Главная > Хабарҳои ҷаҳон > Нашри китоби 15-килоӣ дар бораи Пеле

Нашри китоби 15-килоӣ дар бораи Пеле


18 октябр 2013, 09:50. Разместил: MG
Дар Бразилия китоби наве дар мавиди футболбози маъруф - Пеле ба нашр расид.

Ин китоб, ки «1283» (шумораи голҳои задаи Пеле) ном дорад, 15 кило вазн доштааст. Ба иттилои хабаргузории “Франс-Пресс”, расми муаррифии он бо ширкати Пелеи 72-сола ҷараён гирифтааст.

Китоб аз 500 саҳифа иборат буда, дар он 500 акс чоп шудааст. “1283”-ро бо теъдоди 1283 нашр кардаанд.

Китоби мазкур дар ду шакл чоп шудааст. Арзиши шакли “оддӣ”-и он 1700 доллар буда, нашри вижаи он, ки соядасти Пелеро дорад, 2600 доллар фурӯхта мешавад.

Пелеи маъруф дар тимҳои “Сантос”-и Бразилия ва «Ню-Йорк Космос»-и Амрико бозӣ кардааст. Дар ҳайати тими миллии Бразилия 92 маротиба ба майдон баромада, 77 гол задааст. Ӯ ҳамроҳ бо мунтахаби Бразилия се маротиба дар Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол (солҳои 1958, 1962 ва 1970) ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт.

Вернуться назад