҷонсии зидди фасод дар иттилоияи худ гуфта буд, Зайд Саидов дар авоили соли 2011 дар Маскав бо Корецкий И.В -- шаҳрванди Украина “бо мақсади қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр ба миқдори махсусан калон шинос мешавад”.

Бино ба ин иттилоия, “...Зайд Саидов худро ҳамчун тоҷир вобаста ба сохтмонҳои бузург дар Тоҷикистон муаррифӣ намуда, бо ин роҳ ба боварии Корецкий И.В. даромад. Вай бо истифода аз боварии Корецкий И.В. моҳи майи соли 2012 дар шаҳри Маскав бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр аз ӯ 1070000 (як миллиону ҳафтод ҳазор) доллари амрикоиро гӯиё ба сифати қарз гирифт. Баъдан моҳи декабри соли 2012 Саидов З.Ш. аз маблағи 1070000 доллари амрикоии гирифтааш, маблағи 300000 (сесад ҳазор) доллари ИМА-ро ба Корецкий И.В. дар шаҳри Маскав баргардонида боқимонда 770000 доллари амрикоиро тассаруф намуда, онро ба манфиатҳои шахсии худаш сарф намуд. Дар натиҷа Саидов З.Ш. бо чунин ҳаракатҳои ғайриқонунии худ ба шаҳрванди Украина Корецкий И.В. зарари моддӣ ба миқдори махсусан калон расонд."

Вакилони оқои Саидов ба далели махфӣ будани парвандаи нафари таҳти ҳимояташон дар ин замина чизе нагуфтанд. Вале онҳо эҳтимоли ирсоли дархост барои ҳузури Сурков дар мурофиаи Зайд Саидовро таъйид карданд. Ба қавли онҳо, “агар додгоҳ бихоҳад, ки бисёр ҳам одилона ва ҳаматарафа ин қазия баррасӣ шавад, бояд Сурковро даъват кунад ва назари ӯро ҳам бипурсад.”

Мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов, раҳбари боздоштшудаи Ҳизби Тоҷикистони нав 12-уми сентябри соли ҷорӣ дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ оғоз ёфт. То кунун афроде ба мисли Далер Бобоев, Низомхон Ҷӯраев, Беҳзод Файзуллоев, Сериқбол Окошев дар мурофиаи ӯ иштирок ва шоҳидӣ додаанд. Оқои Саидов дар нимаи дувуми моҳи май ҳангоми бозгашт аз Фаронса боздошт гардид ва мақомот ӯро дар қаллобӣ, сӯистифода аз мақом, таҷовуз ба номуси ноболиғ, пора муттаҳм медонанд. Иттиҳоме, ки Зайд Саидов ҳамаи онро рад кардаву худро бегуноҳ донистааст.

Вернуться назад