Главная > Тоҷикистон, Фарҳангу адаб > Продюсери тоҷик дар Осиёи Миёна нахустин шуда, соҳиби рамзи “Саҳифаи расмӣ”-и "Одноклассники" шуд

Продюсери тоҷик дар Осиёи Миёна нахустин шуда, соҳиби рамзи “Саҳифаи расмӣ”-и "Одноклассники" шуд


17 октябр 2013, 16:25. Разместил: MG
Беҳрӯз Зеваров, аввалин нафаре аз Осиёи Миёна аст, ки рамзи “Саҳифаи расмӣ”-и шабакаи иҷтимоии "Одноклассники"-ро дарёфт кард.

Рамзи “Саҳифаи расмӣ”, бо “голочка”-и нилгун нишон дода шуда, ишораи махсусест, ки саҳифаи аслии афроди шинохта, ширкат ё брендро аз қалбакии он ҷудо месозад. Ин рамзро чеҳраҳои шинохтаи ҷомеа, (ҳунармандон, мусиқанавозон, варзишгарон, сиёсатмадорон), ВАО (рӯзнома, телевизион, радио), ширкатҳое, ки тамғаи молии худро доранд, дарёфт карда метавонанд.

Беҳрӯз Зеваров мегӯяд, баъди ба шӯъбаи ВИП-и "Одноклассники" муроҷиат кардан соҳиби “саҳифаи расмӣ” шудааст. “Онҳо тамоми маълумотҳоро санҷида, рамзи “галочка”-и нилгунро ба саҳифаи ман часпонданд”,-афзуд ӯ.


Вернуться назад