Главная > Тоҷикистон, Сиёсат > Задухӯрд миёни амниятиҳо ва қочоқчиён дар Бадахшон

Задухӯрд миёни амниятиҳо ва қочоқчиён дар Бадахшон


17 октябр 2013, 09:31. Разместил: hd
Кумитаи амнияти милллии Тоҷикистон мегӯяд, ахиран зимни як амалиёт дар Бадахшон миёни кормандони мақомот ва қочоқчиён задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифтааст.

Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, кормандони Раёсати Кумита дар Бадахшон якҷоя бо марзбонон дар минтақаи наздисарҳадии Даштаки ноҳияи Ванҷ бо қочоқчиён вориди задухӯрди мусаллаҳона шудаанд: “Дар натиҷа сарҳадшиканон маҷбур шуданд ба самти Афғонистон фирор намоянд.”

Ба иттилои манбаъ дар ҷойи ҳодиса 3 килограмм маводи мухаддир, 2 автомати Калашников ёфта шудааст.

Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, задухӯрди дигар бо қочоқчиён ахиран дар минтақаи сарҳадии «Навободи» ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон сурат гирифт, ки дар натиҷа қочоқчиён борро партофта, ба қаламрави Афғонистон паноҳ бурданд: “Зимни азназаргузаронии макони ҳодиса ба миқдори 10 килограмм бангдона дарёфт ва мусодира карда шуд.”

Ин ниҳод мегӯяд, айни замон замон нисбат ба ин қазияҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидаанд ва тафтишоти пешакӣ давом дорад.

Дар маҷмуъ Кумитаи амният иттилоъ медиҳад, ки аз аввали соли равон 1 тоннаю 474 килограмм маводи нашъаовар, аз ҷумла 194,8 килограмм героин, 621 килограм гашиш, 114 килограмм афюн, қариб 500 килограмм мухаддироти гурӯҳи бангдонаро мусодира намуданд.

Вернуться назад