Главная > Хабарҳои ҷаҳон > Владимир Кличко бар муштзани рус, ки боре набохта буд, дастболо шуд

Владимир Кличко бар муштзани рус, ки боре набохта буд, дастболо шуд


6 октябр 2013, 15:48. Разместил: MG
Владимир Кличко шаби 5-ум ба 6-уми октябр Александр Поветкин, муштзани русро шикаст дода, унвони қаҳрамони мутлақи ҷаҳонро дар се федератсия ҳифз кард.

Ин рақобат дар муҷтамаи варзишии Олимпии Маскав баргузор шуд ва доварон бо як овоз Кличкои 37 соларо ғолиб эътироф карданд.

Владимир Кличко дар бокси касбӣ 64 маротиба ринг баромада ва аз ин 61-тоашро бо пирӯзӣ анҷом додааст. Поветкин бошад, дар 27 муштзанӣ нахустин маротиба бохт.


Вернуться назад